Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (87)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (47)

* * *

Талаб кардани уммати Исо – алайҳиссалом – аз умаро, ки валиаҳд аз шумо кадом аст? (2)

* * *

Даҳ чароғ ар ҳозир ояд дар макон,

Ҳар яке бошад ба сурат ғайри он.

Мисоли дигар: агар даҳ чароғ дар як макон бошад ва зоҳири онҳо бо ҳам ихтилоф дошта бошад. (Ин байт шарт ва байти баъдӣ ҷавоби шарт аст.)

Фарқ натвон кард нури ҳар яке,

Чун ба нураш рӯй орӣ бе шаке.

Чун ба нури он чароғҳо назар кунӣ, бе гумон наметавонӣ онҳоро аз ҳам ҷудо кунӣ.

Нукта: Анбиё ва авлиё ба ҳар дине, ки таъаллуқ дошта бошанд, чун ҳомили нури ҳақиқатанд, ҳеч фарқе миёни онон нест. Аммо ҷоҳилони мутаассиб он мавҷудоти муборакро аз ҳам ҷудо мекунанд ва низои вайронгар ба роҳ меандозанд.

Гар ту сад себу сад обӣ бишмурӣ,

Сад намонад, як шавад чун бифшурӣ.

Мисоли дигар: агар ту сад себ ва сад беҳро бишуморӣ, мусалламан мутаъаддид ҷилва кунанд. Вале агар ҳамаи онҳоро бифишорӣ ва оби онҳоро бигирӣ, хоҳӣ дид, ки таъаддуди онҳо аз байн меравад ва яке мешаванд.

Обӣ: беҳ (ё биҳӣ), мевае, ки шабеҳи себ аст.

Дар маъонӣ қисмату аъдод нест,

Дар маъонӣ таҷзия в-афрод нест.

Зеро ки дар умури маънавӣ усулан тақсиму таҷзия ва фарду завҷ вуҷуд надорад ва ин мақулот мухтасси олами маҳсусот аст.

Иттиҳоди ёр бо ёрон х(в)аш аст,

Пойи маънӣ гир, сурат саркаш аст.

Ваҳдат миёни дӯстон хушиовар аст ва асҳоби сафо ва ёрони вафо аз ҳам ҷудо нестанд. Ба маъно таваҷҷӯҳ дошта бош, ки сурат тафриқаангез аст.

Нукта: Солики роҳи Ҳақ бояд Иброҳимвор бути суратро бишканад, зеро суратпарастӣ маншаи ҳамаи низоъҳо ва ситезаҳои вайронгар аст ва ҷамиъи таъассуботи кӯру бунёнкан, аз сурат ва суратпарастӣ реша мегирад.

Сурати саркаш гудозон кун ба ранҷ,

То бибинӣ зери ӯ ваҳдат чу ганҷ.

Сурати маъноситезро бояд бо оташи риёзат завб кунӣ. Ва ҳамин ки чандгонагиро маҳв кардӣ, дар зери вайрониҳои он, ганҷе биёбӣ ба номи ваҳдат.

Нукта: Аҳли сулук роҳи раҳоӣ аз суратпарастӣ ва таъассуботи қишрӣ ва «ману «моӣ»-ро мубориза бо амёл ва орзуҳои беасос донистаанд.

В-ар ту нагдозӣ, иноятҳои Ӯ

Худ гудозад, эй дилам мавлои Ӯ!

Агар ту эй суратпараст, суратҳои ҳақситезро завб накунӣ, иноятҳои Худованд онҳоро завб хоҳад кард, эй Худованде, ки дилам банда ва ғуломи туст!

Мавло: дар инҷо ба маънои ғулом ва банда аст. Мавло ҳамчунин ба маънои оқо ва сарвар ҳам меояд.

Нукта: Вусул ба қурби илоҳӣ ба ду ваҷҳ анҷом шавад: яке касбӣ ва дигаре ваҳбӣ. Висоли касбӣ он аст, ки солик бо адои фаризаҳо ва нофилаҳо, аз олами сурат раҳо шавад. Ва висоли ваҳбӣ он аст, ки солик бо тоъоту риёзот натавонад ба висоли Ҳақ расад. Дар ин ҳангом ҷазаба ва инояте аз боргоҳи илоҳӣ даррасад ва ӯро аз қайди сурат бираҳонад, чунон ки дар ҳадис омада: «Ҷазабае аз Худованди Раҳмон баробар аст бо ҷидду ҷаҳди ҷинну инс.» (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.1, с.396). Ваҷҳи дигар: агар бо мавти иродӣ аз суратпарастӣ нараҳӣ, Худованд бо мавти иҷборӣ туро аз доми сурат бираҳонад.

Ӯ намояд ҳам ба дилҳо хешро,

Ӯ бидӯзад хирқаи дарвешро.

Он Худо аз рӯйи лутфу ҳуббу азалии худ, ҳам худро ба дилҳои рӯшан нишон медиҳад ва ҳам хирқаи дарвешро медӯзад.

Нукта: Хирқа дар инҷо киноя аз қалб аст ва дӯхтан киноя аз ин аст, ки ҷудоӣ ва фироқи қалби дарвешон ва муҳиббони худро ба висол мубаддал мефармояд. Устод Фурӯзонфар гӯяд: «Байти дуввум агарчӣ мутаммими аввал аст, вале метавонад ишора ба мазҳаби таҷаллӣ низ бошад, ки ба ҳукми он, Ҳақ Таъоло маъшуқи хеш аст ва ба иқтизои маъшуқият, ҷамоли хешро дар ҷилва меорад.» (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.282).

Ҳол муносиб аст баҳсе ҳам дошта бошем дар бораи хирқа. Хирқа аз харқ (шикофтан ва даридан) муштақ шудааст. Ва чун ҷомае, ки аҳли тасаввуф бояд бипӯшанд, кӯҳна ва мундарас бошад, ба ин навъ ҷома истилоҳан хирқа гӯянд. Ва ин рамзе аст аз пора кардани риштаҳои таъаллуқоти нафсонӣ ва шаҳавоти дунёӣ. (Футувватномаи Султонӣ, с.151-152). Аммо дарвеши ҳақиқӣ ва сӯфии ростин танҳо он кас нест, ки ба сурати онон дарояд ва ба шакли зоҳир таваҷҷӯҳ кунад, балки бояд авсофи худро ба некӣ дароварад.

Сӯфиён барои пӯшидани хирқа фоидаҳое баршумурдаанд, ки аз он ҷумла аст:

1. Ҳар гоҳ соҳиби хирқа ба порагӣ ва кӯҳнагии он дарнигарад, аз ғурур ва гарданфарозӣ ва худбинӣ ба дарояд ва хоксор ва мункасир шавад. Ва чун ба мақоме расид, ки кӯҳнаву нав дар назараш яксон омад, аз тазоҳур ва риё ва худнамоӣ ва зуҳдфурӯшӣ бипарҳезад ва ҷомаи нав ва фохирро рӯ бипӯшад ва пашминаи хашинро дар зер; чунон ки маъруф аст, ки ҳазрати Имом Содиқ (а) ҳамеша палосе хашин дар зер ва ҷомеае нарм ва фохир рӯ мепӯшид ва вақте сабаби онро пурсиданд, фармуд: ин пашмина ва палосро барои мухолифат бо нафс мепӯшам ва ин ҷомаи нармро барои анзори мардумон. (Маноқибус-сӯфия, с.55)

2. Дуввум он ки вақте мурид худро ба хирқа меорояд, муҳайё мешавад, ки ботинан низ худро таҳти таълим ва тасарруфи пир қарор диҳад. (Мисбоҳул-ҳидоя, с.149)

Хирқа ба ду навъ аст: яке, хирқаи иродат ва дигаре хирқаи табаррук. Тафсили он тӯлонист, ки бояд дар ҷои худаш дар бораи он сӯҳбат бишавад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.