Перейти к содержимому

Боздошти густардаи намозгузорон дар шаҳри Хуҷанд

Шаби гузашта кормандони Кумитаи амният ва пулиси шаҳри Хуҷанд вориди масҷиди «Тути калон»-и ин шаҳр ҳангоми баргузории намози хуфтан шуда, тамоми намозгузорони ин масҷидро боздошт карданд.

Ба гузориши сойти Payom, манбаи огоҳ дар ин бора гуфтааст, шумори афроди боздоштшуда ҳудуди 30 нафар буда, аксаран ҷавонон будаанд. Тибқи ин гузориш, ҳанӯз маълум нест онҳоро ба куҷо бурдаанд. Бастагони ҷавонони боздоштшуда аз субҳ дар ҷустуҷӯи эшонанд, аммо то ҳанӯз пайдо накардаанд.

Payom дар гузориши худ афзудааст, як манбаи огоҳи дигар иттилоъ дод, ки бегоҳи чоршанбе амниятиҳо ва пулис дар деҳаи Рӯмон ҳам кулли намозхонҳои як масҷидро баъди намози шом боздошт намуда, ба маконе номаълум бурдаанд. Намозгузорони ин масҷид ҳам аксаран ҷавонон ва ришдор будаанд. Ҳанӯз аз макони будубоши онҳо ҳам иттилое нест. Хонаводаи онҳо аз рафтан ба идораҳои пулису амният хаста шудаанд, аммо то ҳанӯз ҳеҷ нафаре аз он боздоштшудагон раҳо нашудаанд.

Манобеи мазкур гуфтанд, ҷавонони Хуҷанд ба гумони ин ки маъракаи риштарошӣ хотима ёфтааст, бори дигар ба ришмонӣ оғоз карда буданд.

Payom менависад, ба назар мерасад, маъракаи нави мубориза бо ислом дар ҳоли оғозёбист; чун аксари иқдомоти зиддидинии ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир аз Хуҷанд ва вилояти Суғд оғоз мешаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: