Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (86)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (46)

* * *

Талаб кардани уммати Исо – алайҳиссалом – аз умаро, ки валиаҳд аз шумо кадом аст? (1)

* * *

Баъди моҳе гуфт халқ: эй меҳтарон!

Аз амирон кист бар ҷояш нишон?

Пас аз гузашти як моҳ, мардум гуфтанд: эй бузургон! Аз миёни шумо чӣ касе ҷонишини он вазир аст?

То ба ҷойи ӯ шиносемаш имем,

Дасту доманро ба дасти ӯ диҳем.

То ӯро ба ҷойи он вазир пешвои худ созем ва дасти байъат ва иродат ба ӯ диҳем ва саропо таслими амри ӯ шавем.

Нукта: Мутобиқи русуми сӯфия, пас аз вафоти шайх, нисбат ба ҷонишини ӯ таҷдиди байъат мекунанд. Ин амалро сӯфиён «байъати валавийя» номанд.

Мавлоно ва бисёре аз шоирони порсигӯй, тибқи қоъидаи «имола», калимаеро ба сурати аслӣ менависанд ва онро бо калимаи дигар қофия мекунанд. Масалан, дар инҷо калимаи «имом» ба сурати аслиаш навишта шуда ва бо калимаи «диҳем» қофия шудааст. Ва возеҳ аст, ки «имом»-ро дар инҷо бояд «имем» хонд. «Имола» ба маънои майл додан ва баргардондан аст. Ин аввалин маврид дар байтҳои Маснавӣ аст, ки тибқи қоъидаи «имола» қофиясозӣ шудааст.

Чунки шуд хуршеду моро кард доғ,

Чора набвад бар мақоми ӯ чароғ.

Ҳол, ки хуршеди илму маърифат аз даст рафтааст, чорае ҷуз ин нест, ки ба ҷойи он, чароғе қарор диҳем.

Нукта: Ин ташбеҳ ҳокӣ аз ин аст, ки сулук бидуни роҳбар ва муршид мақдур нест. Ва ин матлабе аст, ки тақрибан мавриди иттифоқи ҷамиъи тариқаҳо ва силсилаҳои сӯфия аст.

Чунки шуд аз пеши дида васли ёр,

Ноибе бояд аз ӯмон ёдгор.

Акнун, ки аз дидори ёр маҳрум гаштаем, бояд ҷонишине пайдо кунем, ки ёдгори ӯ бошад.

Чунки гул бигзашту гулшан шуд хароб,

Бӯйи гулро аз кӣ ёбем? Аз гулоб.

Масалан, вақте ки фасли гул сипарӣ шуд ва гулзор ҳам вайрон гашт, бӯйи гулро бояд аз чӣ касе биҷӯйем? Мусалламан, бояд аз гулоб биҷӯйем; зеро гулоб ҷонишини гул аст.

Нукта: Ҳамин тавр пас аз анбиё ва авлиё бояд роиҳаҳои маънавии илму маърифати ононро аз ҷонишинони онон шамид.

Чун Худо андар наёяд дар аён,

Ноиби ҳаққанд ин пайғамбарон.

Чун Худованд ҳаргиз ба чашм дарнамеояд, яъне чун Худо маҳсус ва малмус нест, анбиё ноиби ӯ ҳастанд дар миёни мардум, ва Ҳақ Таъоло ба василаи эшон улум ва асрори худро ба мардум мерасонад.

Нукта: Аз он рӯ, ки анбиё ва авлиё ойинаи сифоти илоҳӣ ҳастанд, мардум бо авсофи ҳамидаи эшон ононро сармашқи худ мекунанд ва бо ташаббуҳ ба онон, ба сӯйи камол ҳаракат мекунанд.

На, ғалат гуфтам, ки ноиб бо мануб,

Гар ду пиндорӣ, қабеҳ ояд, на хуб.

На! Инки гуфтам, анбиё ва авлиё ноиби ҳазрати Ҳаққанд, ҳарфи дурусте набуд. Чун дар он сурат, дугонагӣ пеш меояд, дар ҳоле ки онон ба таври комил дар ҳақиқати илоҳӣ фонӣ шудаанд ва ҳамаи осор ва русуми башарии худро дар Ҳақ маҳв кардаанд. Бинобар ин, агар ноиб (паёмбарон ва авлиё)-ро аз мануб (Худованд) ҷудо кунӣ, кори зиште анҷом додаӣ, на коре хуб. (Чунон ки дар ояти 80 сураи муборакаи Нисо омадааст, ки: «Ҳар кӣ аз паёмбар итоат кунад, аз Худо итоат кардааст…«)

Мануб: ниёбат кардашуда, касе ки ноибе барои худ дорад.

Нукта: Дар мисроъи аввал, агар ҳарфи «на» ба мобаъдаш васл шавад, маънои байт чунин аст: ман иштибоҳ накардам агар гуфтам байни ноиб ва мануб дугонагӣ нест. Ва агар «на»-ро аз мобаъдаш ҷудо бихонем, маъно ҳамон аст, ки гузашт. Ин байт ва байтҳои баъдӣ дар баёни иттиҳоди зоҳир ва мазҳар ва ваҳдати нурии Ҳақ ва халқ аст.

На, ду бошад то туӣ суратпараст,

Пеши ӯ як гашт, к-аз сурат бираст.

На! Модом ки ту суратпараст ва зоҳиргаро ҳастӣ, ноиб бо мануб дар назарат дугона ҷилва кунанд ва ту он дуро аз ҳам ҷудо хоҳӣ дид. Вале касе ки аз олами зоҳир ва сурат раҳида ва ба олами маъно пайвастааст, ноиб ва манубро яке мебинад. (Пас, ҷудоии Ҳақ ва инсони комил эътиборӣ аст, на ҳақиқӣ).

Чун ба сурат бингарӣ, чашми ту дуст,

Ту ба нураш дарнигар, к-аз чашм руст.

Ба унвони мисол, агар ту ба чеҳраат нигоҳ кунӣ, хоҳӣ дид, ки ду чашм дорӣ, вале ту ба нури чашмат, ки аз он падид омада нигоҳ кун.

Нукта: Ду чашм аз ҳам ҷудо нестанд, зеро як корро анҷом медиҳанд, ва он, дидани ашё аст. Ҳамин тавр миёни анбиё ва авлиё ваҳдати томму тамоме ҳоким аст. Онон ҳарчанд колбадҳо ва асомии мутаъаддиде доранд, вале ҷамиъи онон як корро анҷом медиҳанд, ва он, инъикоси нури ҳақиқат аст. Аммо зоҳирпарастон ононро аз ҳам ҷудо мекунанд ва ҷанги ҳафтоду ду миллат барпо медоранд.

Нури ҳар ду чашм натвон фарқ кард,

Чунки дар нураш назар андохт мард.

Агар одамӣ ба нури чашмҳо диққат кунад, он дуро яке мебинад ва наметавонад миёни он ду тафовуте қоил шавад.

Нукта: Дубинӣ зоидаи таваҷҷӯҳ ба суратҳои хориҷӣ ва намудҳои ҳиссӣ ва ғафлат аз олами маъност.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.