Ислом

Оё мусиқӣ аз дидгоҳи ислом ҳаром аст? (2)

Баҳсе мабсут дар бораи мусиқӣ ва ғино ва дидгоҳи ойини ислом дар бораи он (бахши дуввум)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Идомаи баррасии далели фуқаҳое, ки мегӯянд, мусиқӣ ҳаром аст:

г) Истидлоли дигари таҳримкунандагони «овоз хондан», ҳадисе аст, ки Бухорӣ ба тариқе муъаллақ аз Абумолик ё Абуомир ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) мефармояд:

لَیَکُونَنَّ قَوْمٌ مِنْ اُمَّتی یَسْتَحِلُّونَ الْحَرَّ والحَریرَ والْخَمْرَ وَالْمَعازِفَ

«Дар миёни уммати ман гурӯҳе ба вуҷуд меоянд, ки зино, либоси абрешим, шароб ва маъозифро ҳалол медонанд

Ҳарчанд ин ҳадис дар Саҳеҳи Бухорӣ нақл шуда, вале аз «муъаллақот» аст, на аз «мустанадоти муттасил». Бинобар ин, Ибни Ҳазм ба сабаби инқитоъи санад, онро рад намудааст. Илова бар он, матн ва санади ҳадис низ холӣ аз «изтироб» нест. Ин санад бар сухани Ҳишом ибни Аммор мустанад аст, ки бисёреҳо ривояти ӯро заъиф донистаанд. (Алмизон ва Таҳзибут-таҳзиб)

Илова бар ин, тибқи назари Аллома Юсуф Қарзовӣ, «агар ҳалол ё ҳаром будани мавориди зикршуда дар ин ҳадис мадди назар буда бошад, таҳрими тамоми маворид дар маҷмӯъ манзур аст, на так-таки он; зеро ҳадис дар ҳақиқат баёнгари ахлоқи касоне аст, ки дар хушгузаронӣ миёни шаробу зану лаҳву овозу абрешим саргарманд. Ба ҳамин далел аст, ки Ибни Моҷа ин ҳадисро аз Абумолики Ашъарӣ бо ин лафз баён доштааст:

لَیَشْرِبَنَّ أنَاسٌ مِنْ اُمَّتِی الخَمْرَ یُسَمُّونَها بِغَیْرِ إسْمِها، یُعْزَفُ عَلَی رُؤُسِهِمْ بِالْمَعَازِفِ والمُغنیات یَخْسِفُ اللهُ بِهِمُ الأرْضَ وَ یَجْعَلُ مَنْهُمْ القِرَدَةَ وَ الخَنَازیرَ

«Гурӯҳе аз уммати ман шароб мехӯранд ва номи дигаре бар он мениҳанд ва болои сарашон дафҳо (доираҳо) ва овозҳое навохта мешавад. Худованд заминро ба сабаби онон зеру рӯ мекунад ва онҳоро ба ҳолати маймун ва хук дармеоварад.» (Ибни Моҷа ва Ибни Ҳаббон ривоят кардаанд)

д) Яке дигар аз далоили таҳримкунандагон ин ҳадис аст:

إنَّ اللهَ تعالی حَرَّمَ القِینَةَ وبَیْعَهَا وثَمَنَها وتَعْلیمَهَا

«Худованди Мутаъол хариду фурӯш, баҳо ва омӯзиши канизаки овозхонро ҳаром гардонидааст

Ва аммо ҷавоби ин истидлол:

Аввалан, ин ҳадис заъиф аст.

Сониян, Имом Ғаззолӣ мегӯяд:

أما القينة فالمراد بها الجارية التي تغني للرجال في مجلس الشرب وقد ذكرنا أن غناء الأجنبية للفساق ومن يخاف عليهم الفتنة حرام وهم لا يقصدون بالفتنة إلا ما هو محظور فأما غناء الجارية لمالكها فلا يفهم تحريمه من هذا الحديث بل لغير مالكها سماعها عند عدم الفتنة بدليل ما روي في الصحيحين من غناء الجاريتين في بيت عائشة رضي الله عنها

«Манзур аз «қина» канизаке аст, ки барои мардон дар маҷлиси шаробхорӣ овоз бихонад. Ва мо ёдовар шуда будем, ки овоз хондани зани бегона барои мардони фосиқ ва онон ки хавфи фитна аз онҳо меравад ҳаром аст. (Ва манзури онон аз фитна, анҷоми ҳаром аст.) Аммо аз ин ҳадис ҳаром будани овоз хондани каниз барои молик ва соҳиби худ истинбот намешавад; ҳатто гӯш додан ба овози каниз барои марде, ки соҳиби ӯ нест ва қасди фитнаангезӣ низ надорад ҷоиз аст, ва далели он ривояте аст, ки Бухорӣ ва Муслим дар Саҳеҳи худ аз овозхонии ду каниз дар хонаи ҳазрати Оиша ривоят кардаанд.» (Эҳёи улуми дин, 2/284) Ин ҳадис баъдан баён хоҳад шуд.

Солисан, канизакони овозхон унсури муҳимме аз низоми бардадорӣ буданд ва ислом ба тадриҷ низоми бардадориро маҳв карда; зеро вуҷуди ин табақа, бо фалсафаи низоми исломӣ ҳамоҳангӣ надошт. Бинобар ин, ҳангоме ки ҳадисе дар манъи соҳиб шудани канизакони овозхон ва мамнӯияти хариду фурӯши онҳо дар даст бошад, вуҷуди он ҳадис далел бар фурӯ рехтани асос ва низоми бардадорӣ аст.

е) Далели дигар ба ривояте аз Нофеъ аст, ки инон ба он истидлол мекунанд. Ривоят чунин аст: «Ибни Умар дар ҳоле ки бар улоғе савор буд, садои «най»-и чӯпонеро шунид. Ангуштонашро дар гӯши худ фурӯ бурд ва сари улоғашро баргардонд ва масири дигареро тай кард, дар ҳоле ки пайваста мегуфт: Нофеъ! Мешунавӣ? Ва ман мегуфтам: бале. Ӯ ҳамон тавр ки ба рафтан идома медод, мегуфт: Нофеъ! Садои найро мешунавӣ? Мегуфтам: бале. То ин ки гуфтам: дигар намешунавам, пас ангуштонашро аз гӯшҳояш берун овард ва ба роҳи аслии худ баргашт ва гуфт:

رَاَیْتُ رسولَ اللهِ یَسْمَعُ زَمارَةَ راعٍ فَصَنَعَ مِثْلَ هذا

«Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки садои найи чӯпонеро шунид ва ин гуна амал кард.» (Ривоят аз Аҳмад, Абӯдовуд ва Ибни Моҷа)

Аллома Юсуф Қарзовӣ дар радди ин истидлол мегӯяд: «Абӯдовуд ин ҳадисро «мункар» донистааст. Ва ҳатто агар саҳеҳ ҳам бошад, ба зиёни таҳримкунандагон аст, на ба нафъи онон; зеро агар шунидани садои най ҳаром буд, Паёмбари Худо (с) барои Ибни Умар ҳам онро ҳаром мекард. Ва агар Ибни Умар онро ҳаром медонист, ба Нофеъ иҷозаи шунидани садои онро намедод. Бинобар ин, сукути Паёмбар (с) бар шунидани садои най тавассути Ибни Умар, худ далеле бар ҳалол будани он аст. Ва аммо дурӣ ҷустани он ҳазрат (с) аз шунидани садои най ҳамчун худдории эшон аз бисёре мубоҳҳои дунявӣ аст, монанди ин ки эшон аз хӯрдани ғизо бо ҳолати такя задан ба чизе дурӣ меҷуст…»

ё) Далели дигари таҳримкунандагони овозхонӣ, ривояте аст, ки баён медорад:

إنَّ الغِناءَ یُنْبِتُ النَّفاقَ فی القَلْبِ

«Овоз хондан мӯҷиби рӯйиши базри нифоқ дар қалбҳост

Ин ривоят ба унвони ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) исбот нашудааст, балки ривояте аст аз саҳобии паёмбар; касе ки маъсум набуда ва асҳоби дигар назаре мухолифи назарияи ӯ доранд.

Баъзе афрод ба вижа сӯфия бар ин боваранд, ки овоз ва ғино мӯҷиби риққати қалб ва эҷоди андӯҳ ва пушаймонӣ бар гуноҳон мешавад ва инсонро ба сӯйи Парвардигор ташвиқ ва тарғиб мекунад. Ба ҳамин хотир аст, ки ин гурӯҳ ғиноро василае барои таҷдиди ҳаёт ва нишоти равонӣ ва барангехтани шавқ ва ангезаи худ медонанд ва гуфтаанд: ин амале аст, ки ҷуз бо завқ, таҷриба ва муморасат шинохта намешавад.

Ба илова, Имом Ғаззолӣ мегӯяд:

قول ابن مسعود رضي الله عنه ينبت النفاق أراد به في حق المغنى فإنه في حقه ينبت النفاق إذ غرضه كله أن يعرض نفسه على غيره ويروج صوته عليه ولا يزال ينافق ويتودد إلى الناس ليرغبوا في غنائه وذلك أيضا لا يوجب تحريما فإن لبس الثياب الجميلة وركوب الخيل المهملجة وسائر أنواع الزينة والتفاخر بالحرث والأنعام والزرع وغير ذلك ينبت في القلب النفاق والرياء ولا يطلق القول بتحريم ذلك كله فليس السبب في ظهور النفاق في القلب المعاصي فقط بل المباحات التي هي مواقع نظر الخلق أكثر تأثيرا

«Гуфтори Ибни Масъуд, ки «Овоз хондан мӯҷиби рӯйиши базри нифоқ дар қалбҳост», ин ҳукм дар мавриди овозхон аст, на дар мавриди шунавандаи он. Зеро ҳадафи овозхон ин аст, ки худаш ва садояшро бар дигарон арза намояд ва пайваста худнамоӣ мекунад ва дӯстӣ бо мардум барқарор месозад, то ононро ташвиқ кунад, ки ба овози ӯ тамоюл нишон диҳанд. Ва ҳатто ҳамин низ ҳаром намебошад. Зеро (агар далели ҳурмат, рӯйиши базри нифоқ дар дилҳо бошад) пӯшидани либосҳои зебо ва савор шудан бар маркабҳои фохир ва баҳрамандӣ аз соири таҷаммулот ва тафохур ба дороиҳо низ нифоқро дар дилҳо мекорад, дар сурате ки наметавон инҳоро ҳаром донист. Бинобар ин, сабаби таҳрими ғино, фақат эҷоди нифоқ дар дилҳо нест. Чи бисёр рафтори мубоҳе вуҷуд дорад, ки бештар аз овозхонӣ сабаби рӯйиши нифоқ дар дилҳо мешавад…» (Эҳёи улуми дин, 2/286)

ж) Далели дигари таҳримкунандагони овозхонӣ, ҳаром будани шунидани садои зан аст. Ҳамон тавр ки баъзе мӯътақиданд, садои зан аврат аст.

Дар радди ин истидлол Аллома Юсуф Қарзовӣ мегӯяд: «Ҳеҷ далеле ё шибҳидалеле аз шореъи муқаддас дар даст надорем, ки садои занро аврат бидонад. Занони асри нубувват дар ҳузури асҳоб, аз Расули Худо (с) суол мекарданд. Асҳоб ба маҳзари умматҳотул-муъминин мерафтанд ва аз онон дар бораи масоили исломӣ фатво мепурсиданд. Онон посухи асҳобро медоданд ва бо асҳоб ба сӯҳбат мепардохтанд. Ҳеҷ кадом аз асҳоб мункири чунин воқеияте набудааст.

Агар касоне эътироз кунанд ва бигӯянд: дар мавриди сӯҳбатҳои оддӣ чунин аст, на дар ғино ва овозхонӣ, дар ҷавоб мегӯем: дар Саҳеҳайни Бухорӣ ва Муслим ривоят шуда, ки Паёмбари Худо (с) овоз хондани ду канизро шунид ва бар онон эътироз нанамуд ва ҳангоме ки Абӯбакр (р) ба онҳо эътироз кард, Паёмбар (с) ба Абӯбакр фармуд:

دَعْهُما یا أبابکرٍ فَاِنَّهَا اَیّامُ عِیْدٍ

«Абӯбакр! Бо онҳо коре надошта бош, ин рӯзҳо рӯзҳои ид аст!»

Дар баҳси баъдӣ дар бораи далоили касоне ки ғиноро ҷоиз медонанд, баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.