Ваҳдати исломӣ

Онгело Меркел ва парокандагии мусалмонон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз ёддоште дидам дар сафҳаи Устод Абдуррашиди Фозил дар Фейсбук, ки воқеан бароям ҷолиб буд. Эшон, гуфтореро аз бону Онгело Меркел, садриаъзами Олмон, дар сафҳаи худ оварда ва сипас шеъре ҳам сурудаанд.

Бону Онгело Меркел – тибқи он чӣ Устод Абдуррашид Фозил овардаанд — гуфтааст: «Ҳинду Чин наздик ба 2/5 милёрд нафар ҷамъият доранд ва саду панҷоҳ Худову ҳаштсад ақидаи мутафовит доранд ва дар сулҳ зиндагӣ мекунанд… Мусалмонҳо як Худо ва як Паёмбар, як дин ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон сурх шуда ба хуни якдигар… Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф шаҳид номида мешаванд…»

Ва шеъре ҳам, ки эшон дар ин маврид суруда ин аст:

Садри Аъзам Меркали Олмонавӣ,

Хуш саволе дод моро бишнавӣ.

Як Худо дорад мусулмону чаро,

Душманияшро набошад мунтаҳо?

Ҳинду Чин дорад Худои бешумор,

Бо муҳаббат мекашонад рӯзгор?

Як Худову бо худаш андар ситез,

Аз чунин дину Худои вай гурез!

Бутпарастӣ беҳтар аз Исломи ту,

Беҳтар аз оғози ту анҷоми ту!

Анбиё гирёну Иблис аст шод,

Ҷоми мо аз бода холӣ пур зи бод.

Дар забон «Аллоҳу Акбар» лек дил,

Аз Худо бегонаву анбори гил.

Ҳар чӣ мегӯяд забон гӯяд на ҷон,

З-ин мусулмонӣ Худоё, аламон!

* * *

Хуб, ҳоло гузашта аз гуфтори бону Маркел ва шеъри Устод Абдуррашиди Фозил, ин суол воқеан пеши ҳар як аз мо худнамоӣ дорад, ки чаро мардумони кишваре мисли Ҳинд, ки ба гуфтаи бону Маркел, «саду панҷоҳ Худову ҳаштсад ақидаи мутафовит доранд» ва ё мардумони худи Урупо, ки онҳо низ мазҳабе воҳид надоранд, бо ҳам зиндагии мусолиматомез дошта ва ҳеч даъвое бо ҳам сари Худо ва ақида намекунанд, вале мо мусалмонон чунин нестем, дар ҳоле ки ба Худои воҳид ва Паёмбари воҳид мӯътақид ва дорои китоби воҳидем ва ба сӯйи қиблаи воҳид намоз мегузорем?

Посухи ин суол хеле сода аст, ҳарчанд чи басо дар нигоҳи аввал ба зеҳни мо наояд. Ва он ин ки: мардумони Урупо ва ҳамчунин Ҳинд, барояшон дин, Худо, ақида ва инчунин чизҳо, дигар масъалаи аввал дар зиндагияшон нест. Онҳо Худоро дар дохили калисоҳо ва маъобид маҳсур сохтаанд. Ва ҳатто касоне аз эшон, ки воқеан ба Худо имон ва барои Худо ва мазҳаб аҳаммият қоиланд, дин ва ақидаро комилан як амри шахсӣ талаққӣ мекунанд. Бар хилофи мусалмонон (албатта аксарияти мусалмонон, на ҳамаи онҳо), ки Худо, мазҳаб ва ақида барояшон масъалаи аввали зиндагӣ ба шумор меояд ва динашон фақат дар даруни масоҷид маҳсур нест, балки дар ҳамаи абъоди зиндагии онҳо – чӣ дар сатҳи фард ва чӣ ҷомеа – сараён ва ҷараён дорад. Ва чун чунин аст, ихтилоф пеш меояд.

Аммо роҳи чора ва раҳоӣ аз ин ихтилофот ва дар натиҷа даст ба гиребон шудани мо мусалмонҳо, оё дар ин аст, ки мо низ мисли ғарбиҳо ва ё ҳиндустониҳо Худоро дар даруни масоҷид маҳсур созем ва имон ва бовари мазҳабиро як амри шахсӣ талаққӣ кунем? Амре, ки пояшро набояд фаротар аз масоҷид бигузорад?

Баъзеҳо ҳамин роҳро роҳи чора меангоранд. Аммо қатъан, роҳи чора ин нест. Зеро аввалан, ойини ислом мисли кеши масеҳият ва ё адёни ҳиндӣ таҳрифшуда ва ноқис нест, ки дигар ҳарфе барои гуфтан надошта бошад. Ва сониян, маҳсур шудани Худо ва имони мазҳабӣ дар дохили маъобид ва динро як амри шахсӣ талаққӣ кардан, осор ва авоқиб ва паёмадҳои бисёр шуме дорад, ки мо мусалмонон мӯътақидем, ҷаҳони Ғарб бо онҳо даст ба гиребон аст; ки феълан тафсили он инҷо нест, бояд дар ҷойи худаш ба он пардохт.

Балки роҳи чора ва раҳоӣ аз ихтилофот барои мо мусалмонон ин аст, ки таваҷҷӯҳи мо бояд ба мағзи дин бештар бошад, то қишр ва пӯсти он. Фақат дар ҳамин ҳолат аст, ки ҳамаи ихтилофот аз миёни мо рахт хоҳад барбаст.

Тавзеҳ он ки бештари мо мусалмонон, ё мағзи динро канор гузошта ва ба қишри он часпидаем ва ё агар ба мағзи дин ҳам таваҷҷӯҳ дорем, аммо таваҷҷӯҳамон бештар рӯйи қишри он аст, то мағзи он. Манзурам аз мағзи дин, ҳамон аҳдоф ва мақсадҳои дин аст, ва муродам аз қишр, аъмоли мазҳабӣ аст, ки Худованд онҳоро барои расидан ба ҳадаф ва мақсади дин ташреъ кардааст.

Ҳол, яке ду мисол бизанам. Масалан, намоз як амали ибодист, ки Худованд онро барои қурб ва наздикӣ ба Худо, ва ба сухани беҳтар, барои расидан ба камол ташреъ фармудааст. «Ақимис салота ли зикрӣ«, яъне намозро барои ёди ман (Худо) барпо бидор. Намоз, қишри дин аст, ва қурб ва наздикӣ ба Худо мағзи он. Ва ё масалан, рӯза як амали ибодист, ки барои касби тақво ва паҳезгорӣ ташреъ шуда. Дар Қуръони Карим, пас аз баёни фарз будани рӯза барои мусалмонон, мефармояд: «Лаъаллакум таттақун«, яъне, кош парҳезгор гардед! Худи тақво ҳам ба навбаи худ, ҳадафи ниҳоӣ нест, балки як ҳадафи мутавассит аст барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, ва он ҳадафи ниҳоӣ ҳам, ҷуз қурб ва наздикӣ ба Худо нест. Пас, рӯза қишри дин аст ва ҳусули тақво ва қурби илоҳӣ мағзи он.

Тамоми ихтилофоте, ки ҳаст – чӣ дар сатҳи усул ва ақоиди динӣ ва чӣ дар сатҳи фуруъ ва шохаҳои динӣ – ҳама ношӣ аз он аст, ки таваҷҷӯҳи мо аз аҳдоф ва мақосиди дин ё куллан ба сӯйи шаклу суратҳо мунсариф шуда ва ё лоақал таваҷҷӯҳамон ба сурату шакл, беш аз таваҷҷӯҳи мо ба аҳдоф ва мақосид аст; ба гунае ки ин пиндор пеши бисёре аз мо мо чира гардида, ки намоз гӯё барои худи намоз фарз шуда, ё рӯза барои худи рӯза воҷиб гардида ё ҷиҳод барои худи ҷиҳод воҷиб дониста шудааст. Дар ҳоле ки ҷиҳод як васила аст барои таъмини як ҳадафи волотар, ки иборат аст аз: дифоъ аз ҳарими ҷомеаи исломӣ. Вагарна, ҷиҳод (ба маънои ҷанг ва пайкор), ба худии худ аз назари ислом, на ин ки як ҳадаф нест, балки як амри нописанд аст. Аммо мутаассифона ҳоло ҷавононе пайдо шудаанд, ки ҷиҳодро як ҳадаф мешуморанд.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки вақте як мусалмон мусалмони дигареро мебинад, ки сурати намозаш аз сурати намози ӯ мутафовит аст ва ё гунаи анҷоми як амали ибодӣ тавассути ӯ, бо гунаи анҷом додани ӯ фарқ мекунад, ӯро аз ислом берун мешуморад. Дар ҳоле ки ҳам намози он ва ҳам намози ин, ҳам рӯзаи он ва ҳам рӯзаи ин, ҳама барои ноил омадан ба қурби илоҳӣ аст. Вақте мусалмон бидонад, ки ҳадаф аз ибодатҳо расидан ба қурби илоҳист, дигар ҳеч ихтилофе вуҷуд нахоҳад дошт.

Урафо ва сӯфия (урафо ва сӯфиҳои воқеӣ, на муддаъиёни ирфон ва тасаввуф) дар тӯли торихи ислом, ба ин далел, ки бештар ба аҳдоф ва мақосид таваҷҷӯҳ доштаанд, ҳаргиз бо касе сари даъво ва ҷанҷол надоштанд. Албатта, манзури ман сӯфиҳое нестанд, ки куллан ба қишри дин (намоз, рӯза ва соири аъмоли ибодӣ) бетаваҷҷӯҳ буданд. Манзурам инҳо нестанд. Балки муродам, касоне аз онҳост, ки воқеан пойбанд ба шариат будаанд ва ҳастанд. Шариат аз назари онҳо, ҳамон аъмоли зоҳирӣ ва маросими ибодӣ мисли намозу рӯзаву ғайра аст. Онҳо мӯътақиданд, бидуни шариат наметавон пой ба роҳи тариқат гузошт, ва аслан маҳол аст, ва бидуни тариқат вусул ба Ҳақ (ҳақиқат) низ имконпазир нест. Ҳақиқат аз назари онҳо, ҳадафи ниҳоии як мусалмон аст. Аммо аз ибтидои роҳ, таваҷҷӯҳашон ба ҳамон ҳадафи ниҳоӣ аст.

Танҳо дар сояи омӯзаҳои ирфон ва тасаввуф – ки банда мӯътақидам, асосан исломи воқеӣ ҷуз он намебошад – аст, ки метавон аз кулли ихтилофот ва кашмакашиҳо бемаънӣ ва ҷанҷолҳои беҳуда раҳо шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.