Пароканда

Паёми ташаккури раҳбари «Гурӯҳи 24» ва бастагони Шабнам Худойдодова

00043Шарофиддин Гадоев, раҳбари «Гурӯҳи 24» ҳамроҳ бо модар ва хоҳари Шабнам Худойдодова, паёми муштараке ҷиҳати тақдир ва ташаккур аз созмонҳо ва афроде, ки барои озодии Шабнам Худойдодова саъй ва талош намудаанд, содир карданд.

Дар ин паёми кӯтоҳ омадааст:

Иҷоза диҳед, ташаккури амиқи худро ба ҳамаи созмонҳо, афрод ва мудофеъони ҳуқуқи башар, ки барои озодии Шабнам Худойдодова саъй ва талош карданд, иброз бидорем. Инсон ҳамеша бо умед ва бовар ба некии одамони перомунаш зиндагӣ мекунад.

Сипоси зиёд ба Шумо, ки ба фарёди мо расидед ва моро танҳо нагузоштед, ба хусус ба раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев, Раиси «AHRСA» Надежда Атаева, намояндаи «NHC» Мариус Фоссум, намояндаи «HRW» дар Осиёи Миёна Стив Свердлов, вакили мудофеъ ва фаъоли ҳуқуқи башарӣ Файзинисо Воҳидова.

Мо бо ҳам ба ҳама кор тавоноем!

22.02.2016

* * *

Гуфтанист, имрӯз (22.02.2016) Шабнам Худойдодова, фаъоли «Гурӯҳи 24», ки дар Белорус боздошт шуда буд, озод шуд. Дар моҳи июни соли 2015 мақомоти Белорус Шабнам Худойдодоваро дар қаторе боздошт карданд, ки посгоҳи марзии Брест-Восточнийро убур мекард. Сабаби боздошт – дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштани Шабнам Хуйдододова буд. Бар асоси гузориши сойти Радиои Озодӣ, «Худойдодоваро мақомоти Тоҷикистон ба унвони як узви созмони мамнӯаи «Гурӯҳи 24» бо иттиҳоми пахши матолиби интиқодӣ дар ҳаққи ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд. Ба ҳангоми кӯшиши фирор аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки маҳалли кору зиндагии муваққатии Шабнам Худойдодова будааст, ӯ боздошт шуд

Созмони «Вясна» аз ҳукумати Белорус талаб карда буд, ки сирф сиёсӣ будани қазияи Шабнам Худойдодоваро эътироф намуда, ӯро ба ватанаш истирдод накунад. Ин созмон бо пахши изҳороте гуфта буд: «Гуноҳи ин зан танҳо ин аст, ки дар шабакаи Фейсбук дар иртибот бо ҳаводиси ватанаш изҳори назар мекард«.

Ҳуқуқшиноси маркази «Вясна» Настя Лойка рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Минск гуфт: «Ман бисёр мехоҳам, ки шумори тарафдорони ин даъвати мо бештар шавад, номаву паём фиристанд ва аз ҳукуматдорон дар Минск талаб кунанд, ки ӯро ба ҳеч сурат ба Душанбе таслим накунанд. Ӯро дар Тоҷикистон муҷозоти хеле шадид интизор аст

Лозим ба ёдоварист, «Гурӯҳи 24», ки муассисаш шодравон Умаралӣ Қувватов мебошад, дар Тоҷикистон аз октябри соли 2014 мамнӯъ ва ғайриқонунӣ эълон шудааст. То имрӯз даҳҳо нафар бо гумони узвият ва тарафдорӣ аз ин ташаккул, боздошт ва зиндонӣ шуда, ҳудудан 10 нафар дар қаламрави Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин бо дархости Тоҷикистон ба хотири истирдод, боздошт ва иддае аз онҳо озод гардидаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.