Пароканда

Қарори ахири Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон

Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки Додоҷон Атовуллоев раҳбарии онро бар ӯҳда дорад, дар баёнияе эълом кард: «Анҷуман дар қаламрави Иттиҳодияи Урупо ва Федерацияи Россия барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони Тоҷикистон чанд шӯъбаи ҳуқуқӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон доир хоҳад кард

Дар ин баёния, ки Додоҷон Атовуллоев дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир карда, омадааст:

Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон дар нишасте бо аъзо ва фаъолон қарорҳои зеринро қабул кард:

1. Анҷуман худро хонаи ҳамаи мардуми ватандӯст, ислохотхохи кишвари азизамон Тоҷикистон дониста ва дар роҳи пиёда кардани ормонхои мардуми шарифи кишвар бо ҳамаи муборизон ҳамкорӣ хоҳад кард;

2. Анҷуман Шӯрои сиёсии худро аз нав таъсис намуда, дар таркиби худ чанд нафар аз нухбагони сиёсӣ ва равшанфикрони ҷомеъа ва бонувони ватандӯсту муборизро дарбар хоҳад дошт;

3. Анҷуман дар садади роҳандозии як шабакаи телевизиюнӣ аст, аммо феълан як радиои мардумӣ роҳандозӣ намуда ва барномаҳои худро аз ин тариқ ба самъи шаҳрвандони азизамон мерасонад. Ба зудӣ ин радио эълом хоҳад шуд;

4. Анҷуман дар қаламрави Иттиҳодияи Урупо ва Федерацияи Россия барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони Тоҷикистон чанд шӯъбаи ҳуқуқӣ ва созмонхои дифоъ аз хукуки мухочирон доир хоҳад кард;

5. Муҳаммад Расул ( Муҳаммад МММ ) ҷонишини раҳбари Анҷуман таъйин гардид ва то муайян гардидани сохтори Анҷуман, тамоми масъулият бар дӯши ӯст;

6. Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон дар пайи як тағйироти куллии сохторӣ аст. Мо ба донишмандон, интеллектуалҳо ва шахсиятҳои варзида дар соҳаҳои гуногун: иқтисод, сиёсат, ҳуқуқ, мудирият ва ғайра ниёз дорем. Агар шумо худатон хоҳиш доред ва ё шахсеро тавсия менамоед, аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба мо хабар бирасонед. Орзумандем, ки Анҷуман осмоне пур аз ситораҳои дурахшон бошад!

1 ответ »

  1. муовини до до до есмс мардумро фиреб дода руйашро нишон намедихад рузе мушкило

    т пешояд мардумеки руйхояшонро нишон додан зиндон мераванд ва есмс бо рахмонов кормекунад чавонон фикур кунед

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.