Машоҳир

Диктотурҳо қабл аз расидан ба қудрат чӣ кора буданд?

Мақолае аз Elena Holodny дар рӯзномаи Independent

Диктотурҳо аз ҳамон аввал бар маснади қудрат набуда ва бар асоси равобит бар сандалии қудрат такя заданд, аммо фаромӯш карданд, ки рӯзе навбати онҳост, ки сандалиро ба шахси дигаре вогузар кунанд. Пеш аз табдил шудан ба як диктотур, онҳо дар чӣ шуғле машғул ба кор буданд?

Диктотурҳо аз назари сиёсӣ ва низомӣ, ҳама чизро ба нафъи худашон мехоҳанд. Яке аз ин диктотурҳо рӯзе муаллим буд ва дигаре ҳунарманд, аммо дасти рӯзгор тамоми онҳоро ба як ҳокими мустабидд табдил кард.

Бениту Мусулинӣ (Benito Mussolini)

Мусулинӣ аввал мудири як мадраса буд ва баъдҳо ба унвони рӯзноманигори сиёсӣ машғул ба кор шуд. Дар Доиратулмаорифи Britannica омада, ки «ӯ ба далели ин ки мутаваҷҷеҳ шуд ба дарди кори мудирияти мадраса намехӯрад, аз он кор хориҷ шуд.» Мусулинӣ сипас ба Суис (Швейтсария) рафт ва дар чанд кор машғул ба кор шуд, то дар ниҳоят дар кори рӯзноманигори сиёсӣ ба унвони фарде зубда шинохта шуд.

Ким Ир Сен

Ким Ир Сен, раҳбари пешини Куреи Шимолӣ, дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дуввум ба унвони як саргурд дар артиши Шӯравии собиқ машғул ба кор буд. Каме қабл аз он ва дар даҳаи 30, Ким ба нерӯҳои чирикии муборизи Куре алайҳи ишғоли Жопун пайваст.

Жузеф Истолин (Иосиф Сталин)

Жузеф Истолин, диктотури Шӯравии собиқ, дар ибтидо дар як мадрасаи улуми динӣ таҳсил кард. Ӯ сипас ба унвони як муаллим ва корманд машғул ба кор шуд, аммо муддате баъд аз кораш инсироф дод.

Модари Истолин одаме мазҳабӣ буд ва дӯст дошт, ки фарзандаш кашиш шавад. Бад-ин тартиб шуд, ки Жузеф ба мадрасаи улуми динии Тифлис рафт. Гарчи нумароташ (баҳояш) дар ин мадраса воқеан олӣ буданд, аммо ӯ тасмим гирифт, то дар соли 1899 аз онҷо хориҷ шавад. Бархе мегӯянд, ки ӯ ба далели бепулӣ аз онҷо тарки таҳсил кард, вале бархе дигар мӯътақиданд, ки далели он, идеулужиҳои зидди подшоҳии Жузеф буд. Ӯ албатта пас аз он ба унвони мударрис ва корманд дар расадхонаи Тифлис машғул ба кор шуд.

Одулф Ҳитлер (Adolf Hitler)

Одулф Ҳитлер, пешвои нозиҳои Олмон, дар ҳирфаи наққошӣ бо обранг машғул ба кор буд. Одулф ба ҳунарҳои зебо алоқаманд буд, аммо падараш чандон бо ӯ мувофиқ набуд. Ӯ дар Вен дар ҳирфаи наққошӣ бо обранг ва баъзан коргари маъмулӣ машғул ба кор шуд. Дар ниҳоят низ ду мартиба барои вуруд ба Окодемии ҳунарҳои зебо талош кард, ки ҳар ду бор низ шикаст хӯрд.

Пол Пут (Pol Pot)

Диктотури Комбуҷ дар як мадрасаи хусусӣ дарсҳои торих, ҷуғрофиё ва адабиёти Фаронсаро тадрис мекард. Ӯ дар Порис бо бурси таҳсилӣ дар риштаи муҳандисии родию (радиоэлектроника) таҳсил кард. Ӯ бештар аз фаъолитҳои илмӣ дар фаъолиятҳои сиёсӣ фаъол буд ва пас аз ин ки дар имтиҳонот муваффақ набуд, бурси таҳсилияш қатъ шуд. Пас аз бозгашт буд, ки дар як мадрасаи хусусӣ тадрис кард.

Иди Амин

Диктотури Угондо пеш аз расидан ба сандалии қудрат дастёри ошпаз, қаҳрамон бокс ва шиногаре моҳир буд. Иди Амин дар соли 1946 ба унвони дастёри ошпаз ба нерӯҳои «туфангдорони офриқоии шоҳ» дар мустаъмароти Бритониё пайваст. Ӯ сипас байни солҳои 1951 то 1960 қаҳрамони бокс буд. Ҳатто гуфта мешавад, ки ӯ дар варзиши шино низ маҳорат доштааст.

Фронсуо Дуволие (François Duvalier)

Фронсуо Дуволие маъруф ба Бобо Дук (Papa Doc), диктотури Ҳоитӣ (Гаити) буд ва пеш аз расидан ба қудрат, як пизишк буд. Ӯ дар соли 1934 аз Донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Ҳоитӣ фориғуттаҳсил шуд ва то соли 1943 дар бемористон машғул ба кор буд.

Никулой Чоушеску (Nicolae Ceausescu)

Никулой Чоушеску танҳо то мақтаи ибтидоӣ таҳсил кард ва пас аз тарки рустои маҳалли зиндагии худ, дар як каффошӣ ба унвони шогирд машғул ба кор шуд.

Фронсиску Фронку (Francisco Franco)

Диктотури Испониё ба артиш пайваст ва дар соли 1915 ба унвони ҷавонтарин копитани артиши Испониё номи худро матраҳ кард. Женерол Фронку аз Окодемии пиёданизоми Туледу (Toledo) фориғуттаҳсил шуд ва сипас барои хидмати довталабона ба кампинҳои истеъморӣ дар манотиқи таҳти нуфузи Испониё дар Марокаш озим шуд.

Тӯле накашид, ки ӯ ба «хидмати ҳирфаӣ» ва «аҳаммият додани беш аз ҳадди маъмул ба рифоҳи нерӯҳо» машҳур шуд. Ӯ дар сол 1915 ба ҷавонтарин копитани артиши Испониё табдил шуд.

Моксимилиён Рубеспер (Maximillien Robespierre)

Ӯ яке аз маъруфтарин раҳбарони Инқилоб Фаронса буд ва ба унвони вакил пули хубе ба ҷайб мезад. Ӯ баъдҳо ба унвони қозӣ дар додгоҳи Salle Épiscopale машғул ба кор шуд. Умури ҳавзаи усқуфнишин таҳти назари ин додгоҳ буд. Дар Доиратулмаорифи Britannica омада, ки «шуғли ӯ даромади бисёр хубе барояш ба ҳамроҳ доштааст

Угусту Пинуше (Augusto Pinochet)

Диктотури Чили дар Окодемии ҷанг ба тадриси дарси жеупулутик машғул ба кор буд. Ӯ дар риштаи афсари пиёданизом дар соли 1937 фориғуттҳсил шуд.

Хурхе Рофоел Видело (Jorge Rafael Videla)

Диктотури Оржонтин дар артиш буд. Ӯ дар соли 1944 аз Колеҷи низомӣ фориғутаҳсил шуд ва сипас ба артиши кишвараш пайваст. Ӯ дар сол 1973 ба унвони фармондеҳи ситоди нерӯи заминии Оржонтин мансуб шуд.

Independent

Рубрики:Машоҳир

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.