Сиёсат

Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳизби аксарият дар Маҷлис шуд

Ҳизби Наҳзати Исломии Тунис ҳоизи аксарияти курсӣ дар Маҷлиси ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Фавзия бен Физза, ноиби раиси Маҷлиси Тунис эълом кард: «22 нафар аз намояндагони Маҷлис, ки аъзои ҳизби «Нидоъи Тунис» буданд, ба далели низоъҳои дарунӣ, аз ин ҳизб ҷудо шуданд ва ҳизби ҷадиде бо номи «Алҳурра» (Озод) ташкил доданд

Ҳизби «Нидои Тунис»-ро Албоҷӣ Қоид Ассибсӣ, раисиҷумҳури Тунис таъсис кард ва пеш аз ин низ дар пайи ҷудоии Ассибсӣ аз ин ҳизб, тазъиф шуда буд. Ассибсӣ пас аз расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар декабри 2014, мутобиқи Қонуни Асосӣ муҷоз ба узвият дар ҳеч ҳизбе набуд ва аз ҳизби «Нидои Тунис» ҷудо шуд.

Бо ҷудо шудани ин 22 намоянда аз ҳизби «Нидои Тунис», шумори намояндагони ин ҳизб дар маҷлиси Тунис ба 64 нафар коҳиш ёфт, дар ҳоле ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ 69 курсӣ дорад.

Аксарияти порлумони Тунис дар ҳоле дар ихтиёри Ҳизби Наҳзати Исломӣ қарор гирифт, ки ин кишвар ҳафтаи гузашта шоҳиди нооромиҳое буд. Нооромиҳо аз якшанбеи гузашта дар шаҳри Қасрин ҳингоме оғоз шуд, ки як ҷавони тунисии бозмонда аз истихдоми давлатӣ, дар иқдоме эътирозомез аз дакали барқ боло рафт ва дучори барқгирифтагӣ шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.