Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (89)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (49)

* * *

Талаб кардани уммати Исо – алайҳиссалом – аз умаро, ки валиаҳд аз шумо кадом аст? (4)

* * *

Нуктаҳо чун теғи пӯлод аст тез,

Гар надорӣ ту сипар, вопас гурез.

Нуктаҳои дақиқ ва латоифи амиқи ирфонӣ ва ба хусус масъалаи ваҳдати вуҷуд, ҳамчун шамшери пӯлодин тезу буррон аст, ки бидуни фароҳам овардани сипаре аз идрок ва фаҳми устувор, наметавон дар баробари он зоҳир шуд. Пас ту, ки барои фаҳми он нукоти дақиқ ва амиқ истеъдоди лозим ва қобилияти фаҳм надорӣ, набояд ба сӯйи он биравӣ.

Сипар дар инҷо киноя аз фаҳми дуруст аст.

Пеши ин алмос бе испар маё,

К-аз буридан теғро набвад ҳаё.

Дар баробари ин шамшери тез, яъне дар баробари асрори тавҳид ва ҳақиқати ваҳдати вуҷуд, бидуни сипари идрок ва фаҳми устувор зоҳир машав; зеро шамшери тез ҳеч ибое аз буридан надорад. Ва чунон ки бидуни истеъдоди лозим иқдом ба фаҳми ин ҳақоиқ кунӣ, ба эътиқоди ту зиён ва халал дарояд.

З-ин сабаб ман теғ кардам дар ғилоф,

То ки кажхоне нахонад бар хилоф.

Бад-ин сабаб аст, ки ман шамшери каломро дар ғилофи хомӯшӣ ва ё дар ғилофи ҳикоятҳо ва қиссаҳои мухталиф фурӯ бурдаам, то мабод ки фарди кажандеше ҳақоиқи маро воруна фаҳм кунад.

Теғ дар ғилоф кардан, киноя аз забонро аз гуфтан боздоштан ва сокит шудан аст.

Омадем андар тамомий достон

В-аз вафодории ҷамъи ростон.

Дубора бозгаштем ба ҳикояти вазир ва масеҳиён, то ба поёнаш расонем; ҳамон ҳикояте, ки дар бораи вафодории шуморе аз дӯстон аст. Ва низ метавон гуфт: ба баракати вафодории ҷамъе аз дӯстон, мо дубора ба идомаи ҳикоят бозмегардем.

К-аз паси ин пешво бархостанд,

Бар мақомаш ноибе мехостанд.

Вақте ки он вазири маккор, ки пешвои масеҳиён буд даргузашт, амирони масеҳӣ азми он карданд, то ба ҷойи ӯ ҷонишинеро интихоб кунанд.

* * *

Мунозиати умаро дар валиаҳдӣ (1)

* * *

Як амире з-он амирон пеш рафт,

Пеши он қавми вафоандеш рафт.

Яке аз амирон бархост ва пеш рафт ва назди он қавми вафодор рафт.

Гуфт: инак, ноиби он мард ман,

Ноиби Исо манам андар заман.

Он амир гуфт: инак, ман ҷонишини вазир ҳстам ва дар ҳоли ҳозир ноиби Исо (а) манам.

Инак, ин тӯмор бурҳони ман аст,

К-ин ниёбат баъд аз ӯ они ман аст.

Акнун ин тӯмор далел ва ҳуҷҷате бар ҳаққоният ва пешвоии ман аст ва ин ҳамон тӯморе аст, ки вазир ба ман додааст. Пас, манам ҷонишини барҳаққи ӯ.

Он амири дигар омад аз камин,

Даъвии ӯ дар хилофат буд ҳамин.

Пешвои дигаре аз масеҳиён аз ниҳонгоҳи худ берун омад ва иддаъое назири иддаъои он шахс кард.

Аз бағал ӯ низ тӯморе намуд,

То баромад ҳар дуро хашми ҷуҳуд.

Ӯ низ аз паҳлӯяш тӯморе берун овард ва ба мардум нишон дод. Ва ин таъаддуди иддаъо боис шуд, ки ҳар ду пешво бар якдигар сахт хашмгин шаванд.

Хашми ҷуҳуд: хашми ҷуҳудона, киноя аз шиддат ва сахтии хашм.

Он амирони дигар як-як қатор,

Баркашида теғҳои обдор.

Пешвоёни дигари масеҳиён низ яко-як саф кашиданд ва ҳамин иддаъоро карданд ва тӯмори худро ба рухи дигарӣ кашиданд. Ва чун сахт ба хашм омаданд, шамшерҳои тезро бар зидди ҳам баркашиданд.

Теғи обдор: шамшере, ки аз фулоди димишқӣ созанд.

Ҳар якеро теғу тӯморе ба даст,

Дар ҳам уфтоданд чун пилони маст.

Дар дасти ҳар кадомашон теғ ва тӯморе буд ва монанди филони маст ва ваҳшӣ ба ҷони ҳам уфтоданд.

Садҳазорон марди тарсо кушта шуд,

То зи сарҳои бурида пушта шуд.

Садҳо ҳазор марди масеҳӣ дар ин ҷанг кушта шуданд, ба гунае ки аз сарҳои бурида талле ба вуҷуд омад.

Хун равон шуд ҳамчу сел аз чаппу рост,

Кӯҳ-кӯҳ андар ҳаво з-ин гард хост.

Хуни кушташудагон аз чаппу рост аз ҳар сӯ монанди сел равон шуд. Ва бар асари ин ҷанги ҳавлнок гарду ғубори ғализе ҷун кӯҳ ба ҳаво хост. Хулоса, фазо оканда аз ғубор шуд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.