Пароканда

Назари коршиноси тоҷик дар бораи Инқилоби Исломии Эрон

Ба баҳонаи 37-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон

13941016000257_PhotoAКоршиноси сиёсии тоҷик гуфт: «Унсури Ислом бо инқилоби Эрон ба сиёсат ва таомулоти ҷаҳонӣ роҳ пайдо ёфт ва пуч будани бовари таҳлилгарони байналмилалӣ, ки бидуни такя ба яке аз ду қутби ҳоким бар дунё наметавон давом овард-ро собит кард.»

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси тоҷик, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс дар Душанбе, Инқилоби Исломии Эронро аз бузургтарин рухдодҳои торихи муосир донист, ки раванди таҳаввулоти ахирро таҳти таъсир қарор додааст.

Исмоилиён, бо ишора ба таъсири Инқилоби Исломӣ дар тағйири навъи нигоҳи миллатҳо нисбат ба Ислом ва мусалмонон, изҳор дошт: «Дар замони ҷанги сард ва дуқутбӣ будани дунё ҳеч иттифоқи муҳимме хориҷ аз иродаи Шӯравӣ ва Омрико рух намедод, вале Инқилоби Исломии Эрон ба унвони як таҳаввули азими сиёсӣ ва маънавӣ ба сурати комилан мустақил ба вуқӯъ пайваст ва бепоя будани бовари таҳлилгарони байналмилалӣ дар ин хусус, ки бидуни такя ба яке аз ду қутби ҳоким бар дунё наметавон давом овард-ро собит кард. Ин мавзӯъ на танҳо мусалмонон, балки соири ақвом ва миллатҳои ҷаҳонро таҳти таъсири ҷиддӣ қарор дод

Вай, пойбандӣ ба усул ва арзишҳои ҷомеаи исломиро унсуре муҳим дар таъсиргузории Инқилоб баршумурд ва идома дод: «Муҳимтарин паёми Инқилоб барои миллатҳои мусалмон ва ғайри мусалмон ин буд ва ҳаст, ки агар мардум ваҳдат, якпорчагӣ ва эътимоди ба нафс дошта бошанд ва подоши ҷоннисориҳои худро барои сарбаландии миллат ва кишвар аз Худо бихоҳанд, ҳеч нерӯе ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ қодир ба шикасти онҳо нахоҳанд буд

Вай идома дод: «Ин эътимод ва бовар буд, ки раванди ҳувиятхоҳии исломиро тақвият кард ва мусалмонон беш аз ҳар замони дигаре хостори истиқлол шуданд, ки таҳаввулоти солҳои ахири ҷаҳони ислом бо ин мавзӯъ муртабит мебошад. Албатта барои мунҳариф кардани масири ҳувиятхоҳии исломии мардум, барномаҳои зиёде рӯйи даст гирифта шуд, ки эҷоди гурӯҳҳои мутаъаддиди ифрот ва теруристӣ бо номи «исломӣ» дақиқан дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст

Таъсири мунҳасир ба фарди Инқилоб бар мусалмонон

Исмоилиён, дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ таъкид кард: «Бояд ба ин нуктаи муҳим ишора шавад, ки тақвияти раванди ҳувиятхоҳии исломӣ дар ҷаҳони муосир бо Инқилоби Исломии Эрон иртиботи мустақим дорад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ҳеч рӯйдоди дигаре рӯйи афкори мусалмонон, ки ба тадриҷ мунҷар ба Бедории Исломӣ шуд, ба мизони Инқилоби Исломии Эрон таъсиргузор набудааст

Исмоилиён идома дод: «Албатта Ғарб ва муттаҳидони минтақаии он тайи беш аз севу ним даҳаи гузашта алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи андешаҳои инқилобии Эрон ба соири кишаврҳои ҷаҳон ҳамвора иқдом карданд

Вай гуфт: «Ҷанги 8-солаи таҳмилӣ, терури раҳбарон ва шахсиятҳои радаи аввали мудириятии кишвар, эъмоли таҳримҳои сангин ва тӯлонӣ, тафриқаафканиҳои мазҳабӣ ва ғайра, аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки бо ҳадафи шикаст додани Инқилоб сурат гирифтаанд, аммо ба далели раҳбарии ҳакимонаи Имом Хумайнӣ (р) ва идомаи мудаббирона ва ҳушмандонаи масир аз сӯйи Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамаи тарҳҳо ва тарфандҳои душманони Эрон хунсо ва нақши бар об шуд

Вай, ҷомеияти усул ва арзишҳои исломиро, ки барои ҳамаи мусалмонон қобили қабул мебошад, аз дигар далоили муваффақияти Инқилоб донист ва афзуд: «Ҷомеияти усул ва арзишҳост, ки аҳаммияти Инқилоби Исломии Эронро аз марзҳои ҷуғрофиёӣ фаротар бурд ва на танҳо ҷаҳони Ислом, балки ғайри мусалмононро низ таҳти таъсири зиёде қарор дод. Аз ин нигоҳ, таҳаввулоте, ки тайи беш аз 3 даҳаи гузашта дар ҷаҳони Ислом ба вуқӯъ пайваст, бо Инқилоби Исломӣ иртибот дорад

Эътимод ба нафс аз баракоти Инқилоб аст

Ин коршиноси тоҷик идома дод: «Вижагии Инқилоби Исломии Эрон дар он аст, ки Исломро ба унвони дини ҷомеъ, пӯё ва мутаносиб бо шароити имрӯз муаррифӣ кард ва дар таҷрибаи умри 37-солаи худ барои ҳар гуна чолиш ва мушкилот роҳкоре муносиб ироа дод

Вай гуфт: «Мардуми Эрон эътимод ба нафсе мисолзаданӣ доранд, онон таҳти ҳеч шароите на танҳо фишорҳои хориҷиро намепазиранд, балки қудратҳоро водор ба шунидан ва пазируфтани ҳарфҳояш мекунад, ки ин масъала, аз баракоти Инқилоб ва мактаби Имом Хумайнӣ (р) аст

Исмоилиён, бо баёни ин ки дар афкори сиёсии ҷаҳони имрӯз номи Эрон тавъам бо Ислом аст, тасреҳ кард: «Акнун дар сиёсат ва таомулоти ҷаҳонӣ унсури Ислом мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода мешавад, ки ин масъала аз бузургтарин самароти Инқилоби Исломии Эрон аст

Вай, таваҷҷӯҳ ба масоили аслии ҷаҳони Исломро аз дигар вижагиҳои Инқилоби Исломӣ донист ва гуфт: «Эъломи ҳафтаи Ваҳдат ва таъйини ҷумъаи охири моҳи Рамазон ба унвони «Рӯзи Қудс», ду ибтикори арзишманде буд, ки ин Инқилоб ба ҷаҳони Ислом арза кард, ҳамчунин то вуқӯи Инқилоби Исломӣ мавзӯи Фаластин сирфан як мавзӯи қавмӣ байни аъроб ва яҳуд дониста мешуд, вале Имом Хумайнӣ (р) буд, ки дифоъ аз Қудсро ба дайн ва вазифаи уммати исломӣ табдил дод

Роҳбурди беназири ҳукуматии Имом (р)

Исмоилиён, зимни ишора ба роҳбурди ҳукуматии Имом Хумайнӣ (р) хотирнишон кард: «Инқилоби Исломии Эрон барои коршиносони масоили Инқилоб ғайри қобили интизор буд ва бо назарияҳои матраҳи Инқилоб интибоқи чандоне надошт

Вай афзуд: «Барои нахсутин бор дар қарни муосир буд, ки идеулужии исломӣ барои мудирияти кишвар (ва он ҳам кишваре, ки таҳти таъсири мустақими ҷаҳони ғайри исломӣ қарор дошт) вориди саҳна шуд ва на танҳо муваффақиятҳои бисёр зиёде касб кард, балки бар хилофи мухолифатҳои шадиди Шарқу Ғарб, нақши динро дар сиёсатгузориҳои ҷаҳон ба яке аз аносури муҳим ва ғайри қобили инкор табдил дод

Исмоилиён гуфт: «Ваҷҳи имтиёзи раҳбарии Имом (р) бар Инқилоби Исломӣ дар он буд, ки ҷудо аз баҳси вуҷуди иродаи бисёр қотеъ, супурдани ҳастии худ барои хидмат ба Ислом ва ба курсии иззат ва азамат нишондани онро таклифи илоҳӣ медонист ва нисбат ба ҳақ будани масири интихобии хеш заррае шакку тардид надошт

Вай таъкид кард: «Ин нияти холис ва эътимод ба нафси Имом (р) буд, ки на танҳо ба бахше аз ҷомеа, балки ба кулли миллати Эрон ҷуръате дод, ки дар ниҳоят ба ҳаракати азим ва шикастнопазири Инқилоби Исломӣ табдил шуд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.