Сиёсат

«Тасарруфи ахири чанд нафар ба шиддат маҳкум аст»

777555Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон бо судури баёнияе, бо маҳкум кардани тасарруфи ахири чанд нафар аз аъзои «Гурӯҳи 24», эълом кардааст, «кадри раҳбарии «Гурӯҳи-24″ — ки таҳти ин Анҷуман фаъолият мекунад — афроди собиқ мебошанд, яъне Шарофиддин Гадоев раҳбари ин гурӯҳ ва Собир Валиев муовини вай.»

Дар ин баёния, ки Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ин анҷуман дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир кардааст, омада, Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон пас аз баррасии таҳаввулоти ахир ва тасарруфоти худсаронаи чанд нафар аз аъзо эълом мекунад: «Мо ҳамеша даъват ба ваҳдат ва самимият дошта, ҷонибдори иттиҳод ва якпорчагии миллат будем ва ҳастем ва мемонем

Баёния меафзояд: «Тасмими чанд нафари ангуштшумор ба номи «Гурӯҳи-24» мабнӣ бар ҷобаҷоии кадрӣ, бидуни ҳамоҳангӣ бо раҳбарияти Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, ин тағийироти кадрӣ аз назари раҳбарияти Анҷуман ба ҳеч ваҷҳ ба расмият шинохта намешавад ва аз назари Анҷуман, кадри раҳбарии «Гурӯҳи-24» — ки таҳти ин Анҷуман фаъолият мекунад — афроди собиқ мебошанд; яъне Шарофиддин Гадоев раҳбари ин гурӯҳ ва Собир Валиев муовини вай

Тибқи ин баёния, аз назари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, «ҳар гуна эьломия ва баёнияе, ки аз номи «Гурӯҳи-24» бидуни мувофиқати Шарофиддин Гадоев, раҳбари ин гурӯҳ ва муовини вай Собир Валиев, содир бишавад, нишондиҳандаи мавзеъи расмии «Гурӯҳи-24» намебошад

Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар идомаи баёния худ, бо баёни ин ки ин анҷуман «тасарруфи худсаронаи чанд нафари ангуштшуморро ба шиддат маҳкум карда ва онро дар ҷиҳати ихтилофафканӣ ва тафриқа байни муборизон ва аъзои Анҷуман меҳисобад» афзудааст: «Хабари мунташиршуда дар сайти Анҷуман мабнӣ бар тағйироти кадрӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо раҳбарияти Анҷуман мунташир шуда ва Анҷуман эълом медорад, ин сайт феълан дар ихтиёри рахнагарон қарор дорад. Номи онҳоро ҷуз рахнагар чизе гуфтан мумкин нест. Бинобар ин, то иттилоъи баъдӣ, ҳар хабар ва гузориш ва баёния, ки дар ин сайт мунташир мешавад, аз назари Анҷуман ғайри расмӣ ба шумор меравад

Баёния дар поён таъкид кардааст: «Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ба ҳамаи аъзо ва ҷавонони ҳаводори ин Анҷуман ва низ хамаи ононе, ки ташнаи дигаргунӣ ва тағйиротанд, эълон мекунад, ки ҳаргиз нигарон набошанд. Муборизаи мо бо қувват ва шиддати бештаре идома дошта, ҳаргиз тафриқаафканиҳои ғаразварзон моро аз идомаи фаъолият ва мубориза бознамедорад, хусусан инки ин услуб ва равишҳо барои мо шинохташуда ва аз ҳамаи онҳо сарбаландона убур кардаем

Гуфтанист, дирӯз баёнияе мунташир шуд мабнӣ бар ин ки Шӯрои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шарофиддин Гадоев ва Собир Валиевро аз роҳбарӣ ва муовинати ин гурӯҳ сабукдӯш ва ба ҷояшон Сӯҳроб Зафарро ба унвони раҳбари «Гурӯҳи 24» ва Ҳусейн Ашӯровро ба ҳайси муовини вай интихоб кардааст. Шарофиддин Гадоев дар вокуниш ба ин баёния, дар сафҳаи худ дар Фейсбук ин амалро «табаддулоти дохилӣ» қаламдод кард.

1 ответ »

  1. Чаро Гадоев. Ш дар мудати шаш мох бо мардум сухбат накард??
    Пас аз рахмонов чи фарк доштаст.
    Мо бахотири худкомахо хестем дар ин рохи мубориза. Дар мо ин намуд сардор даркор нест.
    Дар мо одаме даркор ки пешрави шавад ва мардум хар вакте хостан уро дарёфт кунанд.
    Ба мисли Хочи Умарали Куватов. Р Ъ

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.