Пароканда

«Инқилоби Эрон, улгуи воқеии истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодӣ аст»

Ба баҳонаи 37-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон

Ёддошти Игор Панкратенко, коршиноси сиёсии рус

Имрӯз ҳар муҳаққиқе ба торихи қабл аз Инқилоби Исломии Эрон таваҷҷӯҳ кунад, вуқӯи он дар 37 соли пешро иҷтинобнопазир хоҳад ёфт. Ҳарчанд акнун низ дар бархе аз маҳофили хосс дар робита бо «даврони Шоҳ» эҳсоси нустолжӣ мекунанд ва муддаӣ мешаванд, ки агар режими Паҳлавӣ боқӣ мемонд, ҳама чиз хуб буд ва кишвар шомили «доираи мутамаддин» мешуд ва мардум дар рифоҳи комил ба сар мебурданд.

Албатта касоне, ки ин ҳарфро мезананд, ҳофизаи бисёр кӯтоҳе доранд. Паёмадҳои сиёсӣ ва иқтисодии фаъолияти ҳукумати Шоҳ ва султаи хориҷӣ дар Эрон, ба сурате буд, ки бар хилофи рушди бесобиқаи даромадҳои миллӣ аз ноҳияи тавлиди болои нафт ва афзоиши сареъи қимати он, дороии миллат беш аз пеш ғорат ва шароити зиндагии аксарияти мутлақи ҷамъият бадтар мешуд.

Ҳимояти иҷтимоӣ аз мардум вуҷуд надошт ва режим ба таври комил дар фасод фурӯ рафта буд ва бисёре аз ҷавонон ба ҷуз табдил шудан ба инсонҳои «навъи дуюм», ҳеч гуна чашмандози дигаре надоштанд. Инқилоб на ба далели «тавтиъаи руҳоният», балки бино бар он рух дод, ки мардумро то ҷое дар тангно ва фишор қарор доданд, ки дигар таҳаммули онро надоштанд ва забони ҳолашон ин буд, ки «дигар бас аст!»

Ҳузури ақшор ва гурӯҳҳои мухталиф дар Инқилоби Исломӣ

Дар тамоми мароҳили Инқилоби Исломӣ ҳамаи гурӯҳҳо, ақшор ва табақоти ҷомеа — аъам аз коргарон ва кишоварзон, занон ва мардон, кормандони давлат, рӯшанфикрон, руҳониюн, туҷҷор, донишҷӯён ва донишомӯзон, сарбозон, сокинони шаҳр ва дуруфтодатарини рустоҳо — ба таври фаъол ширкат карданд.

Тазоҳуроти торихии чанд милюн нафарии солҳои 1978-1979 дар иди Рамазон ва азодории Ошӯро ва ҳамчунин мушорикати густардаи мардум дар истиқбол аз бозгашти Имом Хумайнӣ (р) аз табъид, намунаи бесобиқае аз ваҳдати миллии эрониён буд.

Барои шинохти нақш ва ҳузури мардумӣ дар Инқилоби Исломӣ, кофист ба ин мавзӯъ ишора шавад, ки дар Инқилоби Фаронса ва Инқилоби Русия камтар аз 2 дарсади ҷамъияти ин кишварҳо ҳузур ёфтанд, ки умдатан сокинони пойтахтҳо буданд.

Инҷо зикри бархе аз оморро лозим медонам. Тайи 5 сол (1972-1977) ҳукумати Шоҳ аз фурӯши нафт 100 милёрд дулор ба даст оварда буд, ки наздик ба 80 милёрд аз он ҷиҳати хариди силоҳи гаронқимат ва махориҷи артиш ва пулиси махфӣ ҳазина шуд.

Пас чӣ тавр метавон муддаии «ба фикри мардум будан»-и он режим шуд? Аз ин воқеият наметавон чашм пӯшид, ки Эрон дар даврони Шоҳ истиқлоле аз худ надошт, ки суди фавқулъода болои ширкатҳои чандмиллиятии фаъол дар он мавқеъ дар кишвар, ин амрро комилан таъйид мекунад.

Барои ин ширкатҳо ба даст овардани даромади 400-500 дарсадӣ бобати сармоягузориҳои худ амре бисёр оддӣ буд, ки чунин иттифоқе фақат дар сурати султаи низоми истеъмори нав имкон дошт.

Аз ин ҷост, ки инқилоби шукӯҳманди исломӣ ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (р) на танҳо алайҳи Шоҳ, балки беш аз он, зидди империёлизм (қабл аз ҳамаи зидди Омрико) ва истеъмори нав буд. Ба ин далел аст, ки бо нигоҳе хориҷӣ, онро инқилоб алайҳи абарқудратати ҷаҳон ва империёлизм медонанд.

Инқилоби Исломӣ манофеи Омрико ва Ғарбро ба чолиш кашид

Дар воқеъ Инқилоби Исломии Эрон буд, ки барои аввалин бор дар торихи муосири кишварҳои дар ҳоли тавсиъаи Шарқ, ба сурати возеҳ ва ошкор, равиши зиндагии омрикоӣ ва низоми иқтисодии Ғарбро ба чолиш кашид. Ин инқилоб ба мардуми кишварҳои дар ҳоли тавсиъа улгуи мубориза барои истиқлоли воқеии сиёсӣ ва иқтисодиро ироа дод. Ба ҳамин далел аст, ки он нороҳатиҳои бешумор ва мухолифатҳои шадиди Ғарб ва вобастагонашон дар Ховари Наздик ва Миёнаро ба бор овард.

Эрон ҳамчунин пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ роҳи душвор ва пурпечу хамеро пушти сар гузошт. Роҳе, ки дар он ҳам иштибоҳот ва ҳам хун, ҳам хиёнат ва ҳам намунаҳои беназир аз худгузаштагӣ вуҷуд дошт ва дорад. Шояд мешуд аз бархе аз чизҳо иҷтиноб кард ва баъзе аз корҳоро ба сурати дигар анҷом дод, вале аз ин мантиқ наметавон чашм пӯшид, ки барои касоне ки барои нахустин бор роҳ боз мекунанд, гоҳе пеш омадани саҳву иштибоҳ амре иҷтинобнопазир аст.

Нуктаи поёнӣ ин ки ҷойгоҳе, ки Эрони имрӯз дар ҷаҳон дорад ва ин ки дар қалби миллатҳои мухталифи дунё ҷой гирифтааст, беҳтарин таъйид бар беҳуда набудани қурбонӣ доданҳо ва таҳаммули сахтиҳо мебошад.

Мардуми бузурги Эрон инқилоби бузурги исломиро ба самар расонданд ва акнун кишвар вориди марҳилаи ҷадиди тавсиъа шудааст, ки дар он аз иқтисод гирифта то иктишофоти фазоӣ ва энержии ҳастаӣ ва ғайра, нақши пешрави Эрон дар равобити байналмилалӣ амре возеҳ ва мубарҳан аст.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.