Пароканда

Чаро гӯшанишинед?

Абдураҳмон Б., раҳбари ҷунбиши «Озодӣ ва алолат» ва узви Шӯрои Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо таъкид бар ин ки касоне ки дар синну сол бузургтар аз ҷавонони фаъол ва дорои таҷрибаи бештар аз онҳо ҳастанд, ба ҷойи хӯрдагирӣ ва ба баҳонаҳои пуч, канор кашиданашон аз мубориза, дасти ҷавононро бигиранд ва онҳоро роҳнамоӣ кунанд.

Вай дар ин ёддошт менависад:

«Тоҷикистон як кишвари аҳли дин ва дорои фарҳанги волою торихи сутуданист. Бузургони бешуморе парварда. Аммо имрӯз ба дасти ноаҳлону бехирадону бадкирдорони динситези ситамгаре асир гардида. Ҳамагӣ инро дарк мекунанд. Ҳамарӯза садои нолаҳои ҷонсӯзе аз гӯшаҳои ин ватан мешунаванд. Сурия низ, замоне чунин буд ва ҳоло?…

Тоҷикистон ҳанӯз бузургони бешуморе дорад. Донишварони диндор, аҳли шараф ва донишмандоне аҳли фарҳанги бузург. Иддае аз инон, кишварро дар хориҷ мустақиллан муаррифӣ мекунанд.

Аммо чӣ шуда, ки имрӯз ҳамагӣ ба ҳангоми бӯҳрони саросарӣ дар Тоҷикистон, гӯшанишин шудаанд?! Бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ…

Дар кишварҳои дигар, ба хусус урупоӣ, дар чунин ҳангомҳо аҳли зиёи кишвар дар саффи пеш саф меороянд ва масъулиятро бар дӯш мегиранду дигарон ба эшон кӯмак мерасонанд. Дар ростои пиёда кардани адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, комёб низ шудаанд.

Дар Тоҷикистон бошад, гурӯҳе барои озод кардани ватан бапо хестаанд ва камари ҳиммат муҳкам бастаанд. Аксари онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аксари ин ҷавононро афроди таҳсилнодида ташкил медиҳанд. Эшон таҳсили пурраи динӣ ва улуми дунявиро ба поён нарасондаанд. Бештари онҳоро албатта, муҳоҷирин ташкил мекунанд.

Гурӯҳе дигар ба ҷои ин ки бо инҳо бипайванданду ба якдигар ёрӣ расонанд, ба бадгӯии эшон мепардозанд. Барои асоснок кардани баҳонаҳои хеш, «далоил»-е ҳам ироа мекунанд, ки намунаҳоеро аз эшон дар зер мекорем.

Гурӯҳе аз донишмандони аҳли тақво ва аҳли суннат иддао доранд, ки:

«Мо бо онҳо намепайвандем». (Манзур аз онҳо, ҷавонони бапохестаанд), зеро ки: «онҳо бо аҳли ташаюъ ҳамкорӣ доранд.»

Иддае аз ҷавонони донишманд ва донишмандони тоҷики ахли суннат, ки фаҳмиши дурусте аз дин доранд ва дар диндории худ пойдоранд, имрӯз гӯшанишин ва хомӯширо пеша кардаанд. Ба ҷуз чанд сатре аз мавзӯъҳои динӣ, дигар ҳарфе намезананд. Гӯиё, ки аз дин сиёсатро бурида бошанд. «Мо ба сиёсат дахолат намекунем.»

Замоне ки мо аз рафтору кирдори нодурусти Раҳмонов ва ҳукумати ӯ интиқоди шадид ва бо лаҳни шадид мекардем, моро ба «Хавориҷ» будан тӯҳмат мезаданд ва ба итоат аз Раҳмонов ҳамчун «Амир», «Улуламр», «Подшоҳи мусалмон» ва амсоли ин, фаро мехонданду шӯриш зидди ӯро маҳкум мекарданд. Он гоҳ чизҳоеро, ки мо медидему дарк мекардем ва аз хатари он дарак медодем, намедиданду намешуниданд ва шунидан ҳам намехостанд. Аммо имрӯз, ки аллакай дигар вақт нишон дод, ҳамагӣ «шах» шуданд. То ҷое дер ҳам шуд.

Ҳангоме ки аз эшон даъват мешавад, ки ба саффи бапохестагон бипайванданд, имрӯз баҳонае меоранд. Аз баски як шаҳрванди Тоҷикистон — ҷанобе, ки зодаи он ватан аст ва ҳамчун як инсон ва шаҳрванд, новобаста аз боварҳояш, аз ҳуқуқе бархӯрдор аст ва дар пуштибонӣ аз ҳуқуқи худ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон фаъол ҳаст ва чанд боре ҳамчун меҳмон дидгоҳҳои худро дар маҳофили ҷавонони мухолифи Раҳмонов ироа карда буд, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мухолифини Раҳмонов дастгирӣ мекунад, гӯиё сабаб шуда, ки онҳо аз мо канор гирифтаанд. Дигаронро аз «хатар»-и ин шаҳрванд огоҳ мекунанд ва аз пайвастан бо мо бозмедоранд.

Ба ин бузургон ҳамчун як бародари кучак гуфтанӣ ҳастам, ки то ин ки оқое меҳмони мо шавад, шумо куҷо будед ва ҳанӯз куҷоед?!

Чаро аз масъулиятҳои муҳим фирор мекунед?!

Чаро ҷавонони аз дин бехабарро дар ин роҳи душвор танҳо мегузоред?!

Чаро динро дар ин роҳ ба кор намебаред?!

Чаро пешсаф шуда, роҳи муборизаи дурустро ба ҷавонон нишон намедиҳед?!

То имрӯз моро ба «Хавориҷ» будан тӯҳмат мезадед, имрӯз, ки шумо низ чун мои «Хавориҷ» Раҳмоновро бо сабаби динситезӣ ва харобкориҳое, ки анҷом дод, чун як «зиндиқ» ва «тоғути ситамгар» қабул доред, имрӯз шумо низ, аз хароб гаштан, аз майхонаву чойхонаву тӯйхона гаштани масоҷид ва мамнӯъияти арзишҳои динию инсонии худ огоҳед.

Пас шумо куҷоед ва чаро канор гирифтаед?!

Роҳе ҷуз пайвастану дарс додану ба даст овардан надоред! Чун фардо, ки адами шумо сабаби даргириҳо ва ҷанги сӯзон гардад, онгоҳ ҷавонони ноогоҳ ба ноҳақ ҳукм кунанду хун резанд, муқассир шумоед. Он гоҳ боз ба «Хавориҷ» будан ҳукм мекунед.

Ҳанӯз ки фурсат аст, куҷоед?!

Гурӯҳе аз зиёиён, ки аҳли донишу хираданд, чун фаро хонда шаванд, мегӯянд:

«Мо бо онҳо намепайвандем, зеро як чанд кӯдаки нохондаи бесаводанд!»

Ман, ба ин устодони аҳли донишу фаҳмиш ҳамчун як дастпарвардае аз онҳо тавсия медиҳам, ки шояд ҳанӯз ба хиёбонҳои тавсия додан гоме хам назада бошаму лоиқаш набудаам, вале барои худ қарзе медонамаш, ки азизон, шуморо боисти, ки сароғоз ҷои ин «ҷавонони кӯдаки бесавод» атрофи кишвар андеша мекардед ва дар сохти ватани хеш саҳим мебудед ва ибтидо шумо барои бозсозӣ ва таҳаввулоте гом бармедоштед, шумо бояд ба бедодию ситампешагӣ посух мегуфтед, шумо бояд масъулияти ин қавмро бар дӯш мегирифтед.

Имрӯз, ки ҷавонони шумо барои пуштибонӣ аз арзишҳои худ ва нуқта гузоштан ба ин ҳама бедодӣ бапо хестаанд, мебояд пешсаффи эшон бошед. Мебояд роҳнамои эшон бошед. Мебояд масъулиятро бар дӯш гиред.

Чун хоҳеду нахоҳед, вуҷуди ин ҷавонони озодихоҳи зихобхеста дигар бардошти ҳеч ситаму чафоеро надорад. Роҳе, ки гом задаанд, баргашт надорад.

Аз ин рӯ мебояд, ҳамроҳияшон кунед, чун таҷриба надоранду ба таҷрибаи шумо ниёз доранд.

Гӯшанишиниро канор гузоред.

Накунад, ки кор аз кор гузарад, чун онгоҳ муқассири ростин боз ҳам шумоед.

Гурӯҳҳои таҳмилие низ ҳастанд, ки ба ҷои пайвастан бо мо, алайҳи мо гомҳои таҳмилӣ мебардоранду моро ба «зархарид»-у «хоин»-у амсоли ин тӯҳмат мезананд.

Азизон! Шумо низ, берун аз ин тасмимҳои таҳмилӣ, аз ҳоли воқеии кишвар огаҳӣ доред. Агар мо фаразан фурӯхташудаем, ки нестем, пас шумо барои ислоҳи ин қавм ва наҷоту раҳоии ин миллат талош кунед.

Варна ҷуз «абзор»-е баҳри истифодаи афроди манфиатдори ҳукумат ва он ҳам барои авқоти лозима, касе нестед.

Хонандаи гироми, ин намунае аз намунаҳои ростини гурӯҳҳои номбаршудаест, ки хидмататон арз кардем.

Барои рафъи бӯҳрони саросарӣ ва бозсозӣ дар кишвар, моро мебояд, ки ҳамагӣ бо ҳам оем ва барои худу кишвари худ, чорае андешем. Он ҳам ба дур андохтани оқои Раҳмонов аз қудрат аст. Чун вуҷуди тӯлонии ӯ режимро ба режими диктотурӣ бадал сохта ва ин миқдор мусибатҳое ба бор овардааст.

Инро мо танҳо бо ҳам метавонем анҷом дод.»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.