Перейти к содержимому

Сӯфия ёфтаанд, на фақат донистаанд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

imageОн касе ки ба тасаввуф ва сӯфия метозад, мушкилаш ин аст, ки бо ин тоифа ва омӯзаҳо ва таълимоти эшон ошно нест. Албатта, ошноӣ бо тасавуф, бо сирфи мутолеа ва хондани адабиёти мутасаввифа ҳосил намешавад; зеро тасаввуф чашиданист, на донистанӣ. Касе ки гумон мекунад, метавон аз хилоли кутуб ва адабиёт, бо омӯзаҳои тасаввуф ошно шуд, ба иштибоҳ рафтааст.

Машҳур аст, ки аз сӯфия ва урафое, ки муосири Бӯалӣ Сино буданд, яке Шайх Абӯсаиди Абулхайр аст. Боре, миёни Бӯалӣ ва Шайх Абӯсаид дидор ва гуфтугӯе буд. Пас аз дидор, шогирдони Абӯсаид аз ӯ дар бораи Бӯалӣ пурсиданд, гуфт: «Ҳарчи мо ёфтаем, ӯ медонад.» Ва чун шогирдони Шайхурраис аз вай дар бораи Шайх Абӯсаид пурсиданд, посух дод: «Ҳарчи мо медонем, ӯ ёфтааст.»

Ёфтан яъне ҳамон чашидан аст. Агар филсуф аз роҳи истидлол, ба ҳақоиқ пай мебарад, сӯфӣ ва ориф аз роҳи тазкияи нафс, ҳақиқатро меёбад ва ба он мерасад. Расидан ва ёфтан, ғайр аз донистан аст. Масалан, ҳар яке аз мо нисбат ба эҳсосоти дигарӣ огоҳем. Агар фарде ба номи Шокир ба фарде ба номи Аҳмад бигӯяд, ман алъон гурусна ҳастам, Аҳмад ба гурусна будани Шокир огоҳ мешавад, аммо ҳаргиз гуруснагии ӯро эҳсос намекунад. Танҳо касе ки гурусна аст, гуруснагиро эҳсос ва меёбад. Фарқи ёфтан ва донистан ҳамин аст.

Урафо ва сӯфия вақте ёфтаҳои худро мехоҳанд ба забон барои дигарон баён бикунанд, аз онҷо ки он ёфтаҳо дар қолиби алфоз намегунҷад, бо тамсил баён мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки хонанда ва ё шунаванда ба иштибоҳ меравад. Зеро чизеро, ки бо он ошно нест, аслан маҳол аст битавонад онро айнан бифаҳмад.

Аз ҳамон оғоз ва то ба имрӯз (ва шояд то рӯзи қиёмат), ба далели адами фаҳми забони урафо, ноаҳлон ҳамвора урафо ва сӯфияро ё ба дор кашидаанд, чунонки бо Мансури Ҳаллоҷ карданд, ё сангборонашон кардаанд, чунонки бо Боязид иттифоқ уфтода ва ё масхараашон кардаанд, чунонки бо аксари сӯфия ва урафо дар тӯли торих рух дода ва медиҳад.

Вақте намефаҳмӣ, оё сукут бароят беҳтар нест? Ин чӣ муҳмалот ва музахрафоте аст, ки ахиран бархе ноаҳлон нисбат ба сӯфия ва тасаввуф дар бархе аз нашриёти кишвар навиштаанд?! Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки ҳар аз гоҳе аз ӯ менависӣ ва дар борааш мегӯӣ, яке аз бузургони ирфон ва тававвуф аст, ки илова бар нашри ислом, хадамоти фаровоне барои башарият карда ва пас аз худ барҷой гузоштааст.

Мавлоно дар ҳикояти маъруфи «Марди баққол ва тӯтӣ ва равған рехтани тӯтӣ дар дуккон», афродеро, ки надониста ба сӯфия метозанд ва аъмол ва рафтори эшонро бо худ қиёс мекунанд, ба тӯтӣ ташбеҳ мекунад. Яъне, мо афроди башар ғолибан чунинем, ки дигаронро бо худ қиёс мекунем. Масалан, агар дар бораи инсоне бишнавем, ки ҳаргиз дар ҳаёташ муртакиби гуноҳе, ҳатто як гуноҳи сағира, нашудааст, фикр мекунем, ин дурӯғ аст; чаро ки худамон дар баробари гуноҳон тавони муқовимат надорем ва аслан маҳол медонем, ки як инсон дар ҳаёташ масалан ҳаргиз ба номаҳраме нигоҳ накарда бошад. Дар ҳоле ки буданд ва ҳастанд чунин афрод дар миёни башарият.

Ҳол, холӣ аз фоида нест овардани ҳикояти Мавлоно:

Ҷавлақие сарбараҳна мегузашт,

Бо сари бемӯ, чу пушти тосу ташт.

Тӯтӣ андар гуфт омад дар замон,

Бонг бар дарвеш зад, ки: ҳей фалон!

К-аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ?

Ту магар аз шиша равған рехтӣ?

Аз қиёсаш ханда омад халқро,

К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро.

Аз инки тӯтӣ дарвешро бо худ қиёс карда буд, мардум ба ханда афтоданд.

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Кори инсонҳои пок ва ворастаро набояд бо кори худат муқоиса кунӣ, агарчӣ имлои шери даранда ва шири хӯрданӣ (дар порсӣ) монанди ҳам навишта мешавад.

Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,

Кам касе з-абдоли Ҳақ огоҳ шуд.

Ҳамаи мардуми дунё ба ин ҷиҳат гумроҳ шудаанд, ки кори инсонҳои пок ва ворастаро бо кори худ қиёс мекунанд. Ба ростӣ, ки шумори андаке аз мардум аз ҳоли авлиёуллоҳ огоҳ ҳастанд. Мавлоно мефармояд, иллати гумроҳии бештари ҷаҳониён ин аст, ки ҳақиқати авлиёуллоҳро нашнохтаанд. Ононе ҳам, ки муддаъии шинохтани эшонанд, даъвои беҳуда кардаанд.

Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд,

Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.

Гуфта: инак мо башар, эшон башар,

Мову эшон бастаи хобему х(в)ар.

Зоҳирбинон мегӯянд: мо ҳам башарем ва авлиёуллоҳ ҳам башаранд. Ва мо ва эшон вобаста ба хобидан, хӯрдан ва ниёзҳои табиӣ ҳастем.

Ин надонистанд эшон аз амо,

Ҳаст фарқе дар миён, бемунтаҳо.

Ҳар ду гун занбӯр хӯрданд аз маҳал,

Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.

Ба унвони мисол, ҳар ду навъ занбӯр (ҳам занбӯри асал ва ҳам занбӯри ваҳшӣ) аз як маҳал шира мехӯранд, вале аз яке асал ба даст меояд ва аз он яке неш.

Ҳар ду гун оҳу гиё хӯрданду об,

З-ин яке саргин шуду з-он мушки ноб.

Ё масалан, ҳар ду навъ оҳу (оҳуи маъмулӣ ва оҳуи Хутан) гиёҳ мехӯранд ва об менӯшанд, вале аз ин яке саргин ҳосил мешавад ва аз он яке мушки муъаттар.

Ҳар ду най хӯрданд аз як обх(в)ар,

Ин яке холию он пур аз шакар.

Ё масалан, ҳар ду навъ най (ҳам найи маъмулӣ ва ҳам найшакар) аз як маҳал об мехӯранд, вале ин яке холӣ аз шакар аст ва он яке пур аз шакар.

Садҳазорон инчунин ашбоҳ бин,

Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин.

Назири ин мисолҳое, ки гуфтам, садҳо ҳазор мисол пайдо мешавад, ки миёни зоти онҳо бо ҳам фарқе бисёр ба тӯли ҳафтод сол роҳ аст.

Албатта, вақте сухан аз тасаввуф ва сӯфия меравад, азизон сӯфиҳои воқеиро ба муддаъиёни тасаввуф, ки бӯе аз ирфон ба машом набурдаанд ва тасаввуфро василаи имрори маъоши худ кардаанд, иштибоҳ нагиранд. Манзури инҷониб, сӯфиҳои воқеист.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: