Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (91)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (51)

* * *

Мунозиати умаро дар валиаҳдӣ (3)

* * *

Теғи чӯбинро мабар дар корзор,

Бингар аввал, то нагардад кор зор.

Шамшери чӯбинро ба овардгоҳ мабар, ва пеш аз рафтан ба майдони ҷанг, ба шамшерат нигоҳ кун, ки корат зор нашавад.

Корзор: ҷанг ва набард. Зор: хароб ва нобасомон.

Нукта: Дар ин байт, санъати ҷиноси мураккаб ба кор рафтааст: «корзор» ва «кор зор».

Гар бувад чӯбин, бирав дигар талаб

В-ар бувад алмос, пеш о бо тараб.

Агар дар ин ҷаҳон руҳу равоне чӯбин ва фоқиди нишоти маънавӣ дорӣ, бирав руҳи дигаре талаб кун, ки дорандаи камол бошад. Ва агар руҳат алмосин (тез ва дурахшон) аст, бо нишот ва шодӣ пеш биё.

Нукта: «Дигар талабидан» дар инҷо киноя аз такмил кардани руҳ ва оростани он ба зевари камолот аст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.50)

Теғ дар зарродхонай авлиёст,

Дидани эшон шуморо кимиёст.

Шамшери тез ва дурахшон дар назди авлиёуллоҳ аст. Яъне ҳақиқат ва камоли маъно дар қалби авлиёуллоҳ аст. Ва дидор ва мусоҳибати онон монанди кимиёст.

Зарродхона: коргоҳи аслиҳасозӣ.

Нукта: Аз инҷо ба баъд, аҳаммияти мусоҳибат бо пирони роҳдон ва касби файз аз маҳзари онон, мавриди тасреҳи Мавлоно воқеъ шудааст. Ва ин аз мабонии мактаби Мавлоност, ки сулук бояд таҳти иноят ва ҳидояти муршид ва ҳодии ростин бошад. Онон бо кимиёи маъно миси вуҷуди толибонро ба тиллои ноби камол мубаддал месозанд.

Ҷумла доноён ҳамин гуфта, ҳамин,

Ҳаст доно раҳматан лил-ъоламин.

Ҳамаи фарзонагон ва доноёни ҷаҳон низ ҳамин суханро гуфтаанд. Ва ин доноён барои ҳамаи ҷаҳониён раҳмат ва баракат ҳастанд.

Нукта: «Раҳматан лил-ъоламин» баргирифташуда аст аз ояти 107 сураи Анбиё, ки мефармояд: «Ва моро туро (эй Паёмбар!) нафиристодем, магар он ки барои ҷаҳониён раҳмате бошӣ«. Сӯфиён ақида доранд, ки ҳодиёни илоҳӣ раҳмат ва атияи осмонӣ ҳастанд; зеро мардумро аз шарри нафси аммора ва худбинӣ мераҳонанд.

Гар аноре мехарӣ, хандон бихар,

То диҳад ханда зи донай ӯ хабар.

Ба унвони мисол, агар анор мехарӣ, аноре бихар, ки хандон бошад. Яъне аноре бихар, ки аз ғояти расидагӣ, пӯсташ шикофта бошад ва хандаи он донаҳояшро ошкор кунад.

Нукта: Анор дар инҷо тамсиле аст барои орифи роҳбар, ки вақте даҳон ба сухан мегушояд, калимоти зебо ва нуронияш ҳикоят аз ботини тобноки ӯ мекунад.

Эй муборак хандааш, к-ӯ аз даҳон,

Менамояд дил, чу дурр аз дурҷи ҷон.

Фархунда бодо хандаи он анор! Яъне муборак бод каломи он орифе, ки марвориди асрорро аз сандуқчаи дилаш нишон медиҳад ва соликонро ба ҳақоиқи ирфонӣ мерасонад.

Дурҷ: сандуқчаи ҷавоҳир.

Номуборак хандаи он лола буд,

К-аз даҳони ӯ сиёҳӣ дил намуд.

Аммо номуборак аст хандаи лола. Яъне суханони муршиднамоёни фиребкор муборак нест. Ва гуфторашон бар сиёҳии дилашон далолат мекунад.

Хандаи лола киноя аз мардуми сиёҳдил ва тиработин аст.

Нори хандон боғро хандон кунад,

Сӯҳбати мардон(а)т аз мардон кунад.

Анори расида ва хандон боғро хандон ва бонишот мекунад. Ва ҳамнишинӣ бо пирони ҳақиқат, туро дар шумори ҳақиқатбоварон дармеоварад.

Гар ту санги сахраву мармар шавӣ,

Чун ба соҳибдил расӣ, гавҳар шавӣ.

Агар фаразан ту дар сахтӣ ва адами истеъдод монанди санги хоро ва санги мармар бошӣ, ҳамин ки ба орифони соҳибдил бирасӣ ва бо онон мусоҳибат кунӣ, санги бефарҳанги вуҷуди туро ба гавҳари маъно бадал кунанд.

Меҳри покон дар миёни ҷон нишон,

Дил мадеҳ илло ба меҳри дилхушон.

Эй толиби ҳақиқат! Дӯстӣ ва муҳаббати поконро дар миёни ҷонат қарор деҳ. Дил мадеҳ, магар ба дӯстӣ ва меҳри дилхушон.

Дилхуш: шодмон ва хуррам.

Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост,

Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост.

Ба маҳаллаи ноумедӣ марав, зеро ки умедҳое вуҷуд дорад. Яъне навмед машав, ки ҳазрати Парвардигор лутфҳои пинҳони бешуморе дорад, ва ба тарафи торикиҳо марав, ки хуршедҳои вилоят ва ҳидояти авлиёуллоҳ вуҷуд дорад ва соликонро ҳидоят мекунад.

Дил туро дар кӯйи аҳли дил кашад,

Тан туро бар ҳабси обу гил кашад.

Дил туро ба кӯйи соҳибдилон мебарад, вале тан ва куллан умури нафсонӣ, туро дар зиндони обу гил ҳабс мекунад.

Нукта: Агар тобеи дил шавӣ, бар асари ҳамнишинӣ бо соҳибдилон ба давлати маънавӣ ва абадӣ хоҳӣ расид. Ва агар шефтаи фармонравоии тан ва нафсониятҳо шавӣ, дар зиндони обу гил хору залил хоҳӣ шуд.

Ҳин, ғизои дил бидеҳ аз ҳамдилӣ,

Рав, биҷӯ иқболро аз муқбиле.

Баҳуш бош, ки аз ҳамдилӣ ва ваҳдат ба дилу ҷонат ғизо диҳӣ, ва бикӯш ва ҷӯё бош, ки аз касоне, ки ба иқболи ҳақиқӣ даст ёфтаанд, иқболи ҳақиқиро ба даст оварӣ.

Ҳамдилӣ: як раъйӣ, ҳамҷиҳатӣ, ҳамандешӣ. Муқбил: некбахт, соҳиби иқбол.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.