Перейти к содержимому

Таҳдиди бастагони Ҷаннатуллоҳи Комил аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ

Мақомоти маҳаллӣ бастагони фаъоли сиёсӣ Ҷаннатуллоҳи Комилро таҳдид кардаанд.

Бар пояи гузориши сойти Payom, манобеи огоҳ гуфтаанд, як гурӯҳ аз мақомоти маҳалии ноҳияи Данғара ба хонаи падарии Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъоли сиёсӣ, воқеъ дар Себистони ноҳияи Данғара рафта, ҳушдор додаанд, ки дар сурати даст накашидани Ҷаннатуллоҳ аз интиқоди ҳукумат, онҳо модари пиронсоли Ҷаннатуллоҳ ба ҳамроҳи дигар аъзои ин оиларо барои сӯҳбат ба КДАМ-и Душанбе даъват хоҳанд кард.

Тибқи ин гузориш, модари пиронсоли Ҷаннатуллоҳ ҳамон зани тоҷик аст, ки «боевикҳо» дар солҳои навадум шавҳар ва як писари 30-солаашро дар пеши чашмонаш парронданд.

Ин барои бори аввал нест, ки бо бастагони фаъолони сиёсӣ чунин иқдомҳои ноҷавонмардона аз сӯйи маъмурони амниятӣ сурат мегирад.

Payom менависад, наздикони Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ, аз ҷумла падари 95-солааш борҳо барои «сӯҳбат» даъват шудаанд ва ҳатто мақомот ин мӯйсафеди 95-соларо аз сафар ба хориҷ боздоштанд.

Ҳамчунин, падари Бобоҷони Қаюмзод, фаъоли сиёсӣ ва узви раёсати олии ҲНИТ ва модари Маҳмудҷон Файзраҳмонов, фаъоли дигари сиёсӣ ба ҳамроҳи янга ва бародари ноболиғи мактахонаш борҳо барои «сӯҳбат» ба шӯъбаҳои маҳаллии амният ва ба Душанбе оварда шуда буданд. Афзун бар ин, аз Фирӯза Файзраҳмонова, янгаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва фарзандони ширхораш (Фирӯза), ки қасди сафар ба Маскав доштанд, як рӯз пеш аз сафарашон паспортҳои хориҷиашонро гирифтанд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидабони ҳуқуқи башар, чунин бархӯрди мақомоти тоҷик бо кӯдакони ноболиғ ва пиронсолон ба хотири фаъолияти сиёсии наздиконашонро маҳкум ва ғайриинсонӣ донистаанд. Дидабони ҳуқуқи башар гуфтааст, ин амали мақомот гаравгонгирӣ аст.

Тибқи ин гузориш, ҳамзамон фаъолон ва зиёиёни тоҷик ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гаравгонгирии хешовандон бо ҳадафи фишор болои фаъолон тавассути ҳукуматро амали ноҷавонмардона ва мухолиф ба арзишҳои миллии тоҷикон арзиёбӣ карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: