Перейти к содержимому

Чӣ чизҳое қалби одамиро нуронӣ мекунад?

Тавсияе аз марҳум Устод Абдулкарими Ҳақшинос, устоди ахлоқ

Ривояте ҳаст аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с), ки фармуда:

خمسة تنور القلب: كثرة قراءة قل هو الله أحد، وقلة الأكل، ومجالسة العلماء، والصلاة في الليل، والمشي في المساجد

Панҷ чиз аст, ки қалб ва дилро рӯшан ва мунаввар мекунад:

Аввал: зиёд қироат кардани сураи «Қул ҳуваллоҳу аҳад…» аст; чаро ки қироати Қуръон ҳиҷобҳо ва зангҳоро аз рӯйи қалб бармедорад; хусусан агар инсон бо тадаббур бихонад, зеро:

أَفْضَلُ عِبادَةِ اُمَّتی قِرَاءَةُ القُرآنِ

«Бартарин ибодати уммати ман қироати Қуръон аст«, албатта бо тадаббур.

Дуввум: қиллатулакл, яъне кам хӯрдан аст, махсусан дар шаб, ки агар инсон меъдаашро монанди мутрафин (касоне ки дар нозу неъматанд) пур кунад, хеле маҳрумият меоварад. Во мусибато, ки мардум роҳҳои дунёро бисёр беҳтар аз охират ёд гирифтаанд! Дар барномаи «Салом, субҳ ба хайр!» мудом мегӯянд, варзиш кунед! Варзиш лозим аст. Бисёр хуб аст солим будан ва саломат доштан… Аммо бар фарз, ки ман худамро саломат кардам ва бо варзиш мисли як шохаи шамшод шудам, ҳоло аз ин саломат бояд чӣ баҳрае бибарам? Инро дигар ба мардум намегӯянд ва ба касе омӯзиш намедиҳанд.

Мӯъмин ҳамон ғизое, ки мехӯрад, ҳамон андоза, ки ҳоло ё варзиш мекунад ва ё тафреҳ мекунад, ғояташ ин аст, ки нимашаб бархезад ва ба даргоҳи Худо бандагӣ кунад. Чун «Ло наҷота илло биттоъа» (Наҷоте нест ба ҷуз ба тоату ибодат). Саломатӣ барои бандагӣ ба дард мехӯрад, вагарна дунболи моддият рафтан, ки мушкилеро ҳал намекунад. Ҳама чиз, ки ҳамин чанд рӯзи дунё нест. Мутаассифона аз ин ҷиҳот ҳеҷ хабаре нест.

Севвум: муҷоласатул-уламо, яъне ҳамнишинӣ бо донишмандон қалбро нуронӣ мекунад, бо олим нишасту бархост кунед, ки нафси нишасту бархост бо олим муассир аст. Дар бораи муҷолисат фармудаанд:

مُجالَسَةُ الأَشرارِ تورِثُ سوءَ الظَّنِّ بِالأَخیارِ

«Муошират кардан бо ашрор боис мешавад, ки инсон нисбат ба ахёр ва некон суизанн пайдо кунад«. Аммо вақте касе бо донишмандони воқеӣ муошират кунад, агар халале дар ӯ вуҷуд дошта бошад, он уламо ба ӯ тазаккур медиҳанд, ва ҳамин масъала ҳам аз асбоби нуронӣ шудани қалб аст ва қалби инсонро рӯшан мекунад.

Чаҳорум: намоз дар шаб. Намоз дар шаб қалбро мунаввар мекунад. Қисмати панҷум ҳам, рафту омад дар масоҷид аст.. Вақте ки шумо дар масоҷиди парвардигор рафту омад кунед, Худованд аз он улуми ҳақиқӣ насиби шумо мекунад. Бо рафтан ба масҷид, Парвардигори азиз ибтидо шуморо муваффақ ба марҳилаи аввал, яъне тарки муҳаррамот (корҳои ҳаром) ва анҷоми воҷибот мекунад. Шуморо муваффақ мекунад, ки кам-кам дар маърази раҳмати худаш қарор гирад. Вақте шумо ба масоҷиди парвардигор меойед, бар Ӯ ҳақ пайдо мекунед, ки:

وَحَقُّ عَلَى الْمَزُورِ أنْ یُکْرِمَ الزَّائِرَ

«Ва ҳақ аст бар зиёратшаванда, ки зиёраткунандаро гиромӣ бидорад.» Барои ҳамин аст, ки Парвардигор ин чизҳоро ба шумо марҳамат хоҳад кард.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: