Сиёсат

Поп Фронсис: «Тромп наметавонад худро як масеҳӣ бихонад»

Дар ҳоле ки Поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон гуфт, Дунолд Тромп ҳақ надорад худро як масеҳӣ бихонад, Тромп суханони Попро «шармовар» хонд.

Бар асоси гузориши хабаргузории Reuters, Поп Фронсис, ки дар роҳи бозгашт аз Мекзик ба Вотикон буд, дар ҳавопаймо ва дар миёни хабарнигорон, назароти Тромп дар хусуси берун андохтани муҳоҷирон аз Омрикоро ба боди интиқод гирифт ва гуфт: «Тромп наметавонад худро як масеҳӣ бихонад

Поп, ки намехост изҳори назари мазҳабияш, рангу бӯи интихоботӣ пайдо кунад, гуфт, ки ба омрикоиҳо намегӯяд, ки ба Тромп раъй бидиҳанд ё надиҳанд.

Гуфтанист, Тромп назароти тунде дар хусуси муҳоҷирон ба хусус муҳоҷирони мусалмон дорад.

Ва ин дар ҳолест, ки изҳороти Поп билофосила бо вокуниши Дунолд Тропм, номзади ҷумҳурихоҳ ва ҷанҷолии интихоботи 2016 Омрико рӯбарӯ шуд ва ӯ посухе шадид ба суханони раҳбари котуликҳои ҷаҳон нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Дунолд Тромп хитоб ба Поп Фронсис гуфт: «Барои як раҳбари мазҳабӣ, ибрози тардид кардан дар бораи имони як шахс, шармовар аст

Ӯ афзуд: «Агар Вотикон мавриди ҳамлаи ДОЪИШ қарор гирад, он вақт аст, ки Поп танҳо метавонад орзу ва дуо кунад, ки Дунолд Тромп раисиҷумҳур бошад

Рубрики:Сиёсат

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.