Ахлоқи зишт

Насиҳате аз Абӯзари Ғифорӣ (р)

Марде барои Абӯзари Ғифорӣ (р), саҳобаи ҷалилулқадри Паёмбар (с), номае навишт ва тақозои тавсияе намуд.

Абӯзар (р) ҷавоб дод:

— Агар метавонӣ, ба он ки дӯсташ дорӣ, бадӣ накун!

Ӯ гуфт:

— Магар шахсе ба касе ки дӯсташ дорад, бадӣ ҳам мекунад?

Абӯзар (р) гуфт:

— Бале, ту худатро аз ҳама чиз бештар дӯст дорӣ, вақте ки гуноҳ кардӣ, дар ҳақиқат ба худат бадӣ намудаӣ, (чаро ки гуноҳ барои инсон, ҳам зарари дунявӣ дорад ва ҳам охиратӣ).

Чунон ки дар баёне, Имом Содиқ (а) мефармояд: «Фарде гуноҳ мекунад ва дар натиҷа аз намози шаб маҳрум мешавад ва амали бад асараш дар соҳибаш, аз асари чоқу бар гӯшт бештар аст.» (Мизонул-ҳикма, ҷ.3, с.465)

Дар идома, ба баёни осори дунявӣ ва охиратии гуноҳ мепардозем:

Осор ва паёмадҳои дунявии гуноҳ

Дар Қуръони Карим ва ривоёти исломӣ осори бад ва паёмадҳои ногуворе барои гуноҳон баён шудааст. Ин осори бад мухтасс ба умури маънавӣ ва охиратӣ нест, балки гуноҳон дорои зарарҳои дунявӣ низ мебошанд. Бархе аз асарҳо вижаи як гуноҳи муайян нест, балки дар мавриди тамомии гуноҳон мебошад. Акнун ба зикри бархе аз паёмадҳои шуми гуноҳон мепардозем:

Дар Қуръони Карим, даҳҳо оят пиромуни осор ва кайфари гуноҳ омадааст, аз ҷумла:

وما اصابکم من مصیبة فبما کسبت ایدیکم ویعفوا عن کثیر

«Ва ҳар гирифторӣ, ки ба шумо расид, ба хотири аъмолест, ки анҷом додаед ва (Худо) бисёреро низ афв мекунад.» (Сураи Шӯро, ояти 30)

Паёмбари Акрам (с) мефармояд: «Беҳтарин ояти Худо дар Қуръон ҳамин оят аст.» Сипас фармуд: «Ҳар хароше, ки аз чӯбе ба инсон мерасад ва ҳар лағзиши қадаме, бар асари гуноҳест, ки аз ӯ сар задааст.» (Ҳамон манбаъ)

Маҳрумият аз рӯзӣ ва неъмат

Яке аз осори гуноҳ, ки дар зиндагии дунявӣ ошкоро дида мешавад, маҳрумият аз неъматҳо ва тангии рӯзӣ аст. Имом Содиқ (а) мефармоянд: «Гуноҳ бандаро аз рӯзӣ маҳрум месозад.» (Ҳамон манбаъ)

Алӣ (а) дар хутбаи 178-и Наҳҷул-балоға мефармояд:

وایم الله! ما کان قوم قط فى غض نعمة من عیش فزال عنهم الا بذنوب اجترحوها، لان الله لیس بظلام للعبید

«Ба Худо савганд! Ҳеч миллате аз оғӯши нозу неъмати зиндагӣ гирифта нашуд, магар ба сабаби гуноҳоне, ки муртакиб шуданд; зеро Худованд ҳаргиз ба бандагон ситам раво намедорад.» Сипас афзуд:

ولو ان الناس حین تنزل بهم النقم، وتزول عنهم النعم، فزعوا الى ربهم بصدق من نیاتهم، ووله من قلوبهم، لرد علیهم کل شارد واصلح لهم کل فاسد

«Ҳар гоҳ мардум мавқеъе, ки балоҳо нозил мешавад ва неъматҳои илоҳӣ аз онҳо салб мегардад, бо сидқи ният рӯ ба даргоҳи Худо оваранд ва бо қалбҳои оканда аз ишқу муҳаббат ба Худо, аз Ӯ дархости ҳалли мушкил кунанд, Худованд он чиро аз дасташон рафта ба онҳо бозмегардонад ва ҳар гуна фасодеро барои онҳо ислоҳ мекунад

Нузули бало

Гуноҳ мӯҷиби нузули бало ва никбат бар фард ва ҷомеаи гунаҳкор аст. Имом Боқир (а) фармуд: «Ҳеч ранҷу мусибате ба банда намерасад, магар ба сабаби гуноҳе ва (тоза) он чиро Худо мебахшояд бештар аст.» (Ҳамон манбаъ)

Мақсуд аз ин иборат ин аст, ки ҳар гуноҳе метавонад мӯҷиби ранҷу мусибат барои гунаҳкор бошад, вале Худованд ба раҳмати худ, бисёре аз гуноҳонро мебахшояд ва дар асари онҳо мусибате нозил намефармояд.

Кӯтоҳии умр

Қуръони Карим дар чандин оят ба ин матлаб ишора мефармояд:

فَأَهْلَكْنَاهُم بِذُنُوبِهِمْ

«Онҳоро ба хотири гуноҳонашон нобуд сохтем.» (Сураи Анъом, ояти 6)

فَتِلْكَ بُیُوتُهُمْ خَاوِیَةً بِمَا ظَلَمُوا

«Ин хонаҳои онҳост, ки ба хотири зулму ситамашон холӣ мондааст.» (Сураи Намл, ояти 52)

مِمَّا خَطِیئَاتِهِمْ أُغْرِقُوا

«Онҳо ба хотири гуноҳон ғарқ шуданд.» (Сураи Нуҳ, ояти 25)

Гуноҳ боиси камборонӣ мешавад

Гунаҳкории як қавм мӯҷиби камборонии минтақаи онҳо мешавад. Имом Боқир (а) мефармояд: «Ҳеч соле камборонтар аз соли дигар намешавад, вале Худованд он (борон)-ро дар ҳар маконе, ки бихоҳад қарор медиҳад. Ҳамоно ҳангоме ки қавме муртакиби гуноҳон шаванд, Худованд миқдори боронеро, ки дар он сол барои онҳо муқаддар карда буда, ба ақвоми дигар (мерасонад). (Ҳамон манбаъ)

Гуноҳ неъматро тағйир медиҳад

Ҳазрати Алӣ (а) дар дуои Кумайл мефармояд:

اللهم اغفر لی الذنوب الّتی تغیر النعم

«Худоё! Биёмурз гуноҳонеро, ки боиси тағйири неъматҳо мешаванд!»

Оятҳои Қуръон ва ривоёт, гирифтани неъматро ба гуноҳи бандагон нисбат медиҳанд. Худованд мефармояд:

أَوَ لَمْ یَسِیرُوا فِی الْأَرْضِ فَیَنظُرُوا كَیْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِینَ كَانُوا مِن قَبْلِهِمْ كَانُوا هُمْ أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَآثَارًا فِی الْأَرْضِ فَأَخَذَهُمُ اللَّهُ بِذُنُوبِهِمْ

«Оё дар замин гардиш намекунед, то бингаред, ки чӣ гуна буд саранҷоми касоне ки пеш аз эшон буданд ва нерӯ ва осорашон дар замин беш аз инҳо буд ва Худо онҳоро ба гуноҳонашон баргирифт?» (Сураи Ғофир, ояти 21)

Бемории ҷадид ба хотири гуноҳи ҷадид

Имом Ризо (а) дар ин бора мефармояд: «Ҳар гоҳ бандагони Худо гуноҳе анҷом диҳанд, ки қаблан анҷом намешуд, Худованди Мутаъол балое барои онҳо мефиристад, ки қаблан нафиристода буд.» (Ҳамон манбаъ)

Гуноҳ дар ҷисм ҳам асар дорад

Имом Содиқ (а) мефармояд: «Ҳеч раге назанад ва пойе ба санг нахӯрад ва сардард ва маразе пеш наояд, магар ба ҷиҳати гуноҳе, ки инсон муртакиб шуда, ва барои ҳамин аст, ки Худои азза ва ҷалла дар Қуръон мефармояд: «Ҳар мусибате, ки ба шумо мерасад, барои корест, ки ба дасти худ кардаед ва Худо аз бисёре (аз маъсиятҳо) ҳам гузашт мекунад

Сипас Имом (а) фармуд: «Он чӣ Худо аз он мегузарад, аз он чӣ аз он муъохиза мекунад бештар аст.» (Яъне, он гуноҳоне, ки Худо аз он мегузарад, бештар аст аз он гуноҳоне, ки Худо ба василаи он гуноҳ азоб мекунад.) (Ҳамон манбаъ)

Осори гуноҳ дар охират

Дар Қуръони Қарим оятҳое дар баёни осори гуноҳ дар охират омадааст, ки ба таври хулоса ба чанд маврид ишора мекунем:

مَن جَاء بِالسَّیِّئَةِ فَكُبَّتْ وُجُوهُهُمْ فِی النَّارِ هَلْ تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

«Онон ки аъмоли баде анҷом диҳанд, ба рӯ дар оташ афканда мешаванд, оё ҷазое ҷуз он ки амал мекардед, хоҳед дошт?» (Сураи Намл, ояти 90)

وَمَن یَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَإِنَّ لَهُ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِینَ فِیهَا أَبَدًا

«Ва ҳар кас нофармонии Худо ва Расулаш кунад, оташи дӯзах аз они ӯст, ҷовидона дар он мемонад…» (Сураи Ҷин, ояти 23)

Натиҷа он ки рафтор ва гуфтор ва ниятҳои инсон дорои паёмаде аст, ки ё дар ин дунё ва ё дар ҷаҳони охират домангири ӯ мешавад.

Tebyan

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.