Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (94)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (54)

* * *

Ҳикояти подшоҳи ҷуҳуди дигар, ки дар ҳалоки дини Исо саъй намуд (2)

* * *

Некувонро ҳаст мерос аз хушоб,

Он чӣ мерос аст? «Авраснал-китоб».

Мардуми нек аз оби гуворои ҳикмати илоҳии анбиё ва авлиё ирс мебаранд. Он чӣ меросе аст? Он мерос сирру ҳақиқати китоби осмонӣ аст.

Нукта: Аз онҷо ки некон бо анбиё ва авлиё пайванди маънавӣ доранд, метавонанд ба ҳақиқати маорифи китоби осмонӣ воқиф шаванд. Ва ин маориф мероси он бузургон аст. Устод Фурӯзонфар мегӯяд: «Мерос бурдан мубтанӣ аст бар ин ки меросбар бо меросгузор қаробати насабӣ ё сабабӣ дошта бошад. Ва аз ин асл натиҷа мегиранд, ки мардони Ҳақ ва авлиё фарзандон ва пайвастагони руҳонӣ ва маънавии паёмбаронанд ва ин мерос маърифат ва аҳкоми илоҳӣ аст.» (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.200-201)

Зимнан, дар мисроъи дуввум ба қисмате аз ояти 32 сураи Фотир ишорат рафтааст: «Сипас мо он китобро барои бандагони баргузидаи худ ба мерос ниҳодем..

Шуд ниёзи толибон, ар бингарӣ,

Шӯълаҳо аз гавҳари пайғамбарӣ.

Агар дуруст нигоҳ кунӣ, толибони ҳақиқат ва ҷӯяндагони маърифат ба шӯълаҳое аз гавҳари нубувват ниёз доранд.

Манзури байт ин аст: Ин сӯзу дарди талаб, ки дар ҷони толибони ҳақиқат забона зада шӯълаҳои оташе аст, ки аз ҷони паёмбарон муштаъил шудааст. Зеро онон, ки толибанд, бо ҳақиқати нубувват пайвастаанд ва асли талаб ва худоҷӯӣ ва пажӯҳиши Ҳақ паёмбарон будаанд, ки пайваста рӯй дари Худо оварда ва ба зории тамом ҷӯёи вусул ва лиқои вай будаанд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.302)

Шӯълаҳо бо гавҳарон гардон бувад,

Шӯъла он ҷониб равад ҳам, к-он бувад.

Ба унвони мисол, забонаи оташ ҳамеша ҳамроҳи асли оташ аст. Ҳар ҷо асли оташ биравад, забонаи оташ ҳам ҳамонҷо меравад.

Нукта: Байти ахир тамсиле аст дар баёни ин матлаб, ки дарди ҳақиқатталабӣ ва ишқи маърифатхоҳии соликони роҳи Худо, аз нури нубувват ношӣ шудааст.

Нури равзан гирди хона медавад,

З-он ки хур бурҷе ба бурҷе меравад.

Мисоли дигар: нури офтоб, ки аз панҷарае ба даруни хона метобад, даври хона мечархад, зеро хуршед аз бурҷе ба бурҷи дигар ҳаракат мекунад. Бинобар ин, вақте хуршед аз ҷое ба ҷое ҳаракат мекунад, партаваш низ ҳамроҳи ӯ ҳаракат мекунад ва тағйири ҷо медиҳад.

Равзан: сӯрох, шикоф. Хур: хуршед.

Ҳар киро бо ахтаре пайвастагист,

Мар варо бо ахтари худ ҳамтагист.

Мисоли дигар: ҳар кас ки бо ситорае муносибат ва пайвастагӣ дошта бошад, вай бо ситораи худ муносибат дорад. Яъне хоссияти он ситора дар ӯ зоҳир мегардад ва ӯ аз хоссияти ситорааш таъсир мепазирад.

Нукта: Дар инҷо таъсири кавокиб бар аҳволи заминиён баён шудааст. Дар ин маврид каме баъдтар тавзеҳи бештар хоҳем дод.

Толеаш гар зуҳра бошад дар тараб,

Майли куллӣ дораду ишқу талаб.

Он шахс агар толеаш зуҳра бошад, майл ба шодӣ ва шодмонӣ пайдо мекунад ва дар садади ишқу талаб аст.

Нукта: Толеъ ба маънои бароянда, тулӯъкунанда аст, вале дар истилоҳи нуҷумӣ, «ҷузъе аст дар минтақаи бурҷҳо, ки дар вақти мафруз ба уфуқи шарқӣ бошад.» Агар он вақт замони вилодати шахсе буд, онро толеи мавлуд ё толеи он шахс гӯянд. Ва агар дар аввали соли шамсӣ бошад, онро толеи сол гӯянд. Толеъ машҳуртарин вожаи нуҷуми аҳкомӣ аст. Дар нуҷуми аҳкомӣ барои анҷоми ҳар кор (ба ҷуз корҳои оддӣ ва рӯзмарра) муроҷеа ба тақвим ва ёфтани толеъ ва ихтиёри вақти муносиб тавсия шудааст. Барои хатна, никоҳ, сафар кардан, зироат, дидори подшоҳ, ҷулус бар тахт, оғози ҷанг, шурӯъ ба таълим, сафари дарё, ҳаммом рафтан, ҳиҷомат кардан, чаҳорпо харидан, дарахт нишондан ва ғайра… (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.486-487) Зуҳра аз сайёраҳои манзумаи шамсӣ аст.

В-ар бувад миррихии хунрезхӯ,

Ҷангу бӯҳтону хусумат ҷӯяд ӯ.

Ва агар касе хӯйи миррихӣ дошта бошад, яъне сифати саффокӣ ва одамкушӣ дошта бошад, ҳамвора хоҳони ҷанг ва тӯҳмат ва низоъ аст, зеро муқтазои толеаш ҳамин аст.

Нукта: Мавлоно дар се байти ахир, ба масъалаи таъсири ситорагон бар заминиён ва хулқу хӯйи одамиён тасреҳ дорад. Ба ақидаи мунаҷҷимони пешин, ҳар як аз ситорагон бар хӯйе ва ҳолате ва бар руҳиёти ҷамоате аз мардум далолат дорад ва ҳар кас мутобиқи хоссияти ситораи худ зиндагиашро шакл медиҳад. Абӯрайҳони Берунӣ баҳси муфассале дар боби хӯю сиришти бурҷҳо ва хоссияти ситорагон дорад. Аз он ҷумла, табъи бурҷҳоро тақсим мекунад ба гарм ва сард. Ва сипас бурҷҳои Ҳамал, Ҷавзо, Асад, Мизон, Қавс ва Далвро дорои хоссияти гарм, ва бурҷҳои Савр, Саратон, Сунбула, Ақраб, Ҷади ва Ҳутро дорои хоссияти сард медонад. (Аттафҳим ли авоили синоъатин нуҷум, с.316-474) Вай мегӯяд: «Ситорагон дар табъу хӯйи одамиён асар мегузорад. Масалан, Зуҳал табъи сард ва хушк дорад ва Муштарӣ дорои гармӣ ва нармӣ аст. Миррих табъи гарм ва хушк дорад. Ва Зуҳра сардӣ ва тарӣ дорад…» (Ҳамон манбаъ, с.355)

Лозим ба ёдоварист, ислом бо толеъбинӣ ва куллан нуҷуми аҳкомӣ мухолиф аст. Дар хабар аст, шахсе ҳангоми ҳаракати ҳазрати Алӣ (а) барои ҷанг бо Хавориҷ, гуфт: агар дар ин соат ҳаракат кунед, пирӯз намешавед ва ман аз роҳи илми нуҷум (ахтаршиносӣ) ин пешбиниро кардам. Имом Алӣ (а) хитоб ба вай фармуд:

أَتَزْعَمُ أَنَّكَ تَهْدِي إِلَى السَّاعَةِ الَّتِي مَنْ سَارَ فِيهَا صُرِفَ عَنْهُ السُّوءُ؟ وَتُخَوِّفُ مِنَ السَّاعَةِ الَّتي مَنْ سَارَ فِيهَا حَاقَ بِهِ الضُّرُّ؟ فَمَنْ صَدَّقَكَ بِهذَا فَقَدْ كَذَّبَ الْقُرْآنَ، وَاسْتَغْنَى عَنِ الاِسْتِعَانَةِ بِاللهِ عزّوجلّ فِي نَيْلِ الَْمحْبُوبِ وَدَفْعِ الْمَكْرُوهِ، وَتَبْتَغِي في قوْلِكَ لِلْعَامِلِ بِأَمْرِكَ أَنْ يُولِيَكَ الْحَمْدَ دُونَ رَبِّهِ، لاَِنَّكَ بِزَعْمِكَ أَنْتَ هَدَيْتَهُ إِلَى السَّاعَةِ الَّتِي نَالَ فِيهَا النَّفْعَ، وَأَمِنَ الضُّرَّ

أَيُّهَا النَّاسُ، إِيَّاكُمْ وَتَعَلُّمَ النُّجُومِ، إِلاَّ مَا يُهْتَدَى بِهِ في بَرٍّ أَوْ بَحْر، فَإِنَّهَا تَدْعُو إِلَى الْكَهَانَةِ، والمُنَجِّمُ كَالْكَاهِنِ، وَالْكَاهِنُ كَالسَّاحِرِ، وَالسَّاحِرُ كَالْكَافِرِ! وَالْكَافِرُ في النَّارِ! سِيرُوا عَلَى اسْمِ اللهِ

Оё гумон мекунӣ ту аз он соате огоҳӣ, ки агар касе дар он ҳаракат кунад, зарар нахоҳад дид? Ва метарсонӣ аз соате, ки агар касе дар он ҳаракат кунад, зараре ба ӯ хоҳад расид? Касе ки гуфтори туро тасдиқ кунад, Қуръонро такзиб кардааст ва аз ёрии Худо дар расидан ба ҳадафҳои дӯстдоштанӣ ва маҳфуз мондан аз ногувориҳо, бениёз шудааст!

Гӯё мехоҳӣ ба ҷойи Худованд туро ситоиш кунанд. Чун ба гумони худ мардумро бо соате ошно кардӣ, ки манофеашонро ба даст меоваранд ва аз зарару зиён дар амон мемонанд.

Эй мардум аз ёдгирии илми нуҷум барои пешгӯиҳои дурӯғин бипарҳезед, магар он миқдор аз илми нуҷум, ки дар дарёнавардӣ ва саҳронавардӣ ба он ниёз доред. Чун ки нуҷум шуморо ба ғайбгӯӣ, ва ғайбгӯӣ шуморо ба ҷодугарӣ мекашонад ва мунаҷҷим монанди ғайбгӯ, ва ғайбгӯ монанди ҷодугар, ва ҷодугар монанди кофир, ва кофир дар оташи ҷаҳаннам аст. Бо номи Худо ҳаракат кунед!

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.