Перейти к содержимому

Худоё, оқибат бахайрамон кун!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

imageОқибат бахайрӣ, хеле муҳим аст. Одам бояд ҳамвора аз Худо бихоҳад, ки як лаҳза ӯро ба ҳоли худаш вомагузорад. Инсонҳое буданд, ки тамоми умри худро вақфи роҳи Худо карда ва хидматҳо ва заҳамоти зиёде дар ин роҳ кашиданд, вале як лаҳза, ки ба далели ғалабаи ҳавоҳои нафсонӣ аз ҷодаи ҳақ берун шуданд, саранҷоми бисёр баде гиребонгирашон шуд.

Худованд дар Қуръони Карим аз фарде ба номи Балъами Боъуро – ки дар замони ҳазрати Мӯсо (а) мезиста — сухан ба миён меоварад. Балъам аз муқаррабони даргоҳи илоҳӣ ва аз касоне будааст, ки дуояшон ҳамвора мустаҷоб буда, вале як лаҳза аз Худо ғофил мешавад ва аз ҳавову ҳавасҳои нафсонӣ пайравӣ ва он гоҳ аз гумроҳон мегардад:

وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ الَّذِي آتَيْنَاهُ آيَاتِنَا فَانسَلَخَ مِنْهَا فَأَتْبَعَهُ الشَّيْطَانُ فَكَانَ مِنَ الْغَاوِينَ. وَلَوْ شِئْنَا لَرَفَعْنَاهُ بِهَا وَلَٰكِنَّهُ أَخْلَدَ إِلَى الْأَرْضِ وَاتَّبَعَ هَوَاهُ ۚ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ الْكَلْبِ إِن تَحْمِلْ عَلَيْهِ يَلْهَثْ أَوْ تَتْرُكْهُ يَلْهَث ۚ ذَّٰلِكَ مَثَلُ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا ۚ فَاقْصُصِ الْقَصَصَ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ

«Ва бар онон хабари он кас (Балъами Боъуро)-ро бархон, ки оятҳои хеш (яъне бархе каромот ва иҷобати дуо)-ро ба вай додем, вале ӯ аз онҳо берун рафт, пас шайтон дар пайи ӯ уфтод, то аз гумроҳон гашт. Ва агар мехостем, ҳар ойина ӯро ба сабаби он (ба ҷойгоҳи баланд) бармедоштем, ва лекин ӯ ба замин (ва дунё ва молу ҷоҳи он) часпид ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ кард…»

Он гоҳ Худованд ӯро ба як саги ҳор ташбеҳ мекунад ва мефармояд: «Ӯ ҳамчун саги ҳор аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, даҳонашро боз ва забонашро берун хоҳад кард, ва агар ӯро ба ҳоли худ вогузорӣ ва раҳояш кунӣ, боз ҳамин корро мекунад. Ин масали ҷамъияте аст, ки оятҳои моро такзиб карданд. Ин достонҳоро (барои онҳо) бозгӯ кун, шояд биандешанд (ва бедор шаванд).» (Сураи Аъроф, оятҳои 175-176)

* * *

Шояд азизон ба чашмони худ дидаанд, афроде, ки ҷавонии худро вақфи мубориза ва муҷоҳидат дар роҳи Худо карда буданд, вале ба хотири як мансаб ва ҷойгоҳи ночиз ва ё пул, тамоми он талошҳо ва кӯшишҳои худро барбод дода ва саранҷоми бисёр шуме доштаанд. Ва аҷиб он, ки инчунин афрод ҳаргиз худашон мутаваҷҷеҳ нестанд, ки чӣ саранҷоме гиребонгирашон шудааст. Ҳамеша мавзеъгириҳо ва корҳои нописанди худро тавҷеҳ мекунанд, ва ҳатто ҷояш, ки омад, як амали ҳаромро ҳам, ки анҷом бидиҳанд, тавҷеҳ мекунанд.

Дар бораи як қозӣ ва фақеҳи бисёр барҷаста дар шаҳри мо (Истаравшан) ҳикоят мекунанд (ва феълан, намехоҳам исмашро инҷо ёдовар шавам); шахсе, ки дар илми фиқҳ беназир буда ва ҳатто уламо ва муллоҳо аз атрофу акноф пеши ӯ меомадаанд ва ҳалли масоили печидаи фиқҳиро аз ӯ мепурсиданд ва посухи худро мегирифтаанд. Аммо ҳамин шахсият намоз намехондааст. Боре Тӯраи Субҳонқулихон (яке дигар аз уламои қарни 20-ум дар шаҳри мо) барои зиёрати он фақеҳ меояд ва ҳангоме ки сӯҳбаташон гарм буда, ҳамсари он фақеҳ хитоб ба Тӯраи Субҳонқулихон мегӯяд: «Тӯрапоччо! Ба ҳамин устодатон намешавад, ки гӯед, намозашонро бихонанд, пояшон ба лаби гӯр расида, фардо пеши Худо чӣ ҷавоб медода бошанд?!» Он фақеҳ билофосила мегӯяд, Худо фармуда: «Фа вайлул лил-мусаллин!» (Яъне, вайл бар намозгузорон!) Мо ҳам, ки намоз намехонем, аз вайл (ҷойгоҳе дар дӯзах) дар амонем!

Бибинед, чӣ гуна тавҷеҳ мекунад як амали бисёр фоҳиши худро.

Аммо ин ки чӣ чизҳое боис мегардад, ки инсонҳо инчунин саранҷоме домангирашон бишавад, асбоб ва омилҳои бисёре дорад, ки асоситарини онҳо ё пайравӣ аз ҳавоҳои нафсонӣ аст, ё ҷоҳу мақом аст, ё хӯрдани моли ҳаром аст, ё иртикоби муҳаррамот аст ва ғайра… Худованд мефармояд, касоне ки гуноҳ мекунанд, оқибат корашон ба ҷое мерасад, ки ҳатто оятҳои Худоро такзиб хоҳанд кард ва на Худоро хоҳанд шинохт ва на паёмбарро:

ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاؤُوا السُّوأَى أَن كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَكَانُوا بِهَا يَسْتَهْزِئُون

«Сипас саранҷоми касоне, ки аъмоли бад муртакиб шуданд ин аст, ки оятҳои Худоро такзиб карданд ва онро ба масхара гирифтанд.» (Сураи Рум, ояти 10)

Вақте инсон муртакиби як гуноҳ мешавад, дар қалбаш як лаккаи сиёҳ ба вуҷуд меояд ва чун бар гуноҳ идома дод, бар он лаккаҳои сиёҳ афзуда мешавад ва ба тадриҷ кор ба ҷое мерасад, ки қалбаш тамоман тираву тор мегардад. Ва ин ҷост, ки дигар кораш тамом мешавад:

بَلَى مَن كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُوْلَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

«Бале, касоне ки гуноҳ кунанд ва осори гуноҳ саросари вуҷудашонро бипӯшонад, онҳо аҳли оташанд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд.» (Сураи Бақара, ояти 81)

Одам бояд хеле муроқиб бошад. Зеро як лаҳза ғафлат аз Худо ва анҷоми як гуноҳ, муқаддимаи бадбахтӣ ва шақовати ҷовидонии ӯ мешавад. Хусусан дар арсаи сиёст – он ҳам дар ин асру замон – ки одам бояд хеле муроқиб бошад, чаро ки сиёсат дар ин асру замон мутаассифона муқорин шуда бо анвои гуноҳон; гӯӣ ин ки дурӯғ, фиреб, найранг ва ғайра аз гуноҳон, ҷузъи лоянфакки олами сиёсат бошад. Бинобар ин, одам то худсохта набошад ва ба худ итминон надошта бошад, беҳтар аст пояшро ба ин арса нагузорад, ки дунё ва охирати худро сӯхтааст. Инки аҳёнан инсонҳоеро мебинем, ки торихе бисёр дурахшон доштаанд — аз муборизаҳо ва муҷоҳидатҳо ва аз худ гузаштагиҳо — вале оқибат корҳо ва аъмоле аз онҳо сар мезанад, ки одам ангушти ҳайрат мегазад, ба ин хотир аст, ки вуҷудашон ба анвои гуноҳон — аз дурӯғ гуфтану найранг кардану моли ҳаром хӯрдану ғайра – олуда шуда ва як дафъа чунон шақӣ ва бадбахт гардидаанд, ки ҳатто худашон мутаваҷҷеҳ нестанд.

Намегӯям, ки бояд ба куллӣ пой ба арсаи сиёсат нагузошт, ҳаргиз! Балки арзам ин аст, ки аввал бояд инсон худашро бисозад ва ба ҷое бирасад, ки битавонад хатту машйи сиёсатро дигаргун созад, на ин ки сиёсат ӯро олуда ва дигаргун кунад.

Худоё, оқибат бахайрамон кун!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: