Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (92)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (52)

* * *

Таъзими наъти Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки мазкур бувад дар Инҷил

* * *

Буд дар Инҷил номи Мустафо,

Он сари пайғамбарон, баҳри сафо.

Номи ҳазрати Муҳаммад (с) дар Инҷил омада буд. Ҳамон паёмбаре, ки сарвари анбиё ва дарёи сафо ва нуроният аст. (Ҳамон тавре ки дар қисмате аз ояти 6 сураи Сафф омадааст: «… навид диҳам ба омадани расуле, ки аз паси ман (Исо) ояд, ки номаш Аҳмад аст.»)

Нукта: Муҳаққиқони мусалмон гуфтаанд, ки Пороклитус (ба юнонӣ), ки арабии он Фороқлит мешавад ва ба маънои «тасаллидиҳанда» аст, бар Паёмбар (с) далолат дорад. Ин ном чанд бор дар Инҷили Юҳанно, боби 14-ум ояти 16 ва 26, боби 15-ум ояти 26 ва боби 16-ум ояти 7 омадааст. Аммо масеҳиён мурод аз онро Руҳулқудс медонанд. Боз муҳаққиқони мусалмон ақида доранд, ки номи Муҳаммад (с) айнан дар Инҷили Барнобо ба унвони расули Худо омадааст, лекин ин Инҷил мавриди таъйиди масеҳиён нест.

Буд зикри ҳиляҳову шакли ӯ,

Буд зикри ғазву савму акли ӯ.

Васфи шакл, шамоил ва ахлоқи Муҳаммад (с) ва ҷиҳод, рӯза, ифтор ва хӯрдани ӯ ҳама дар Инҷил омадааст.

Ҳиля: зинат ва зевар, ранг ва мушаххасоти зоҳирии касе, дар инҷо авсоф ва шамоил аст. Ғазв: ҷанг ва пайкор. Савм: рӯза. Акл: хӯрдан.

Тоифай насрониён баҳри савоб

Чун расидандӣ бад-он ному хитоб,

Бӯса додандӣ бар он номи шариф,

Рӯ ниҳодандӣ бар он васфи латиф.

Гурӯҳе аз насрониён ҳамин ки ба он номи шариф ва хитоби латиф мерасиданд, яъне вақте Инҷилро мехонданд ва ном ва авсофи шарифи ҳазрати Муҳаммад (с)-ро меёфтанд, барои бурдани аҷру савоб, он номи шарифро мебӯсиданд ва рух бар авсофи ҷамили он ҳазрат мениҳоданд. Яъне, аз ҷону дил он ишорат ва башоратро эҳтиром мениҳоданд ва азизаш мешумурданд.

Андар ин фитна, ки гуфтем, он гурӯҳ

Эмин аз фитна буданду аз шикӯҳ.

Дар ин фитна, ки мо пештар баён кардем, яъне дар моҷарои вазири маккор, он даста аз масеҳиён, ки номи ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бузург доштанд ва азизаш шумурданд, аз вартаи фитна ва ошӯб растанд.

Эмин аз шарри амирону вазир,

Дар паноҳи номи Аҳмад мустаҷир.

Ва аз шарри амирон ва он вазир эмин ва солим монданд ва дар паноҳи номи шарифи Аҳмад (с) паноҳ гирифтанд. Яъне хулоса, аз ҳалокат ва хасорати дунё ва охират раҳиданд.

Мустаҷир: паноҳхоҳанда.

Насли эшон низ ҳам бисёр шуд,

Нури Аҳмад носир омад, ёр шуд.

Насли онон фаровон шуд ва нури ҳазрати Муҳаммад (с) ёру ёвари онон гашт.

В-он гурӯҳи дигар аз насрониён

Номи Аҳмад доштандӣ мустаҳон

Мустаҳону хор гаштанд аз фитан

Аз вазири шумройи шумфан.

Аммо дастаи дигаре аз насрониён, ки номи Аҳмад (с)-ро хору ҳақир медоштанд, онон ба сабаби тавҳин ба он номи шариф, дар фитнаҳое, ки миёнашон барпо шуд, ҳақир ва залил шуданд. Яъне он вазири бадандеш ононро ба вартаи фитнае ҳавлнок дарафканд ва ба ин тартиб, ба хорӣ ва зиллат гирифторашон овард.

Мустаҳон: ҳақир ва фурӯмоя. Шумрой: он ки фикр ва нияти бад дошта бошад. Шумфан: он ки тарфанди нописанд ба кор гирад.

Ҳам мухаббат динашону ҳукмашон

Аз пайи тӯморҳои кажбаён.

Бад-ин сон дину ойини насрониён ба сабаби он тӯморҳои махдуш ва гумроҳкунанда ошуфта ва дарҳам барҳам шуд.

Мухаббат: ошуфта ва парешон. Кажбаён: сухани дарҳам барҳам ва мутаноқиз.

Номи Аҳмад инчунин ёрӣ кунад,

То ки нураш чун нигаҳдорӣ кунад?

Вақте ки номи шарифи Аҳмад (с) ин гуна ёварӣ мекунад, пас бингар, ки нури ҳақиқати он ҳазрат чӣ гуна мардумонро аз гумроҳиро ва табоҳиҳо нигаҳ медорад?!

Номи Аҳмад чун ҳисоре шуд ҳасин,

То чӣ бошад зоти он Руҳуламин?

Номи шарифи ҳазрати Аҳмад (с) монанди қалъае устувор буд. Пас ҳар кас ба он қалъа дармеомад, аз фитнаҳо мераҳид. Ҳол аз ин матлаб дарёб, ки зоти шарифи он Руҳуламин чӣ устувор қалъае аст?!

Ҳасин: муҳкам ва устувор.

Нукта: Руҳуламин васфи ҳазрати Ҷабраил (а) аст, чунон ки дар ояти 193-194 сураи Шуъаро омадааст: «Ҷабраили Амин Қуръонро бар қалби ту (Муҳаммад) нозил кард, то аз бимдиҳандагон бошӣ

Аллома Табарсӣ, муфассири барҷастаи Қуръон, мегӯяд: «Мурод аз Руҳуламин ҳамоно Ҷабраил аст, ки дар ваҳйи илоҳӣ тағйире эҷод намекунад. Ва ин ки Руҳ номида шуда, ба ин хотир аст, ки бо баракоте, ки аз Арш меоварад, арвоҳи одамиёнро зинда кунад.» (Маҷмаъул-баён, ҷ.7, с.204)

Пас, инки Ҷабраилро амин хондаанд, ба ин далел аст, ки ӯ мавриди эътимоди Ҳақ Таъолост ва дар расондани паёми илоҳӣ ба анбиё ва ҳазрати Муҳаммад (с), амонатро ҳифз кардааст; на чизе ба он афзуда ва на аз он костааст ва на дар он халал ва таҳрифе даровардааст ва на дучори нисён ва фаромӯшӣ шудааст; чунон ки дар ҷойи дигар ӯро Руҳулқудс васф кардааст аз он рӯ, ки аз айбҳо пок ва муназзаҳ аст.

Аммо дар байти фавқ, мурод аз Руҳуламин ҳазрати Паёмбар (с) аст, ба ин муносибат, ки Амин яке аз алқоби мубораки он ҷаноб (с) ба шумор меравад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.