Пароканда

Раҳбарони калисоҳои котулик ва уртудукс, пас аз 900 сол, дидор карданд

Поп Фронсис, раҳбари калисои котулик ва Потриёрк Кирил, раҳбари калисои уртудукси Русия, пас аз дидори торихӣ дар Кубо, хостори ваҳдати ин ду шохаи масеҳият шуданд ва аз ҷаҳон хостаанд, ҷилави озору азияти масеҳиёнро дар Ховари Миёна бигиранд.

Ба гузориши ВВС, аз қарни 11-уми милодӣ, ки ду шохаи ғарбӣ ва шарқии масеҳият — калисои котулики Рум ва калисои уртудукси Русия, аз ҳам ҷудо шуданд, ин нахустин бор аст, ки раҳбарони ду калисо бо ҳам дидор кардаанд.

Тибқи барномарезии қаблӣ, Поп Фронсис сари роҳи сафар ба Мексик, дар Кубо таваққуф кард ва онҷо бо Потриёрк Кирил дар фурудгоҳи Ҳовоно, пойтахти Кубо мулоқот кард.

Потриёрк Кирил, ки аз соли 2009 раҳбари калисои уртудукси Русия аст, ҳамзамон ба Кубо сафар карда буд.

Пок Фронсис аз соли 2013, ки ба раҳбарии калисои котулик расид, ҳамвора хостори равобити беҳтаре байни шохаҳои мухталифи масеҳият шудааст.

Кубо, ки мазҳаби роиҷ дар он масеҳияти котулик аст, дар даҳаҳои ахир дар ҳавзаи нуфузи Шӯравӣ ва сипас Русия будааст ва аз ин бобат ҷойи хубе барои чунин таҷдиди дидоре буд.

Ин дидор ду соат тӯл кашид ва Потриёрк Кирил онро «боз» ва «бародарона» тавсиф кард ва Поп Фронсис онро «хеле самимона» хонд.

Ин ду раҳбари масеҳӣ дар санади муштараке, ки содир карданд, дар бораи озору азияти масеҳиён дар хеле аз кишварҳои Ховари Миёна ва Офриқои шимолӣ ҳушдор додаанд, ки онҷо «хонаводаҳо, рустоҳо ва шаҳрҳои бародарон ва хоҳарони масеҳии мо ба таври комил вайрон мешавад.»

Поп Фронсис ва Потриёрк Кирил ҳамчунин гуфтаанд, барои таваққуфи мавҷи муҳоҷирати густарда аз Ироқ ва Сурия ба сӯйи Урупо, бояд кӯмакҳои башардӯстона ба таври калон ба ин манотиқ ирсол шавад.

Бо ин ки дидори ду раҳбар таҳаввуле асосӣ ба шумор меравад, аммо ду калисо ҳанӯз дар мавриди мавзӯъҳое мисли ғарби Укройн ихтилофи назар доранд. Калисои уртудукси Русия онро қаламрави худ медонад ва аз нуфузи калисои котулик дар он минтақа норозӣ аст.

Калисои уртудукси Укройн пас аз истиқлоли ин кишвар дар соли 1991, дучори шикоф шуд ва бахши бузургтари он аз дастурҳо ва фармонҳои мазҳабии калисои Русия пайравӣ мекунад.

Калисои котулик беш аз як милёрд пайрав дар саросари дунё дорад ва шумори пайравони калисои уртудукс 165 милюн нафар аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.