Бишнав аз най...

Ақл ва ақлоният дар андешаи Мавлоно

Гуфтугӯ бо дуктур Ғуломризо Аъвонӣ, донишманд ва файласуфи эронӣ

Иддае бо тафсири нодурусти яке ду байти Мавлоно, ӯро муттаҳам ба ақлситезӣ мекунанд, ҳол он ки Мавлоно хирад ва ақлро бунёди ҷаҳон ва ҷомеаи инсонӣ медонад. Муассисаи пажӯҳишии ҳикмат ва фалсафаи Эрон ба суроғи дуктур Ғуломризо Аъвонӣ рафта ва бо вай дар бораи дидгоҳи Мавлоно дар бораи ақл ба гуфтугӯ нишаст.

Инак, шарҳи ин гуфтугӯ:

— Дар ибтидо лозим аст, ҷойгоҳи Мавлоно дар миёни андешамандон ва шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон мушаххас шавад. Ба назари шумо, Мавлоно дорои чӣ ҷойгоҳи ҷаҳонӣ аст?

— Мавлоно аз шахсиятҳои бисёр бузург на танҳо дар Эрон ва ҷаҳони ислом, балки дар ҷаҳон аст. Вуҷуди касе монанди Мавлоно, мӯъҷизаи набавӣ (с) аст; зеро чунин бузургоне, ки дар дунё камназир ё беназир ҳастанд, дар уммати он ҳазрат ба чашм мехӯранд. Агар ба уммати ислом нигоҳ кунем, дар ҳамаи заминаҳо афродеро мебинем, ки саромади рӯзгор ва номовартарини афрод ҳастанд, ки яке аз онҳо бешак Мавлоност.

— Чанд солест, ки Ғарб иқболи зиёде ба Мавлоно доштааст. Ба назари шумо, ин иқбол ношӣ аз чӣ амре будааст ва куллан собиқаи ошноии Ғарб бо Мавлоно ба чӣ замоне бармегардад?

— Ғарбиҳо рӯйи осор ва андешаҳои Мавлоно хеле кор кардаанд. Дар қарни гузашта, касе ки беш аз ҳама дар бораи Мавлоно кор карда, Никелсун будааст. Никелсун китоби Маснавии Шарифро ба диққати бисёр тамом тасҳеҳ кард ва ба зевари табъ орост. Ҳамчунин дар Эрон касоне монанди марҳум Фурӯзонфар ва марҳум Ҳумоӣ ва дигарон рӯйи Мавлоно кор карданд.

Чанд солест, ки таваҷҷӯҳи Ғарб ба Мавлоно бисёр зиёд шуда ва медонед, шахсе тарҷумаи Никелсун аз Маснавиро ба забони шеър дароварда ва ончунон китоби пурфурӯше шудааст, ки шояд дар Омрико баъд аз Инҷил (ба ин миқдор ва дар ин муддати замонӣ ва низ дар ин ҳаҷм) бесобиқа бошад. Инки чаро ин иттифоқ уфтода, далоили зиёде дорад. Яке аз далоил ин аст, ки башари имрӯз аз зиндагии моддӣ ва санъатӣ ва текнулужик сер шудааст. Инсон барои маъно сохта шуда ва ташнаи маънавият аст. Мусалламан, яке аз касоне ки паёми маънавӣ барои тамоми ҷаҳон дорад, Мавлоност. Усулан, китоби Маснавӣ китоби маънавӣ ва маъност ва ба ҳамин ҷиҳат ба он хеле таваҷҷӯҳ шудааст.

— Мусалламан, бардоштҳои гурӯҳи васеъи мухотабон аз Мавлоно яксон ва дуруст ва комил нест, назари шумо дар ин бора чист?

— Бале, албатта бардошт аз Мавлоно яксон нест. Баъзеҳо ба таври илмӣ ва дақиқ дар бораи Мавлоно корҳои таҳқиқотӣ ва мутолеа доштаанд. Дар айни ҳол, бардоштҳои бисёр ғалате аз Мавлоно ҳам вуҷуд дорад. Яъне мумкин аст иддае ҳам навъе ирфони козиб аз Мавлоно бифаҳманд, аммо ин далел намешавад, ки ба ин хотир Мавлоноро инкор кунем. Агар ба сойти Amazon муроҷеа кунед ва исми Мавлоно (ба унвонҳои мухталиф монанди Румӣ ё номи китобҳояш)-ро ҷустуҷӯ кунед, мебинед, ки чӣ қадр китоб дар бораи ӯ мунташир шудааст. Дар аксари китобфурӯшиҳои муҳим махсусан дар Урупо ва Омрико, чанд қафаса ба китобҳои Мавлоно ихтисос дода шуда, ва ин далолат дорад бар ин ки чӣ қадр Мавлоно дар ҷаҳони Ғарб мавриди таваҷҷӯҳ аст.

— Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мақбараи Мавлоно дар Туркия аст, ин кишвар аз ин фазо ба шиддат истифода мекунад ва Мавлоноро аҳли Туркия ҷилва медиҳад ва ҳам аз он барои ҷазби турист истифода мекунад ва ҳам донишгоҳи бузурге дар онҷо таъсис карда, аммо мо ончунон, ки бояд ва шояд, ба мафохири худамон таваҷҷӯҳ накардаем. Назари шумо дар ин иртибот чист?

— Ин ҳарфи шумо комилан дуруст аст. Албатта, инки Туркия аз ин зарфият истифода мекунад, кори иштибоҳе намекунад ва дар ҳақиқат кори бисёр дурусте ҳам анҷом медиҳад; чун Мавлоно дар онҷо мадфун аст. Муқаддар буда, ки Мавлоно ба Қуния биравад ва дар онҷо вафот кунад ва мадфун шавад. Инки Туркия чунин кореро анҷом медиҳад, кори бисёр писандидае аст, вале мо бояд чӣ кор кунем?

Забони Мавлоно, забони порсӣ ва забони мост. Вақте мегӯяд, «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад / В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад«, таваҷҷӯҳ кунед, воқеан ин шеъри порсии имрӯзӣ аст, яъне ифтихори мост ва руҳи ӯ ба фарҳанги мо ва ҳамаи мусалмонҳо таъаллуқ дорад. Яъне марз намешиносад. Руҳи Мавлоно ба мо таъаллуқ дорад. Мо бояд чӣ кор кунем? Мо бояд рӯйи осор ва андешаҳои Мавлоно бештар кор кунем ва корҳои илмии зиёде дар ин иртибот анҷом диҳем. Маснавӣ ва Девони Шамс бояд дар сутуҳи мухталиф, аз дабистон то донишгоҳ, тадрис шавад ва пажӯҳишҳои бисёр умда дар ин замина анҷом гирад. Донишмандоне ҳастанд, ки рӯйи осори Мавлоно кор кардаанд ва ҳанӯз ҳам доранд кор мекунанд, вале дар ин ҷиҳат бояд корҳои бештаре сурат гирад.

Вақте раиси Муассиса пажӯҳишии ҳикмат ва фалсафаи Эрон будам, ҳамоиши «Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно»-ро бисёр бошукӯҳ баргузор кардем ва беҳтарин Мавлоношиносони Эрон дар он ширкат карданд. Ҳамчунин маҷаллаи «Мавлонопажӯҳӣ»-ро роҳандозӣ кардем, ки чандин шумора аз он мунташир шуда ва риштаи Мавлонопажӯҳӣ ҳам таъсис шуд. Бояд рӯйи ин мавзӯъҳо кор шавад ва муассисоти мухталиф ва донишгоҳҳо дар ин замина бо ҳам ҳамкорӣ кунанд, чун Мавлоно ва дигар андешамандон ва мутафаккирон, ба фарҳанги мо таъаллуқ доранд. Манзурам ин нест, ки дар ин замина кӯтоҳӣ мешавад ва коре сурат намегирад, балки қадре бояд корҳо бо шиддати бештаре анҷом шавад, то шароити лозим барои кори бештар фароҳам шавад.

— Интиқодҳои зиёде дар мавриди нигоҳи Мавлоно ба ақл вуҷуд дорад. Масалан, инки эшон бо фалсафа ва ақл мухолиф аст. Назари шумо дар ин бора чист?

— Ин тавр нест. Бархе, ки Мавлоноро нафаҳмидаанд ингуна фикр мекунанд. Мавлоно воқеан мазлум аст; чун осорашро хуб мутолеа накардаанд, ба ӯ ишкол мекунанд. Ман дар мавриди ақл дар фалсафа, хеле кор кардаам. Аз маънои ақл дар Юнон ва олами ислом ва дар ирфон хусусан, устоди роҳнамои чандин рисола дар бораи ҷойгоҳи ақл дар андешаи Мавлоно будаам. Усулан ин назарҳо беасос аст. Беҳтарин баҳсҳо дар мавриди ақл, мутаъаллиқ ба Мавлоност. Ду ақли маъош ва маъод вуҷуд дорад; ақли ҷузъӣ ва ақли куллӣ.

Мавлоно ақли маъош бидуни ақли маъодро сарзаниш мекунад ва ақли дунявӣ ва ҷузъиро мавриди интиқод қарор медиҳад; ақле, ки фақат ва фақат ба дунё мепардозад. Ва ақле, ки фақат ба ин умур бипардозад ва машғул бошад, мавриди таъни Мавлоност, мисли ақли ҷаҳони имрӯз. Ақли ҷаҳони имрӯз, сад дар сад дунявӣ аст. Дар ҳоле ки ақл ақли ухравӣ ва илоҳӣ ҳам ҳаст. Албатта мо ду ақл надорем. Дар воқеъ як ақл аст, аммо дар ду ҷиҳат кор мекунад; гоҳе ба сӯйи Ҳақ ва мабдаъ ва охират майл мекунад, ва гоҳе ҳам ба сӯйи дунё майл дорад. Ҳар ду хуб ва лозим аст, аммо агар ақлро ба ақли ҷузъӣ маҳдуд кунем, мавриди интиқоди Мавлоно ҳастем.

— Дар маҷмӯаи осори Мавлоно байтҳое вуҷуд дорад, ки Мавлоноро мутафаккири зидди ақлоният ҷилва медиҳад. Ба унвони мисол, дар достони ҳаннона мегӯяд: «Пойи истидлолиён чӯбин бувад / Пойи чӯбин сахт бетамкин бувад

— Манзур аз «истидлолиён», ақли истидлолӣ аст. Манзури Мавлоно ин аст, ки истидлол дуруст аст, аммо поёни роҳ нест. Афроде, ки қоил ба ақли истидлолӣ ҳастанд, ақл истидлолиро поён медонанд ва болотар аз он ба чизе қоил нестанд. Дар ҳоле ки шуҳуд болотар аз он аст. Яъне онҳо ақлро маҳдуд ба ақли истидлолӣ кардаанд, чун ақли ҷузъӣ ақли истидлолӣ аст. Аммо як ақли шуҳудӣ ҳам дорем. Вақте шумо чизеро истидлол мекунед, ки онро надида бошед. Аммо вақте чизеро мушоҳида кардем, дигар эҳтиёҷ ба истидлол надорем. Дидан болотар аз истидлол аст. Модоме ки надидаем, истидлол мекунем. Пас, дидан, на дидани бо чашми сар албатта, балки бо чашми дил ва ба ҳақоиқ расидан, болотар аз истидлол аст.

Инки инсон ба ҳақоиқ бирасад ва восил шавад ва бибинад, муҳимтар аст; чун илмуляқин, айнуляқин ва ҳаққуляқин вуҷуд дорад. Истидлол мумкин аст инсонро ба илмуляқин бирасонад, аммо мумкин аст дар истидлол иштибоҳ сурат гирад ва аслан ба илм нарасанд ва ба ҷойи он ба ҷаҳл бирасад. Метавон истидлолро дар ҳар роҳе ба кор бурд. Онҳое, ки мункири Худованд ҳастанд, барои инкори вуҷуди Худованд истидлол мекунанд. Пас, истидлол ба худии худ бад нест, аммо агар таъйиди илоҳӣ ба дунболи истидлол набошад, натиҷае нахоҳад дошт.

Пас, аввалан бояд таъйиди илоҳӣ бошад, то инсон битавонад ба итминон бирасад. Сониян, агар дар ниҳоят истидлол дуруст ва бо таъйиди илоҳӣ ҳамроҳ бошад, илмуляқин ҳосил хоҳад шуд. Аммо болотар аз илмуляқин — ба таъбире, ки дар Қуръон ҳаст- айнуляқин аст ва болотар аз он ҳаққуляқин. Ирфон мубтанӣ бар ҳаққуляқин ё лоақал бар айнуляқин аст ва илмуляқинро бар хилофи бисёре аз уламо, ки ниҳоят медонанд, кофӣ намедонад.

Ҳамон тавр ки гуфтам, истидлол метавонад дар ҳар роҳе сурат гирад. Бисёре аз касоне ки мункири Худованд ҳастанд, барои амри ботил истидлол мекунанд. Пас, сирфи истидлол мусаллам нест. Мушаххас нест, ки агар маводд ва роҳ дуруст набошад, инсон натиҷаи дурусте ҳам бигирад. Ҳатто агар натиҷаи дурусте бигирад, ба илмуляқин мерасад, вале фаротар аз ин марҳила ҳам ҳаст. Мавлоно илми истидлолиро ба фарзи ин ки ба яқин бирасад, илми тақлидӣ медонад ва илми урафо илми таҳқиқӣ аст. Мавлоно мегӯяд:

Аз муҳаққиқ то муқаллид фарқҳост,

К-ин чу Довуд аст в-он дигар садост.

(Муҳаққиқ яъне касе ки соҳиби илми таҳқиқӣ ва соҳиби ҳаққуляқин аст) ё масалан мегӯяд, ки илми таҳқиқӣ, илми аҳли дил ва асҳоби қулуб, ва илми тақлидӣ илми аҳли тан ва дунявӣ аст:

Илмҳои аҳли дил ҳаммолашон,

Илмҳои аҳли тан аҳмолашон.

Илм чун бар дил занад, ёре шавад,

Илм чун бар тан занад, боре шавад.

Гуфт Эзид: «Яҳмилу асфораҳу»

Бор бошад илм, к-он набвад зи ҳу.

Илм, к-он набвад зи ҳу бевосита,

Он напояд ҳамчу ранги мошита.

Илми ҳақиқӣ илми ладуннӣ аст, аммо илме, ки аз тарафи Худо набошад, ҳамонанд ранги машшота аст ва аз байн меравад.

Irip

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.