Перейти к содержимому

Худшиносӣ (19) – Худшиносӣ барои чист?

Баҳсҳои мо дар бораи худшиносӣ тақрибан рӯ ба поён аст, фақат ду се матлаб боқӣ монда, ки лозим аст дар бораи онҳо сӯҳбат бикунем. Яке ин ки: асосан худшиносӣ барои чист? Оё худаш, ба худии худ, як ҳадаф аст? Ва ё барои ҳадафи дигаре манзур шудааст? Масъалаи дигаре ҳам, ки дӯст дорам дар ин силсиламақолот пиромуни он баҳс ба амал биёварам, масъалаи миллатдӯстӣ аст (ки бо масъалаи «худогоҳии миллӣ» ё «худшиносии миллӣ» пайванд мехӯрад) ва ин ки миллатдӯстӣ оё ҳамон нажодпарастӣ нест? Ва агар нест, пас фарқаш бо нажодпарастӣ кадом аст ва чаро миллатдӯстӣ писандида ва нажодпарастӣ нописанд ва зишт будааст? Ва масъалаи ахир, баррасии масъалаи «худогоҳии миллӣ» аз манзари ислом аст.

Инак, дар ин мақола, ба масъалаи аввал мепардозем, яъне худшиносӣ барои чист?

* * *

Бо ин ки худшиносӣ, ба худии худ низ, метавонад матлуб бошад (зеро ки аз мақулаи илм ва огоҳӣ аст, ва ҳар навъ огоҳӣ ва донистан, ба худии худ ҳам матлуб аст), вале муҳимтар аз он ин аст, ки бидонем, худшиносӣ барои худсозӣ аст. Ба сухани дигар, мо агар мехоҳем худамонро бишносем – чӣ дар сатҳи фард ва чӣ дар сатҳи ҷомеа – барои ин аст, ки то дар партави ин шинохт, худамонро бисозем.

Масалан, агар ба ҳақиқати худамон огоҳӣ пайдо кардем, ба унвони мавҷуде, ки руҳе худоӣ дорад ва камолаш дар тақарруб ва наздикӣ ба Худост, ин огоҳии сирф ҳеч дардеро даво нахоҳад кард агар моро водор ба амал накунад. Яъне, агар амалан ба Худо наздик нашавем, ҳеч суде нахоҳад дошт ва балки чи басо зарару зиён ҳам дошта бошад.

Ва аммо роҳҳои худсозӣ кадом аст?

Дар ин ки роҳҳои худсозӣ ва ё барномаи худсозӣ кадом аст, беҳтар он аст, ки инро аз забони аҳлаш бишнавем, яъне аз забони касоне ки воқеан афроде худсохта буданд. Ҳоло ду намуна аз тавсияҳои афроде бориз ва барҷастаро дар ин замина меоварам.

1. Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р), яке аз урафои барҷаста, роҳҳои худсозиро чунин баён мекунад: «Итоат аз фармонҳо ва дастурҳои илоҳӣ, адаб дар ҳаракоту саканоту зиндагӣ, пок кардани дил аз ахлоқи нописанд, оростани дил ба ахлоқи писандида.» (Эҳёи улуми дин)

2. Аллома Таботабоӣ, файласуф ва орифи муосир, дар посух ба номаи ҷавоне, ки аз эшон роҳҳои худсозиро пурсид, навишта: «Барои муваффақ шудан ва расидан ба манзуре, ки дар пушти варақ марқум доштаед, лозим аст ҳиммате бароварда, тавбае намуда, ба муроқаба ва муҳосаба бипардозед; ба ин наҳв, ки ҳар рӯз субҳ, ки аз хоб бедор мешавед, қасди ҷиддӣ кунед, ки дар ҳар амале, ки пеш ояд, ризои Худовандро муроъот хоҳам кард. Он вақт дар сари ҳар коре, ки мехоҳед анҷом диҳед, нафъи охиратро манзур хоҳед дошт; ба тавре ки агар нафъи ухравӣ надошта бошад, анҷом нахоҳед дод, ҳарчи бошад.

Ҳамин ҳолро то шаб вақти хоб идома хоҳед дод. Ва вақти хоб чаҳор-панҷ дақиқае дар корҳое, ки (дар) рӯз анҷом додаед, фикр карда, яке-яке аз назар хоҳед гузаронид. Барои ҳар кадом, ки мутобиқи ризои Худо анҷом ёфта шукр бикунед. Барои ҳар кадом, ки тахаллуф шуда, истиғфор бикунед ва ин равияро ҳар рӯз идома диҳед.

Ин равиш агарчӣ дар ибтидои ҳол сахт ва дар зоиқаи нафс талх мебошад, вале калиди наҷот ва растгорӣ аст. Ва ҳар шаб пеш аз хоб агар тавонистед, сураи Мусаббиҳот (Яъне сураи Ҳадид, Ҳашр, Сафф, Ҷумъа ва Тағобун)-ро бихонед, ва агар натавонистед, танҳо сураи Ҳашрро бихонед…

Ва зимнан, рӯзона ақаллан бо Худои худ соате хилват карда ва ба зикри Ӯ машғул бошед. Ва дар хӯрдан ва нӯшидан ва ҳарф задан ва муъошират ва хоб, аз ифроту тафрит (зиёдаравӣ ва камравӣ) бипарҳезед ва фурсатро ғанимат шуморед. Дар ин хусус, Паёмбари Худо (с) ба ҳазрати Алӣ (а) низ фармудаанд:

«Эй Алӣ! суфориш мекунам, хислатҳоеро дар худ дошта бошӣ, пас онҳоро ҳифз кун.»

Сипас фармуд: Худоё! Ӯро ёрӣ кун…

Аввалин хислат, ростгӯӣ аст. Ҳаргиз аз даҳони ту дурӯғ хориҷ нашавад.

Парҳезкорӣ аст, бар хиёнат худро ҷуръат мадеҳ.

Тарс аз Худост, ба гунае ки гӯӣ ӯро мебинӣ.

Гиряи зиёд аз тарси Худованд аст, ки бо ҳар қатраи ашк, барои ту хонае дар биҳишт сохта мешавад.

Бахшидани молу ҷон дар роҳ дин аст.

Амал ба суннати ман дар намоз, рӯза ва садақа аст.

Аммо намоз, пас намоз панҷоҳ ракъат аст. Аммо рӯза, пас се рӯз дар ҳар моҳ аст. Панҷшанбеи аввали ҳар моҳ ва чаҳоршанбеи васати ҳар моҳ ва панҷшанбеи охири ҳар моҳ. Аммо садақа, ба андозаи кӯшиш ва тавони туст, то он ҷо ки гуфта шавад исроф кардаӣ, аммо дар воқеъ исроф накардаӣ.

Бар ту бод намози шаб! Бар ту бод намози шаб! Бар ту бод намози шаб! Ва бар ту бод намози зуҳр ва бар ту бод қироати Қуръон дар ҳар ҳол! Ва бар ту бод боло бурдани дастҳоят дар намоз ва баргардондани онҳо ва бар ту бод мисвок задан дар ҳангоми ҳар вузӯ ва намоз! Бар ту бод ахлоқи некӯ, ки онҳоро дар худ дошта бошӣ! Ва бар ту бод, ки аз ахлоқи нописанд парҳез намоӣ! Пас агар инҳоро анҷом надодӣ, ҷуз худ касеро маломат накун.»

Бинобар ин, бешак аз муҳимтарин роҳҳои мубориза бо нафс, худороӣ ба макорими ахлоқ (ахлоқи писандида) аст.

Имом Содиқ (а) дар ин хусус фармуд: «Худованд паёмбарашро ба макорими ахлоқ ихтисос ва вижагӣ дод, пас худро имтиҳон кунед ва агар аз макорими ахлоқ бархӯрдор будед, Худоро сипос гӯед ва аз ӯ макорими фузунтареро биталабед. Ҳазрат 10 чизро ба унвони макорими ахлоқ баршумурдаанд, ки иборатанд аз: яқин, қаноат, шикебоӣ, шукр, бурдборӣ, ҳусни хулқ, саховат, ғайрат, шуҷоат ва мурувват.»

Дар хотима орзумандам, ки дар тафаккур, азм, мушората, муроқаба ва муҳосаба ҳамеша Худоро дар назар бигирем ва дар масири ин роҳи душвор вале боарзаш, аз бузургони дин улгу ва раҳнамун бигирем, зеро:

Тайи ин марҳила бе ҳамраҳии Хизр макун

Зулумот аст битарс аз хатари гумроҳӣ»

Идома дорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: