Перейти к содержимому

Ҷанг барои «ислом»

Таҳлиле дар нашрияи Foreign Policy

Saudi-Iranian-Flags-570x285Аз замони ҷанги Ироқ то кунун, кашмакашҳои фирқаӣ миёни шиъа ва суннӣ, ба яке аз муҳимтарин ихтилофҳои сиёсӣ дар Ховари Миёна табдил шудааст. Ин ихтилофот ҷангҳои мутаъаддидеро дар Лубнон, Сурия, Ироқ ва Яман бапо карда ва мунҷар ба эҳёи ифротгароӣ, бурузи ДОЪИШ ва ташдиди ихтилофҳо миёни Эрон ва Арабистон шудааст.

Агарчӣ ихтилофи шиъа ва суннӣ собиқаи дерина дорад ва ба қарнҳо пеш бозмегардад, аммо фирқагароиро набояд ба унвони кашмакаше қаламдод кард, ки аз мантиқи мудерн табаъият намекунад. Кашмакашҳои хушунатбори ҷорӣ дар Ховари Миёна, падидае мудерн ва маҳсули сиёсати муосир аст.

Аввалин шӯълаҳои фирқагароӣ дар Ховари Миёна ба исломгароӣ бозмегардад. Ин идеулужӣ, ки дар даҳаи сеюми қарни 20-ум шакл гирифт, ба дунболи як давлати исломии идеол бар пояи қавонини ислом ва шариат буд. Аммо давлати исломӣ дар нигоҳи шиъа ва суннӣ мутафовит аст.

Дар ҳоле ки умдаи ҷамъияти Сурияро сунниҳо шакл медоданд, давлат дар дасти ақаллияти алавиён буд. Дар Баҳрайн ва Ироқ низ, ки умдаи ҷамъият аҳли ташайюъ буданд, сунниҳо қудратро дар даст доштанд.

Бо ишғоли Ироқ дар 2003 ва бурузи «баҳори арабӣ» дар 2011, назми ҷаҳони араб ба чолиш кашида шуд ва фирқагароии пинҳон дар лояҳо фурсати нумуд пайдо кард. Шиъаёни Ироқ ва Баҳрайн ва сунниҳои Сурия хостори тағйир дар вазъияти давлати худ шуданд.

Аз замони ҷанги Ироқ, манофеи фирқаӣ бар гуфтумони сиёсии минтақа ҳоким шудааст. Афкори умумии минтақа дар мавриди инки бӯҳрон дар кадом минтақа ҷиддитар аст ва саркӯбҳо дар кадом қисмат аз Ховари Миёна шадидтар аст, ихтилофи назар доранд. Дар ҳоле ки Риёз ва Қоҳира саркӯбҳоро дар Сурия барҷаста мекарданд, Теҳрон ва Бағдод саркӯби шиъаён дар Баҳрайнро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медоданд. Ҳатто Туркияи ба зоҳир секулор низ аз ҷиҳатгириҳои фирқаӣ фориғ набуд.

Ҳокимони кишварҳои араб, аз фирқагароӣ барои шикаст додани хости умумии тағйир истифода карданд. Ин рӯйкард ҷунбишҳои мухолифро беш аз пеш аз якдигар дур кард ва умеди расидан ба ваҳдатро аз миён бурд. Ин истротежии давлатҳо барои бақои хеш, бо ҳазинаҳои сангине рӯ ба рӯ шуд.

Дар ҳоле ки Баҳрайн тавонист бо муваффақият нерӯҳои шиъаи худро саркӯб кунад, Ироқ ва Сурия даргири ҷанги дохилӣ шуданд. Ин ҷангҳо масирро барои шаклгирии ДОЪИШ фароҳам кард.

Таҳаввул дар чашмандози фирқагароӣ, дар пасзаминаи рақобати қудратҳои минтақаии Ховари Миёна дар ҳоли анҷом аст. Адами тамоюли Омрико ба даргир шудан дар минтақа дар канори фурӯ пошидани назми минтақаӣ, мунҷар ба ташдиди рақобат миёни қудратҳои бузурги минтақа яъне Эрон, Арабистон ва Туркия шудааст. Ҳар як аз ин тарафҳо талош мекунанд, ки дар халаъи ба вуҷудомада, саҳми бештареро азони худ кунанд ва манофеи хешро пеш бибаранд. Арабистон муддаъӣ аст, ки бар сари ду чиз муъомила намекунад: идеулужӣ ва амнияти Арабистон. Аввалин маврид аз сӯйи ташайюъ ва дуввумин маврид аз сӯйи Эрон ба чолиш кашида шудааст.

Тавофуқи ҳастаӣ низ бар оташи ихтилофот дамидааст. Арабистон ин тавофуқро ба манзилаи гардиши Вошингтун ба сӯйи Эрон талаққӣ мекунад. Ин гардиш на танҳо мавқеияти Эрон, балки мавқеияти ташайюъро дар минтақа тақвият мекунад.

Кашмакашҳои фирқаӣ ба қадре дар шароити ҳозир бо сиёсати минтақаӣ даромехта, ки баъид аст ба ин зудӣ фурӯкаш кунад. Дар миёни ҳокимони Ховари Миёна низ ҳеч талоши ҷиддӣ мабнӣ бар поён додан ба ин ихтилофот мушоҳида намешавад. Эрон ва Арабистон вориди ҷанги мустақим бо якдигар нахоҳанд шуд, аммо ин ду кишвар дар ҳар саҳнаи мумкин, барои дифоъ аз манофеи хеш муқобили якдигар қарор хоҳанд гирифт.

Яке аз этимолоте, ки дар мавриди поёни ин рақобатҳо матраҳ мешавад, тамаркузи ҳар як аз тарафайн (Эрон ва Арабистони Саудӣ) бар ислоҳоти дохилӣ ба ҷойи рақобати минтақаӣ аст. Аммо дар ҳоли ҳозир чунин чашмандозе дар ҳеч як аз ду кишвар мушоҳида намешавад.

Тамаркузи Ғарб дар мавриди Ховари Миёна, рӯйи мавзӯи ДОЪИШ ва ҷанги Сурия аст. Аммо инҳо танҳо бахше аз мушкили бузурги Ховари Миёна ҳастанд. Ҳатто поёни муваффақиятомези ҷанги Сурия низ наметавонад рақобати Эрон ва Арабистон ва кашмакашҳои фирқаиро дар ин минтақа аз миён бардорад.

Суоле, ки дар инҷо матраҳ мешавад ин аст, ки ин чархаи маъюб саранҷом куҷо ба поён мерасад? Ховари Миёна ба назме ҷадид ниёз дорад, аммо бунёнҳои минтақа мутаҳаввил шудаанд. Шиъаён бори дигар ба дунболи ҷойгоҳи воқеии худ дар минтақа ҳастанд, инзивои Эрон аз миён рафтааст ва Арабистон ва бисёре аз кишварҳои араби минтақа хостори бозгашт ба вазъияти пеш аз ҷанги Ироқ ҳастанд.

Ба назар мерасад, ки замони он фаро расидааст, ки бо воқеияти ҷадиди минтақа рӯ ба рӯ шавем: дар Ховари Миёнаи ҷадид ҷойгоҳи Эрон болотар аст. То замоне ки минтақа худро бо ин воқеияти муҳим татбиқ надиҳад, Ховари Миёна сулҳро ба худ нахоҳад дид ва рақобатҳои Эрон ва Арабистон низ поён нахоҳад ёфт.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: