Сиёсат

Кабирӣ сабаби халос шудани ҳукумат аз Назарзодаро ташреҳ кард

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории олмонии Deutsche Welle, сабаби аз байн бурдани женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои кишвар ва ҳамроҳонаш тавассути Ҳукумати Тоҷикистонро чунин унвон кард, ки женерол зери баёнияе, ки ҳукумат алайҳи ҲНИТ мунташир карда ва аз размандагони Иттиҳоди мухолифони тоҷик (ИМТ) хост онро имзо бикунанд, имзо накард ва онро ғайри қонунӣ донист. Кабирӣ гуфт: «Ҳукумат пеш аз он ки ҲНИТ-ро бандад, тасмим гирифт аз гурӯҳи ҳарбиёне, ки метавонистанд дар сурати ба эътироз ва тазоҳурот даст задани мо, моро дастгирӣ кунад, халос шавад.»

Кабирӣ дар ин гуфтугӯ, ки сойти Payom тарҷумаи комили онро мунташир кардааст, бо ишора ба додгоҳи фаъолони ҲНИТ, ки 24 феврал аз сар гирифта шудааст, изҳор дошт: «Мутаассифона, он пушти дарҳои баста сурат мегирад ва ба ҷуз вакилони дифоъ касеро ба онҷо роҳ намедиҳанд, на рӯзноманигорон, на наздикон ва на ҳомиёни ҳуқуқро. Бар замми ин, вакилони дифоъ, аз рӯи эътирофи худашон, ҳаққи ифшои ҳеҷ маълумотеро аз раванди мурофиа надоранд, ҳатто барои хешовандон. Ин аз он дарак медиҳад, ки маҳкумкунандагон ҳеҷ далеле, ки битавонад иттиҳоми алайҳи баччаҳои мо гузоштаашонро собит кунад, надоранд. Мо маълумотро дона ба дона ҷамъ мекунем, вале медонем, ки додгоҳ майли зиёде ба гунаҳкоркунӣ дорад ва қозиҳо чунон рафтор мекунанд, ки гӯё қарор аллакай қабул шудааст. Метарсам, ки ҳукм хеле сангин хоҳад буд

Раҳбари ҲНИТ дар бораи ҳаводиси моҳи сентябри соли гузашта, бо ишора ба ин ки «маълумот дар бораи ин, ба қавле ошӯб ҳам хеле кам аст» хотирнишон кард: «Моҳи августи соли 2015, тахминан як моҳ қабл аз ин ҳодиса, гурӯҳи афсарон, асосан аз собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ), баёнияе зидди ҳизби мо нашр карданд. То онҳо, бо талаби бастани ҲНИТ гурӯҳе аз муаллимон “аз номи меҳнаткашон” садо баланд карда буданд. Вале қисме аз афсарон он баёнияро имзо накарданд, аз ҷумла Назарзода. Онҳо он баёнияро хилофи қонун ҳисобиданд, чун низомиён ҳаққи дахолат ба сиёсатро надоранд. Ба таври табиӣ, атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон чунин хулосагирӣ карданд, ки намешавад ба ин афсарон такя кард. Ва воқеияти дигар: Вазорати адлия ба мо даҳ рӯз фурсат дод, то мо худамон ҳизбро бандем. Мӯҳлати ин ултиматум 5-уми сентябр ба охир мерасид. Дар ин муддат мо ду маротиба зидди ин ултиматум эътироз кардем ва зиддиконститутсионӣ будани онро собит кардем. Вале 4-уми сентябр он “ошӯб” сар зад. Фикр мекунам, ҳукумат пеш аз он ки ҲНИТ-ро бандад, тасмим гирифт аз гурӯҳи ҳарбиёне, ки метавонистанд дар сурати ба эътироз ва тазоҳурот даст задани мо, моро дастгирӣ кунад, халос шавад

Муҳиддин Кабирӣ дар робита бо боздошти фаъолони ҳизбаш, гуфт: «На танҳо роҳбарият, балки фаъолон дар минтақаҳоро ҳам ба додгоҳ кашидаанд. Аз рӯи маълумоти мо, беш аз 100 нафар боздошт шудаанд ва ним бештари онҳоро намояндагони бахшҳо дар навоҳӣ ташкил медиҳанд. Махсусан онҳое, ки бо вуҷуди фишору таҳдидҳо розӣ нашуданд, то ихтиёран аз саффи ҳизб хориҷ шаванд. Боздоштҳо аз рӯи як нақша сурат гирифтаанд: чанд тир ё яроқеро дар хонаҳояшон мепартофтанд. Ба назди боздоштшудагон касеро роҳ намедиҳанд, на наздикон ва на вакилони дифоъро. Аллакай 5 нафарро маҳкум карданд. Дар дуртарин ноҳия фаъоли ҳизби мо 10 сол гирифт, онҳое, ки ба Душанбе наздиктар буданд 17-18 сол. Баъди бастани ҳизб, мо дар ҳол аз аъзоёнам хоҳиш кардем эълон кунанд, ки дигар узви ҲНИТ нестанд, то таъқиб ё боздошт нашаванд. Бисёриҳо чунин карданд. Аммо акнун ҳукуматҳои маҳаллӣ аз аъзои мо барои як маълумотнома дар бораи ин, ки эшон қабл аз бастани ҳизб хориҷ шудаанд, пора мегиранд. Барои он 500 доллар ва ҳатто бештар аз он талаб мекунанд

Кабирӣ дар идомаи гуфтугӯи худ бо Deutsche Welle, изҳор дошт: «Мо қарор кардем, ки дигар дар дохил фаъолият накунем, вале идораҳои минтақавии ҳизб дар тамоми ҷаҳон дорем — урупоӣ, ИДМ-гӣ, шарқиназдикӣ ва дар Истамбули Туркия. Мо намояндагонамонро дар кишварҳое, ки ҳамватанон ва ҷонибдорони мо зиндагӣ мекунанд, таъин кардем. Як маҷлиси Раёсати ҳизбро дар моҳи ноябр доштем ва ният дорем рӯзҳои наздик бори дигар ҷамъ шавем, то тасмим бигирем, ки дар шароити нав чӣ гуна кор хоҳем кард

Раҳбари ҲНИТ дар посух ба ин пурсиш, ки «ҷойи ҲНИТ-ро дар кишвар кӣ хоҳад гирифт?» гуфт: «Ҳукумат кайҳо мекӯшид дар Тоҷикистон ду қувва боқӣ монад — ҳизби ҳоким ва як гурӯҳи ифротӣ асосан дар шакли ҷавонони диндор. Ва байни ин ду касе набошад — на ҳизби мӯътадили исломӣ ва на аҳзоби дунявӣ. Дар ин ҳолат ҳам аҳолии кишвар ва ҳам ҷомеаи байналмилал байни интихоби шарри камтар ва бештар — ҳукумати Раҳмон ва ифротгароён қарор хоҳанд гирифт. Бо такя ба ин ки интихоб ба фоидаи аввалӣ хоҳад буд. Ҳоло ҳукумат мепиндорад, ки то ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ танг карда, баровардани мухолифини дунявӣ, аз ҷумла Зайд Саидов, ки мехост як ҳизби марказгаро таъсис диҳад, ба ҳадафаш расидааст. Зайд ба 26 сол маҳкум шуд. Аммо фикр мекунам ин ҳисоби ҳукумат хато буд. Баъди ҳаводисе, ки бо мо рух дод, аксари тарафдорони мо метавонанд ба саффи ифротгароён пайванданд. Дар сурати шикаст хӯрдан ё заъиф шудани ДИ дар Шарқи наздик, бештари онҳое, ки аз Осиёи Миёна ба онҷо рафтаанд, маҷбур мешаванд ба минтақа баргарданд, ки хатари ҷиддие барои Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳукумати мо бо оташ бозӣ мекунад

Вай афзуд: «Мутаасифона ҷомеаи байналмилал, ки машғули мушкилоти бузургтаре дар Шарқи Наздик ва Укроин аст, ба ин аҳамаият намедиҳад. Дуруст, Иттиҳоди Урупо чанд рӯз қабл баёнияи дуввумашро дар мавриди боздошти аъзои ҲНИТ содир кард ва ин аз он дарак медиҳад, ки ИА бо фарқ аз кишварҳои дигар каму беш маълумоти обективӣ дорад. Масалан ИМА танҳо дар сатҳи Кумиссиюни байналмилалии озодиҳои динӣ баёния додаанд, кишварҳои дигар хомӯшанд. Дар Ирон мо вохӯрихое доштем бо мақомоти расмӣ, аз ҷумла нафароне, ки дар музокироти ҳизби мову ҳукумат ҳангоми имзои созишномаи сулҳ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дод, ширкат доштанд. Мутаассифона, Ирон ва Русия, ки кишварҳои калидии кафили созишномаи сулҳ байни Эмомалӣ Раҳмон ва ИНОТ ҳастанд, солҳои охир гирифтори мушкилоти дигаре буданд ва ба вайроншавии шартҳои он созишнома аҳамият надоданд. Ҳанӯз соли 2015 мо номае навишта будем ба СММ, президентҳои Ирон, Русия ва дигар кишварҳое, ки кафолати риояи он созишномаро дода буданд (Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон) ва огоҳ кардем, ки ҳукумат ба шикастани шартҳои созишнома оғоз кардааст. Вокуниш танҳо аз тарафи СММ сурат гирифт. Аммо, инак ҳамсӯҳбатони иронии мо иқрор шуданд, ки эшон он лаҳза ғофил мондаанд. Фикр мекунам, Русия, Ирон ва Туркияву кишварҳои Урупо доранд ба ин натиҷа мерасанд, ки амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон ба амнияти минтақа таҳдид эҷод мекунад

Кабирӣ дар посух ба ин пурсиш, ки «Ҳукумати Тоҷикистонро ҳарчӣ бештар бо ҳукумати Туркманистон муқоиса мекунанд, ин муқоиса одилона аст?» гуфт: «Назари мо ин аст, ки агар мухолифин набуданд, Тоҷикистон кайҳо “Тоҷикбошӣ” медошт. Вале дар мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ оппозитсиюни пурқувват вуҷуд дошт, ки дар оғоз нагузошт то Эмомалӣ Раҳмон ин унвонро соҳиб шавад. Дар худи ҳукумат, ҳам нафарони таъсиргузори дигаре буданд, ки дар оғози солҳои 2000-ум нагузоштанд то ӯ “Тоҷикбошӣ” шавад. Аммо Раҳмон тавонист бо оҳистагӣ онҳоро равонаи зиндон кунад, мисли Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев, ё аз саҳнаи сиёсӣ берун андозад. Баъди халос шудан аз тарафдорони соҳибқудраташ, роҳи халосшавӣ аз мухолифинро ҳам пайдо кард. Алъон ҳама чиз тайёр аст, то Раҳмон “Бошӣ”-и кишвараш шавад. Ба мансабҳои калидӣ фарзандон ва хешовандонаш таъин шудаанд, ҳарду табақаи парлумон итоаткоранд ва қозиҳо аз тарафи раисҷумҳур таъин мешаванд.«

»

  1. Танхо рохи пирузи ва кудрати опозициюн дар артиши опозиция мебошад. Опозицияи бе артишу бесилох мисли фарзанди угайи зани севвум мебошад. Агар падари хонавода мусулмони ботакво бошад ба хона рох медихад ва агар падари хонавода комунистзодаи бедин бошад аз дар меронад. Имруза вахдати ахзобу гуруххои сиесии мамнуа бо хамкории ахзоби нимаопозиционии дохили амри вочиб аст. Ва дар якчояги бояд дар кутохтарин муддат артиши пуркудрат ва дорои силоххои навини опозиция ташкил карда шаваду улуламри ягона ва дорои кабули тамомии гуруххо тайин шавад ва бар зидди режим чиход эьлон намояд,дигар тамомии харфу суханхо ва пикету гирдихамоихо бефоида аст.Худованд душманони динашро аз сари мардуми мазлум бардорад.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.