Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (88) – Баёни ҳақиқати ваҳдати вуҷуд аз забони Мавлоно

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (48)

* * *

Талаб кардани уммати Исо – алайҳиссалом – аз умаро, ки валиаҳд аз шумо кадом аст? (3)

* * *

Мунбасит будему як ҷавҳар ҳама,

Бесару бепо будем он сар ҳама.

Мо пеш аз он ки ба ин ҷаҳони сурат ва касрат по бигузорем, дар ҳолати инбисот ва бетаъайюнӣ будем ва як гавҳари воҳид бештар надоштем. (Шарҳи ин маъно дар поёни чанд байти дигар хоҳад омад).

Мунбасит: густарда ва гушода, бидуни қайду таъайюн. Бесару бепо: киноя аз номаҳдуд ва номуйян. Он сар: киноя аз олами ғайб, зоти Ҳақ.

Як гуҳар будем ҳамчун офтоб,

Бегиреҳ будему софӣ ҳамчу об.

Мо монанди офтоб як гавҳар будем ва ҳамчун оби зулол ҳеч гиреҳе надоштем. Яъне поку холис ва бетаъайюн будем.

Гиреҳ: уқда ва офате, ки дар ҷавоҳирот афтад. Бегиреҳ киноя аз поку холис.

Чун ба сурат омад он нури сара,

Шуд адад чун сояҳои кунгура.

Аз он вақт ки он нури холис сурат ва рангҳои мухталиф ба худ гирифт, монанди сояи кунгура мутаъаддид шуд.

Сара: поку холис ва гузида. Кунгура: шаклҳои мусаллас ё нимадоира аз гил ё аз оҷуру санг, ки болои девор ё бурҷи қалъа месозанд.

Кунгура вайрон кунед аз манҷаниқ,

То равад фарқ аз миёни ин фариқ.

Ҳол, бояд кунгураҳоро вайрон кунед, яъне барои он ки ба сирри ваҳдат воқиф шавед, бояд таъайюноти вуҷуд ва касратҳои ҷаҳони маҳсусро бо манҷаниқи тавҳид ва риёзат вайрон кунед ва вуҷуди маҷозӣ ва мавҳумро маҳв намоед, то аз миёни ҷамъи халоиқ касрат ва тамоюз ва таъаддуд бархезад.

Нукта: Дар чаҳор байти ахир, мавзӯи пураҳаммияти ваҳдати вуҷуд ба сурате зебо ва забоне шево баён шудааст. Тибқи ин баён, вуҷуд ибтидо таъайюне надошт (таъайюн яъне дар як шакли хоссе зоҳир шудан, мисли вуҷуди инсон, вуҷуди дарахт ва ғайра), вале ҳангоме ки ҳақиқати вуҷуд дар либоси асмо ва сифот таҷаллӣ кард, суратҳои касрат падидор шуд; монанди офтобе, ки бар кунгураҳо метобад ва аз ин тобиш сояҳое мутаъаддид аз он падид меояд. Офтоб воҳид аст ва таъаддуди сояҳо наметавонад далел бар таъаддуди офтоб бошад; зеро сояҳо вуҷуде маҷозӣ доранд ва дере напояд, ки ба завол раванд. Ва агар солик бо манҷаниқи риёзати нафс ва биниши тавҳидӣ, суратҳои мутаъаддиди вуҷудро маҳв кунад, таъаддуд ва ихтилоф аз миён бархезад ва сиррри ваҳдат намоён гардад.

Ибни Арабӣ ба мисдоқи ояти 30 сураи Рум:

وله مثل الأعلى في السموات والأرض

«Барои Худо мисоли аъло дар осмонҳо ва замин аст«, барои тақриби фаҳмҳо мисолҳое овардааст; назири тобиши нур бар обгинаҳои рангоранг. Нур якест, аммо аз обгинаҳои рангин ба сурати нурҳои мутаъаддид зоҳир мешавад. Низ тамсили ҷом ва шароб. Ҳаргоҳ ҷом ва шароб соф ва зулол бошанд, дар чашм яке ба назар мерасанд. Низ тамсили мавҷ ва дарё. Оби дарё як ҳақиқат аст, аммо амвоҷи касир аз он сар бармеоварад. Он чӣ асолат дорад, оби дарёст, на амвоҷ; зеро амвоҷ ҷилваҳое аз оби дарёст.

Пас, одамӣ ду навъ ҳаракат дорад: яке, ҳаракати нузулӣ, ки аз олами ваҳдат ба олами носут (маҳсусот) ҳубут мекунад, ва дигаре, ҳаракати суъудӣ (ё раҷъӣ), ки аз олами носут ба асли илоҳии худ бозмегардад. Аввалиро ҳаракат дар қавси нузулӣ гӯянд, ва дуввумиро ҳаракат дар қавси суъудӣ. Инсон аз оғози офариниш то кунун дар ин ду қавс ҳаракат доштааст. Яъне аз Худо меояд ва ба Худо бозмегардад.

Мавлоно чун дар ин чаҳор байт, муҳимтарин бунёди ирфон ва тасаввуфро дар баён овардааст ва медонад, ки қишриён ва зоҳирбинони замон чунин андешаҳоеро барнаметобанд, пас суханро мегузорад ва мегӯяд:

Шарҳи инро гуфтаме ман аз мирӣ,

Лек тарсам, то налағзад хотире,

Ман ин асл, яъне ваҳдати вуҷудро баён кардам, вале бими он дорам, ки хотире дучори лағзиш ва иштибоҳ шавад; зеро ин маъонии жарфро ҳар зеҳни заъиф ва басите наметавонад дарк кунад.

Мирӣ: мухаффафи мироъ ба маънои ситез ва ҷидол.

Нукта: Бисёре аз авлиёуллоҳ асрори кибриёӣ ва дақоиқи тавҳидиро сареҳан баён надоштаанд; зеро фаҳми омма тоби таҳаммули он маъониро надоранд. Пас кӯшидаанд, ки ин асрорро фақат ба аҳлаш гӯянд ва бо боқиҳо ба тариқи масал сухан гӯянд ва «сирри дилбаронро дар ҳадиси дигарон баён доранд.»

Идома дорад

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.