Сиёсат

Шарти Ардуғон барои оштӣ бо Миср

Давлати Туркия шарти оштӣ бо низоми ҳоким бар Мисрро «лағви ҳукми эъдоми раҳбарони Ихвонул-муслимин» аз ҷумла Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар, эълом кард.

Ба гузориши рӯзномаи «Ҷумҳурият«-и Туркия, пешнависи тафоҳумнома байни давлатҳои Туркия ва Миср таҳия шудааст. Ин тафоҳумнома бо ҳадафи беҳбуди равобит байни Онкоро ва Қоҳира таҳия шудааст.

Дар ин ёддошти тафоҳум, давлати Онкоро омодагии худро барои қабул ва ба расмият шинохтани низоми ҳоким дар ин кишвар ба раёсати Абдулфаттоҳ ас-Сисиӣ танҳо дар сурати қабул ва мувофиқати давлати Миср бо як шарт ва хостаи давлати Туркия, эълом мекунад.

Шарти Ардуғон барои Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба манзури аз саргирии равобит байни ду кишвар, «лағви иҷрои тамоми аҳкоми эъдоми содира дар ҳаққи сарони ҷамоати Ихвонул-муслимини Миср» аст, ки аз сӯйи давлати Қоҳира ин ҷамоат як гурӯҳи «теруристӣ» муаррифӣ шудааст.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият«-и Туркия дар ин бора навишт: «Ин ёддошти тафоҳумро кишвари подшоҳии Арабистони Саудӣ таҳия ва тадорук дидааст, то аз ин тариқ оштӣ байни Туркия ва Миср муҳаққақ шавад, ҳол ин ки ин равобит баъд аз ба вуҷуд омадани таниш дар равобити фимобайн дар соли 2013 дучори мушкили шадид шуда буд

Ба навиштаи ин рӯзнома, «бар асоси ин ёддошти тафоҳуми таҳияшуда, қарор аст давлати Туркия низоми Мисрро ба раёсати Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба расмият бишносад ва дар муқобил, давлати Миср бояд тамоми аҳкоми эъдоми содира дар ҳаққи раҳбарон ва сарони ҷамоати Ихвонул-муслимин ва дар раъси онҳо шахси Муҳаммад Мурсиро лағв кунад

Пештар низ манобеи хабарӣ аз талошҳои суратгирифта аз сӯйи давлати Арабистони Саудӣ барои баргузории дидори оштӣ байни Туркия ва Миср хабар дода буданд.

Расонаҳо эълом карда буданд, ки мақомоти Саудӣ талош мекунанд, байни Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ва Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ҳамтои мисрии вай, дар моҳи апрели оянда дидоре ба ин манзур баргузор кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.