Перейти к содержимому

Ҷанҷоли интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ

Беш аз 20 сол мешавад, ки раҳбарони кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ба далели заъфи мухолифонашон ва бетафовутии сиёсии мардум, зимоми ҳукуматро дар даст доранд.

Дар чанд соли оянда кишварҳои Осиёи Марказӣ шоҳиди интиқоли қудрат хоҳанд буд. Албатта ин мавзӯъ бештар ба кишварҳое таъаллуқ мегирад, ки руасои ҷумҳурашон ба далели куҳулати синнӣ бояд аз қудрат канор бираванд.

Танҳо Қирғизистон кишваре аст, ки дар робита ба баҳси интиқоли қудрат вазъияти рӯшане дошта ва Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури 60-солаи он эълом карда, ки қасд надорад иқдом ба тағйири Қонуни Асосӣ ба хотири бақои худ дар раъси қудрат кунад, балки бо поёни давраи қонунии 6-сола канор хоҳад рафт.

Мавзӯи интиқоли қудрат бештар ба Ӯзбакистон ва Қазоқистон бармегардад, ки яке раисҷумҳури 78-сола ва дигарӣ 76-сола дорад.

Коршиносон ва таҳлилгарон мӯътақиданд, ки Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев охирин давраи риёсати ҷумҳурии худро пушти сар мегузоранд, дар ҳоле ки нисбат ба ҷонишинонашон тасмими рӯшане нагирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар қиёс бо Каримов ва Назарбоев, синни камтаре дорад (64 сол), вале беш аз 2 даҳа аст, ки дар раъси қудрат қарор гирифта ва эҳтимоли бақои вай баъд аз соли 2020 низ (замони баргузории интихоботи баъдӣ) баъид дониста намешавад.

Ба эътиқоди бештари таҳлилгарон, Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури 59-солаи Туркманистон, ки дуввумин давраи риёсати ҷумҳуриро пушти сар мегузорад, дар интихоботи соли 2017 низ номзадии худро муаррифӣ хоҳад кард.

Зимнан, тайи ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон иттифоқе рух дод, ки ҳикоят аз таваҷҷӯҳи вижаи раисиҷумҳури ин кишвар ба мавзӯи тадовуми қудрат баъди соли 2020-ро бозгӯ мекунад.

Порлумони ин кишвар қонуни «Пешвои миллат»-ро ба тасвиб расонд, ки тибқи он, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойгоҳе фаротар аз риёсати ҷумҳурӣ қарор гирифт.

Ба эътиқоди коршиносони сиёсӣ, Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба эҳтимоли бурузи чолишҳои иқтисодӣ ва амниятӣ дар солҳои наздик ва эҷоди монеаҳое барои тадовуми қудрати худ, ба тасвиби қонуни ёдшуда тавассути порлумони Тоҷикистон иқдом кард, то дар ҳар сурат тазмини бақои қудраташро дошта бошад. Дар ин робита қарор аст, дар ояндаи наздик Қонуни Асосии Тоҷикистон низ ислоҳ шавад.

Бар асоси назари коршиносон, ҳамзамон бо матраҳ шудани мавзӯи «Пешвои миллат» дар Қонуни Асосии Тоҷикистон, ҳамчунин синни муҷози номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аз 35 сол ба 30 сол коҳиш дода хоҳад шуд.

Ҳадаф аз ин мавзӯъ боз кардани роҳ барои Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар интихоботи соли 2020 аст. Агар мавзӯи синни номзадҳои интихобот бидуни тағйир бимонад, пас писари Раҳмон, ки дар интихоботи соли 2020 беш аз 33 сол нахоҳад дошт, аз имкони ширкат маҳрум хоҳад шуд.

Албатта, ислоҳи Қонуни Асосӣ сурат хоҳад гирифт, аммо ба унвони номзади интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ шудани писари Раҳмон дар сурате аст, ки худи Раҳмон ба далоиле (вазъияти номуносиби саломатӣ ва ё фишорҳои берунӣ ва ба хусус Русия) натавонад дар раъси қудрат боқӣ бимонад. Дар чунин шароите қудратро ба писараш вогузор хоҳад кард, вале амалан ба унвони «Пешвои миллат» бар умури Тоҷикистон мудирият хоҳад дошт.

Фиреб дар баргузории интихоботи озодона

Ҳарчанд барномаи ҳеч як аз руасои ҷумҳури дигари Осиёи Марказӣ дар хусуси идома ва ё вогузории қудрат (ба сурати маврусӣ ва ё ғайри маврусӣ) чандон рӯшан нест, аммо бидуни тардид тасмими марбут ба интиқоли қудрат дар ин кишварҳо аз сӯйи ҳалқаи бисёр маҳдуди нухбагон гирифта хоҳад шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба шароити хосси ҳар кишваре, намояндагони бонуфузи гурӯҳҳои қавмӣ ва минтақаӣ метавонанд дар ин тасмим мушорикат дошта бошанд, то аз ин тариқ ба тазмини ба истилоҳ риояти қоъидаи бозӣ ва ҳифзи манофеи худ итминон ёбанд.

Баргузории интихобот фақат лояи зоҳирии қазия аст, то «озод ва демукросӣ» будани раванди интиқоли қудратро ба намоиш бигузорад. Собиқаи чунин иқдоме дар Озарбойҷон ва Туркманистон вуҷуд дошта ва ҷавоб ҳам додааст.

Албатта ин сенорию дар сурате имконпазир аст, ки ҳаддиақал вазъият ба ҳамин минвол идома дошта бошад. Аммо шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии минтақа дар масире қарор гирифта, ки эҳтимолан то фаро расидани марҳилаи интиқоли қудрат, мушкилот ба сурати ҷиддитаре домани нухбагони ҳокими ин кишварҳоро хоҳад гирифт.

Дар ин шароит ҳар навъ бесуботии иқтисодӣ ва амниятӣ имкони ҳалқаи маҳдуди нухбагон барои гирифтани тасмиме, ки битавонад ҳамаи намояндагони ақшор ва гурӯҳҳои ҷомеаро розӣ нигоҳ дорад, сахттар хоҳад шуд.

Ин мавзӯъ боиси бурузи ихтилофи бештари нухбагон дар робита ба ишғоли курсии риёсати ҷумҳурӣ ва дарёфти саҳми муносиби худ аз манобеи молӣ ва иқтисодӣ хоҳад шуд.

Пеш омадани чунин вазъияте боиси иддаои соири гурӯҳҳо (аҳзоби сиёсӣ, ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва ҳатто ҷараёни ифрот, ки сол ба сол нуфузи худ дар ҷавомеи кишварҳои минтақаро тақвият мекунад) барои бозӣ кардани нақш дар ин фароянд хоҳад шуд.

Эҳтимоли ҳарҷу марҷи сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақа

Бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи Қирғизистон дар хусуси интиқоли қудрат аз роҳи соқит кардани руасои ҷумҳур (дар соли 2005 ва 2010), шароити фавқ метавонад кишварҳои минтақаро вориди марҳилаи ҳарҷу марҷи сиёсӣ ва амниятӣ кунад.

Ин масъала эҳтимоли тазъиф ва ҳатто фурӯпошии аҳруми қудратро, ки тайи беш аз ду даҳа сарони Осиёи Марказӣ сохта буданд, дар пай хоҳад дошт.

Дар ин шароит, барои мудириятҳои феълии кишварҳои минтақа ду гузина вуҷуд хоҳад дошт: яке, фароҳам кардани шароит барои интихоботи озод ва демукротики риёсати ҷумҳурӣ бо ҳузури номзадҳои воқеӣ — аъам аз давлатӣ ва мухолиф — ки албатта баъид аст ба истиснои Қирғизистон, кишвари дигаре ин гузинаро бипазирад, ва дигар, таъйини «ҷонишин», то нухбагони кишварҳо самту сӯи ҳаракати баъдии қудратро шинохта ва бо ворид шудан ба таъомулот барои ояндаи худ, нигаронии хоссе надошта бошанд.

Ба назар мерасад, ки интихоби ин гузина аз сӯи раҳбарони феълии кишварҳои минтақа ба маротиб ба воқеъият наздиктар аст, ки мавзӯи таъйини «ҷонишин» дар ҳудуди як сол ё 6 моҳ қабл аз баргузории интихобот (интихобот дар замони қонунӣ ва ё ба сурати зудҳангом) сурат хоҳад гирифт, то гурӯҳҳои нухбаи қавмӣ ва минтақаии ин кишварҳо дар робита ба ояндаи худ нигаронӣ надошта бошанд ва руасои ҷумҳури феълӣ низ бо канор гузоштани қудрат амнияти худро тазмин кунанд.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: