Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (90)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (50)

* * *

Мунозиати умаро дар валиаҳдӣ (2)

* * *

Тухмҳои фитнаҳо, к-ӯ кишта буд,

Офати сарҳои эшон гашта буд.

Базрҳои ошӯб ва фитнае, ки вазири маккор кошта буд, балои ҷони пешвоёни масеҳӣ шуд ва дар натиҷа, сарҳои бисёр ба бод рафт.

Ҷавзҳо бишкаст в-он к-он мағз дошт,

Баъди куштан руҳи поки нағз дошт.

Ҷасади кушташудагон монанди гирду (чормағз) буд ва чун шикаста шуд, он ки дорои имон буд, дорои руҳи латиф ва покӣ буд.

Ҷавз: гирду, чормағз.

Нукта: Руҳи инсонӣ ҳаргоҳ дар ин дунё ба сифоти нек муттасиф шавад ва ба камоли маънавӣ расад, мутобиқи ақидаи ҳукамо, ба саодати абадӣ ноил ояд. Ва агар ба авсофи бад ва зишт муттасиф гардад, ба шақовати ҷовидона дучор ояд. Пас, «гирдуи мағздор» тамсил аст барои ҳоли некон ва «шикастани гирду» киноя аз марг ва дарҳам шикаста шудани колбад аст.

Куштану мурдан, ки бар нақши тан аст,

Чун анору себро бишкастан аст.

Мурдан ва кушта шудан, ки бар бадан ориз мешавад, дар масал монанди фишурдани анору себ аст. Яъне ҳамон тавр ки бо фишурдани анору себ усора ва зубдаи он ошкор мешавад, бо марг ва дарҳам шикаста шудани қафаси тан низ, аҳволи дарунӣ ва ботинии инсон ошкор мегардад.

Он чӣ ширин аст, он шуд нордонг

В-он, ки пӯсидаст, набвад ғайри бонг.

Ҳар кас ботине ширин дошта бошад, яъне ҳар кас ба зевари камолоти ахлоқӣ ва макорими маънавӣ ороста бошад, монанди он анори ширин ва пурфоида хоҳад буд ва мақбули Ҳақ ва ҳақбоварон. Ва аммо касе ки ботине сиёҳ ва табоҳ дошта бошад, монанди анори пук ва фосид, фақат садое дораду бас.

Он чӣ бомаънист, худ пайдо шавад

В-он чӣ пӯсидаст, он расво шавад.

Он ки дорои маънавият аст, пас аз марг ҳақиқати ботинии ӯ ошкор гардад ва ба саодати ҷовидона расад. Ва он ки аз маънавият холӣ бошад, ба расвоӣ ва шақовати абадӣ дучор ояд.

Рав, ба маънӣ кӯш, эй суратпараст!

З-он, ки маънӣ бар тани сурат пар аст.

Эй суратпараст! Бирав, барои дастёбӣ ба маъно кӯшиш кун, зеро ки маъно барои тан ва колбади одамӣ, ҳамчун болу пар аст барои паранда. Ҳамон тавр ки паранда бидуни пару бол қодир ба парвоз нест, колбади одамӣ низ бидуни парандаи ҷон, қодир ба парвоз нахоҳад буд.

Нукта: Дар ин байт ҷиноси мураккаб ба кор рафтааст: «суратпараст» ва «сурат пар аст».

Ҳамнишини аҳли маънӣ бош, то

Ҳам ато ёбиву ҳам бошӣ фато.

Бо аҳли маъно ҳамнишинӣ кун, то ба баракати ин ҳамнишинӣ, ҳам ба атои маънавии онон даст ёзӣ ва ҳам ҷавонмард ва бофутувват шавӣ.

Нукта: Фато ба маънои ҷавонмард ва бофутувват ва ҷамъи он фитён аст. Яке аз мабоҳиси ҷолиби тасаввуфи Эрон, мароми ҷавонмардӣ аст, ки онро ба арабӣ футувват гӯянд. Ин ойин низ аз Монавиён таъсир гирифтааст. Лутӣ, Дошмаштӣ ва Дош, аз ҳамин маром реша гирифтааст. Ин ойин ва маром муассиртарин роҳи ҷалби оммаи мардум будааст. (Сарчашмаи тасаввуф, с.130) Ойини футувват ё ҷавонмардӣ яке аз суннатҳои соҳибдилон ва орифон аст, ки илова бар буъди руҳӣ ва ботинӣ ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва таъовун ва дастгирӣ аз мискинҳоро низ дорад. Ҷавонмарди ростин касе аст, ки аз ҳавову ҳавас ва худпарастӣ ва худбинӣ гузашта бошад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.286)

Ҷони бемаънӣ дар ин тан бехилоф,

Ҳаст ҳамчун теғи чӯбин дар ғилоф.

Ҷоне, ки фоқиди маънавият аст, бегумон дар ин колбади ҷисмонӣ монанди шамшери чӯбине аст, ки дар ғилоф бошад.

То ғилоф андар бувад, боқимат аст,

Чун бурун шуд, сӯхтанро олат аст.

Модом ки шамшери чӯбин дар ғилоф аст, ба назар арзишманд менумояд, ва чун аз ғилоф бидарояд, танҳо ба дарди сӯзондан мехӯрад.

Нукта: Шамшери чӯбин дар ғилоф, тамсиле аст барои аҳли нифоқ, ки яке аз масодиқи он вазири масеҳикуш буд. Ҳамон тавр ки шамшери чӯбин абзори бозии кӯдакон аст ва ба дарди арсаи корзор намехӯрад, руҳи аҳли нифоқ низ абзори беарзише аст, ки дар арсаи ҳақиқат ба кор наояд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.