Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (93)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (53)

* * *

Ҳикояти подшоҳи ҷуҳуди дигар, ки дар ҳалоки дини Исо саъй намуд (1)

* * *

Баъд аз ин хунрези дармоннопазир,

К-андар афтод аз балои он вазир.

Як шаҳи дигар зи насли он ҷуҳуд

Дар ҳалоки қавми Исо рӯ намуд.

Пас аз ин подшоҳи одамкуши илоҷнопазир, ки бар асари мубтало шудан ба макри он вазир ба шарорат афтод, подшоҳе дигар аз нажоди он шоҳи ҷуҳуд дар садади нобуд сохтани қавми Исо (а) баромад.

Рӯ намуд: рӯй овардан, таваҷҷӯҳ кардан.

Нукта: Шояд мурод аз «дармоннопазир» ин бошад, ки хӯйи зишти он подшоҳи ҷаббор чунон дар руҳаш русух дошт, ки ба сурати малакаи росиха даромада буд ва имкон надошт, ки руҳи бемори худро дармон кунад. Пас бад-ин сон фарде бедодгар ва ситамойин буд. Ва мумкин аст мурод аз «дармоннопазир» ин бошад, ки ситамкорӣ ва саффокии ӯ чунон густарда буд, ки аз он гурез ва гузире набуд.

Ин ваҷҳ низ барои мисроъи дуввум ҷоиз аст: он подшоҳ ба воситаи макри вазир соқит шуд.

Гар хабар хоҳӣ аз ин дигар хуруҷ,

Сура бархон: «Вас-само зотил-буруҷ».

Агар хабари зуҳури дигар шоҳи ҷуҳудро мехоҳӣ бидонӣ, бояд сураи Буруҷро бихонӣ; зеро ин моҷаро дар он сура нақл шудааст.

Нукта: Ишорат аст ба воқеае, ки дар тафсоири Қуръони Карим дар зайли оятҳое аз сураи Буруҷ омадааст. Ояти 1 то 4-и ин сура бад-ин қарор аст:

وَالسَّمَاء ذَاتِ الْبُرُوجِ. وَالْيَوْمِ الْمَوْعُودِ. وَشَاهِدٍ وَمَشْهُودٍ. قُتِلَ أَصْحَابُ الْأُخْدُودِ

«Савганд ба осмон, ки дорои бурҷҳои бисёр аст. Ва савганд ба он рӯзи мавъуд ва шоҳид ва машҳуд, ки (мӯъминони масеҳӣ) дар он гудолҳо ба қатл расиданд

Тафосир воқеаи мавриди ишораи оятҳои фавқро гуногун навиштаанд, ки машҳуртарини онҳо бад-ин қарор аст: Зунувос, охирин подшоҳи Ҳимяр дар Яман, ба ойини яҳуд даромад ва ҳимяриён низ аз ӯ пайравӣ карданд ва номи худро Юсуф бинҳод ва солиёне чанд бар арикаи қудрат такя зад, то он ки ба ӯ хабар доданд, ки дар Наҷрон (шимоли Яман) ҳанӯз масеҳиёне мондаанд. Зунувос бо лашкаре ҷаррор ба сӯйи Наҷрон ҳаракат кард ва ҳамаи масеҳиёнро гирд овард ва ононро ба ойини яҳуд хонд. Вале онон напазируфтанд ва ҳатто ҳозир шуданд дар ин роҳ ҷон диҳанд, вале шоҳи яҳудӣ кӯтоҳ наёмад. «Пас Зунувос барои ҳалокати эшон гудоле фароҳам биёвард ва оташе маҳиб барпо сохт. Баъзеро зинда-зинда дар оташ афканд ва баъзеро ба зарби шамшер кушт ва мусла кард.» (Тафсири Алмизон, ҷ.20, с.376)

Суннати бад, к-аз шаҳи аввал бизод,

Ин шаҳи дигар қадам бар вай ниҳод.

Суннат ва равиши нописанде, ки аз шоҳи аввал боқӣ монда буд, ин шоҳ ҳам дар он тариқ по гузошт. Яъне ӯ ҳам дар садади қатли омми масеҳиён баромад.

Суннат: роҳу равиш хоҳ нек ва хоҳ бад, қонун.

Ҳар кӣ ӯ бинҳод нохуш суннате,

Сӯйи ӯ нафрин равад ҳар соате.

Ҳар кас, ки равише нописандро бунёд ниҳад, лаҳза ва лаҳза омоҷи лаънати Ҳаққу халқ шавад. (Зеро ҳар зулм ва ҷинояте, ки дар наслҳои баъдӣ аз он роҳу расму қонун ба мардум расад, ба пойи ӯ навишта шавад.)

Некувон рафтанду суннатҳо бимонд

В-аз лаимон зулму лаънатҳо бимонд.

Мардуми некӯкор аз ин ҷаҳони фонӣ реҳлат мекунанд ва мераванд, вале осори хасоил ва сифоти неки онон барҷой мемонад. Ва низ фурӯмоягон низ ин ҷаҳонро тарк мекунанд ва мераванд, вале осори ситмакории онон мемонад ва доиман лаънат мешаванд.

Нукта: Ин лаънат ҳатман лозим нест ба забон бошад, балки ҳар ранҷу дарде, ки аз суннати бади ӯ ба халқи Худо мерасад, нороҳатии онон худ ба худ табдил ба мавҷи лаънат мешавад ва ба руҳи палиди ӯ мерасад, чунон ки мадҳу ситоиш низ лузуман ба забон нест.

Лаим: паст ва фурӯмоя.

То қиёмат ҳар кӣ ҷинси он бадон

Дар вуҷуд ояд, бувад рӯяш бад-он.

То қиёмат ҳар кас ки аз ҷинси он бадкорон ба вуҷуд ояд, майлу таваҷҷӯҳаш ҳамвора ба сӯйи онон аст. Яъне бадкорони наслҳо ва қарнҳои баъдӣ бо бадкорони наслҳо ва қарнҳои пешин иттиҳоди руҳӣ ва сифатӣ доранд ва бар ҳамон ҳолу сиголи аҳриманӣ рафтор мекунанд.

Раг-раг аст ин оби ширин в-оби шӯр

Дар халоиқ меравад то нафхи сур.

Ҳаққу ботил ва хайру шар монанди рагоби ширину шӯре, ки аз дили замин берун мезаҳад дар ҷаҳон мавҷуд аст ва то қиёми қиёмат ва растохез дар ҷараён аст. Яъне хайру шар ва усулу авсофи неку бад дар ин ҷаҳон паҳлӯ ба паҳлӯ ва дар баробари якдигар ҷараён доранд. Некон некиро бармегузинанд ва бадон бадиро ихтиёр мекунанд. Хубон аз роҳу расми некӣ ва ҷавонмардӣ пайравӣ мекунанд ва бадон аз равишҳо ва кешҳои аҳриманӣ.

Нукта: Нафхи сур (дамидан дар шайпур) аз вожаҳи қуръонӣ аст, ки дар оятҳои мутаъаддиде омада ва ба унвони яке аз нишонаҳои қиёмат зикр шудааст. Ҳазрати Исрофил (а) дар остонаи растохез дар сур медамад ва мурдагон бар асари он бонги азим сар аз гӯрҳо бармедоранд ва дар арсаи маҳшар ҳозир меоянд. Пас нафх ба маънои дамидан аст ва сур ба маънои шайпур.

Идома дорад

1 ответ »

  1. Баад аз такдими салом ва арзи эхтиром ба устод мастур аст, ки ин чониб аз ибтикори Шумо хеле мамнунам, чун на ба hар аз hамватанон мазмуни Маснави бо хама фаровардаш кобили дарк аст ва огох буданаи мо аз андешахои Мавлавии бузургвор hатто барои фахми падидаhои руз мададгор хоhад буд. د
    Дар иртиботи мавзуи фавк аз Шумо хоhиш мекунам як газали Хофизро шарh дихед, матлааш карори займ аст:
    Солхо дил талаби чоми чам аз мо мекард
    Дилшод бошед.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.