Сиёсат

Собир Валиев: «Хуруҷи чанд нафар аз саффи Гурӯҳи-24, бароямон як дарс шуд»

543423Собир Валиев, муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ва муовини раҳбари «Гурӯҳи-24», дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Кимиёи саодат, бо баёни ин ки «хуруҷи чанд нафари ангуштшумор аз саффи «Гурӯҳи-24″ бароямон як дарс шуд», изҳор дошт: «Бароямон маълум шуд, ки мо хеле камбудӣ доштаем. Мо бояд коре кунем, ки бемориҳое, ки ҳукуматдорони кунунӣ доранд, мухолифон надошта бошанд. Бояд ҷавонони мубориз аз хислатҳое ҳамчун ҳасодат, мансабпарастӣ, маҳалгароӣ ва кинаҳо парҳез кунанд. Ва ин вазифаи мост, ки онҳоро тарбият кунем.»

Инак, машрӯҳи гуфтугӯи Кимиёи саодат бо Собир Валиев:

— Нахустин суоли мо дар бораи моҷарои ахири дудастагӣ дар «Гурӯҳи-24» аст. Мешавад андаке ба тафсил инро бароямон шарҳ диҳед? Моҷаро чӣ буд?

— Аввалан, пеш аз ҷавоб ба суоли шумо инро бигӯям ва ҳама бидонанд, ки «Гурӯҳи-24» ҳамон гурӯҳи пешина аст ва ҳеч дудастагӣ дар он эҷод нашудааст, ман бо калимаи дудастагӣ мувофиқ нестам, баъзеҳо як ҳангомаи беҳуда дар Фейсбук сар додаанд ва баъзе расонаҳо низ ба он доман заданд. Балки ҳамон тавр ки дар ёддоштам дар Фейсбук навишта будам, як табаддулот шуд, он ҳам аз тарафи чанд нафари ангуштшумор, ки ҳеч таъсире ҳам надорад. Вале ҳозир алҳамду лиллоҳ ҳама чиз ба ҷои худаш баргашта ва мо дар «Гурӯҳи-24» ба фаъолияти худ идома дода истодаем.

Дар бораи моҷаро бароятон бигӯям, ки вақте ман дар Брюссел дар нишасти намояндагони парлумони Иттиҳодияи Аврупо бо ҳизбҳо ва ҷомеаҳои мадании кишварҳои Осиёи Миёна иштирок доштам, баъд аз он нишаст, якбора дар Фейсбук хондам, ки чанд нафар эълон кардаанд, ки гӯё дар «Гурӯҳи-24» тағйирот эҷод шуда ва раҳбар ва муовинашро сабукдӯш карда будаанд. Он ҳам бидуни ягон хабар бо бародар Шарофиддин Гадоев раҳбари гурӯҳ ва муовини вай, ки банда ҳастам. Номи ин корро фақат метавон табаддулот гузошт. Ҷаласаи он чанд нафар тибқи ойинномаи дохилии мо ҳеч расмият надорад.

— Далели он азизон дар сабукдӯш кардани шумо чӣ буд? Бедалел, ки намешавад.

— Воқеан бедалел аст. Нигоҳ кунед, ин чанд нафар гуфтаанд, ки сабабаш набудани Шарофиддин Гадоев будааст. Кӣ мегӯяд, ки ӯ набуд?! Ӯ буд, бечора мариз буд, ва бемориаш ҳам сахт буд. Вале мо эълом намекардем. Ӯ корҳояшро ба ман яъне муовинаш вогузор карда буд ва банда ба вазифаам амал мекардам ва ҳама ҳам инро медонанд. Аммо ин ки эълон накардем бемории вайро, ба хотири ин буд, ки душманонамон хурсанд нашаванд. Ман бо Шарофиддин дар тамоси доимӣ будам, барояш гузориш медодам фаъолиятҳоро. Баъд, оё ин ноҷавонмардӣ нест, ки вақте раҳбари шумо бемор аст, ба ҷои ҳамдардӣ, бо вай инчунин муомила кунед?

Сониян, бо Шарофиддин ин хел муомилаи бисёр бад шуд, аммо бо муовини вай чаро? Магар банда ба вазифаам амал намекардам? Оё ягон далел доранд, ки банда ба вазифаҳоям амал накарда бошам?

Албатта, ин суханонро барои он чанд нафари ангуштшумор мегӯям, вагарна Худоро шукр аксарияти «Гурӯҳи-24» бо кори онҳо мувофиқ нестанд ва ба шиддат маҳкум карданд.

Ва аз ҳама муҳим, оё айб нест, ки барои мансаб ва вазифа, ин ихтилоф ва тафриқаро роҳ андохтанд? Оё шарм намедоранд аз ин кор? Ва асосан, барои кадом мансаб шумо ин кори бадро кардед? Оё фақат ба хотири ин ки дар Фейсбук ва Зелло яке аз шуморо раис ва дигаритонро муовин гӯянд? Ин чанд нафар фикр кардаанд, ки ҳамаи дунё дар фазои маҷозӣ ва Зелло хулоса шудааст ва дунёи ҳақиқиро фаромӯш кардаанд. Чашмонатонро кушоед. Дунё, фазои маҷозӣ нест. Воқеан бо ин кор худашонро шарманда карданд.

Албатта, чуноне ки гуфтам, ин корҳо таъсир надоранд ва мо бо ҳамон қуввати пештара ва балки бештар, ба корамон идома медиҳем. Агар ин чанд нафари ангуштшумор ҳадафи аслии худро фаромӯш карда бошанд, вале мо фаромӯш накардаем ва ба роҳамон идома медиҳем.

Инро ҳам бигӯям, ки «Гурӯҳи-24» зери Анҷумани нерӯҳои созанда фаъолият мекунад. Ин чанд нафари ангуштшумор барои чӣ бо раҳбари Анҷуман маслиҳат накарданд? Ақаллан бо Устод Додоҷон Атовуллоев маслиҳат мекарданд. Худи Устод ҳам мисли дигарон аз тариқи Фейсбук хабардор шуд, намедонист.

— Хуб, дар сойти Анҷумани нерӯҳои созанда ин хабар мунташир шуд.

— Ин ҳам ҷои аҷоибӣ аст. Яке аз бародарон рамзи сайтро ба Нуриддин дода буд, ба вай эътимод карда буд. Зеро ки мо намедонистем инҳо қасди табаддулот доштаанд. Аммо Нуриддин ҳам шарм надошта ба амонат хиёнат кард ва худсарона ва бидуни маслиҳат бо раҳбари Анҷуман, дар сайти расмии Анҷуман ин хабарро пахш кард. Як корҳои аҷибу ғариб.

— Суоли дигар дар бораи Анҷуман аст. Имрӯз баёния мунташир шуд мабнӣ бар як саре тағйирот. Оё метавонед бароямон дар бораи ин тағйирот тавзеҳ диҳед?

— Бале, чуноне ки дар баёния омадааст, мо қасд дорем, баъзе тағйироти сохторӣ ворид кунем. Қарор аст, дар таркиби Анҷуман чанд нафар аз нухбагони сиёсӣ ва равшанфикрон ва бонувони ватандӯсту мубориз дохил шаванд. Анҷумани мо дараш барои ҳама боз аст. Мо мехоҳем, аз ҳамаи ақшори ҷомеа узв дошта бошем. Анҷумани мо як созмони комилан демократӣ аст.

Ва инчунин қасд дорем, дар Иттиҳодияи Аврупо ва Федерацияи Россия барои ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон чанд шӯъбаи ҳуқуқӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар доир кунем, ки аллакай дар ин бобат барои таъсиси он дар Аврупо баъзе корҳоро анҷом додем. Банда ба ҳамроҳи раҳбари Анҷуман дар дидорҳои ахир, ки бо намояндагони парлумони Аврупо доштем, дар ин бора сӯҳбат кардем.

Қарори дигар дар бораи таъсиси як радиои мардумӣ аст, ки имшаб соати 8 расман эълон мешавад. Қасд дорем, бо даъват аз нухбаҳо барномаҳои мухталифе дар ин радио анҷом диҳем. Талоши мо ин аст, ки радиои ҷадид он камбудиҳое, ки дар радиои пештара буд, надошта бошад.

Хуруҷи ин чанд нафари ангуштшумор аз саффи «Гурӯҳи-24», бароямон як дарс шуд. Бароямон маълум шуд, ки мо хеле камбудӣ доштаем. Мо бояд коре кунем, ки бемориҳое, ки ҳукуматдорони кунунӣ доранд, мухолифон надошта бошанд. Бояд ҷавонони мубориз аз хислатҳое ҳамчун ҳасодат, мансабпарастӣ, маҳалгароӣ ва кинаҳо парҳез кунанд. Ва ин вазифаи мост, ки онҳоро тарбият кунем.

— Оё имкон дорад, ки касоне ки ба гуфтаи шумо табаддулот карданд, ба саффи шумо аз нав баргарданд?

— Ин ихтиёри онҳост. Агар хостанд, баргарданд. Дарҳои мо ба ҳама боз аст. Вале ба шарте ки худро ислоҳ кунанд ва худро аз беморҳои мансабпарастӣ ва кина ва ҳасодатҳо дур кунанд.

— Ташаккури ҷаноби Собир Валиев!

— Саломат бошед!

1 ответ »

  1. Салом ба ҳампгон
    Рости банда яке аз мухлисони шумо будам ва баъд аз ин моҷаро хело афсус кардам ва бо имони комил баён медорам ки агар имруз шумо ин кучактарин масъаларо ҳал карда натонед беҳтар аст дуруғҳо набофед ва ба як мулоқоти Иттиҳоди Аврупо инқадар нахра накунед зеро сарчашмаи ин табодулот аввал худи Собир Валиев мебошад ва баад Додоҷон Атовулоев. Шумо фаромуш накунед ИА шуморо ҳеҷгоҳ иззат нахоҳад дод. Худпарасти ва шахспарасти ва мансабдусдрри дар худи шумо дида мешавад. Ту Валиев агар воқеан муборизи бо имон мебуди инқадар аз номи Гадоев дуруғ намегуфти ки у бемор аст. Ту ҳамаи инро медони ки у 6 моҳ дар бистар набуд ва сабаби дурииаш фишорҳои ҳукумат буд. Ва худи ту аз рузҳои аввал ин фитнаро мехости то гуш ба гуши мардум ҳарф мезади. Ҳозир ҳам бошад аҳ Аллоҳ бииарс ки иззат аз ҷониби уст на аз ҷониби Додоҷон. Агар ин корро анҷом додед хуб шумо муборизи ҳақталаб ва мо мухлиси шумо набошад зуд аст ки Он зоте ки аз қалбҳои мову шумо хабар дорад иззаташро аз болои шумо бардорад.
    Аллоҳ ҳамаи моёнро тавфиқ диҳад Омин.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.