Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (95)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (55)

* * *

Ҳикояти подшоҳи ҷуҳуди дигар, ки дар ҳалоки дини Исо саъй намуд (3)

* * *

Ахтаронанд аз варои ахтарон,

К-эҳтироқу наҳс набвад андар он.

Ба ҷуз ин ситорагони маҳсус ва табиӣ, дар моварои онҳо ситорагоне номаҳсус ва мовароӣ ҳастанд, ки ҳеч як хавосси табиати моддиро надоранд, яъне ин ситорагони маънавӣ на завол мепазиранд ва на нопадид мешаванд ва на саъду наҳс доранд.

Нукта: Наҳс ба маънои нохуҷаста, шум ва номуборак аст. Аҳли нуҷум аҳволи ситорагонро ба саъду наҳс тақсим кардаанд ва барои ҳар як низ таъсироте дар аҳволи башар қоил шудаанд. (Аттафҳим ли авоили синоъатит танҷим, с.356-357).

Манзур аз ахтарони номаҳсусе, ки дар моварои ин дунё қарор доранд, ҷонҳои авлиёуллоҳ аст, ки аз лавси моддӣ ва аворизи дунявӣ муназзаҳ аст ва дар малакут қарор дорад ва дар анвори илоҳӣ мустағрақанд. Аммо баъзе аз шореҳон аз ҷумла Акбарободӣ ва Лоҳурӣ ба пайравӣ аз Никелсун гуфтаанд, ки мурод аз ахтарон асмо ва сифоти илоҳӣ аст.

Соирон дар осмонҳои дигар,

Ғайри ин ҳафт осмони муштаҳар.

Ин ситорагони маънавӣ дар осмонҳо ва афлоки дигар дар гардиш ва ҳаракатанд, ки он афлок ғайр аз ин ҳафт осмони машҳур аст.

Соир: гарданда, сайркунанда. Муштаҳар: номвар, машҳур.

Росихон дар тоби анвори Худо,

На ба ҳам пайваста, на аз ҳам ҷудо.

Он ситорагони маънавӣ дар тобиши анвори зоти илоҳӣ устувор ва мустағрақанд. Дар он осмонҳои лоҳутӣ масъалаи ба ҳам пайвастагӣ (иттисол) ва аз ҳам ҷудоӣ (инфисол), ки аз хавосси физикии ҷаҳони моддӣ аст, матраҳ нест.

Ҳар кӣ бошад толеи ӯ он нуҷум,

Нафси ӯ куффор сӯзад дар руҷум.

Ҳар кас битавонад ба чунон камоли руҳӣ бирасад, ки аз каманди ахтарони заволпазир бираҳад, бо ахтарони олами маъно пайвастагӣ хоҳад ёфт, ва ба ин иттисол, метавонад кофирон ва табоҳкоронро, ки мехоҳанд ба сӯйи осмонҳо уруҷ кунанд, сангсор кунад ва бисӯзонад.

Руҷум: ҷамъи раҷм ба маънои сангсор кардан.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 5 сураи Мулк: «Ва осмони дунёро биёростем ба чароғҳое ва он чароғҳоро қарор додем тирҳое бар аҳриманон. Ва барои онон кайфари дӯзахро фароҳам овардем.» Манзури байт ин аст, ки руҳи тобноки инсони комил ва валии восил, ба василаи нури малакутӣ муддаъиёнро аз махзани асрори илоҳӣ меронад, чунон ки шаҳобҳои соқиб шаётинро аз ҳарими кибриёӣ меронанд.

Хашми миррихӣ набошад хашми ӯ,

Мунқалибрав, ғолибу мағлубхӯ.

Хашми ӯ, яъне хашми валии Худо, аз навъи хашми миррихӣ нест. Яъне ангезаи хашми валии Худо монанди ангезаи хашми ситамгарони бадниҳод нест, ки барои ирзои амёли дадманишонаи худ ба хашм меоянд. Хулоса, марди Худо аз рӯйи ҳавои нафс ғазабнок намешавад, ки доиман ҳоле мутағайир дошта бошад. Ва ҳарчанд ситамкорони хашмгин зоҳиран ғолиб ва қоҳиранд, аммо ботинан мағлуб ва мақҳур ҳастанд; зеро онон мағлуби нафси аммораи хешанд.

Мунқалибрав: касе ки дар роҳ рафтан яксон қадам барнадорад.

Нури ғолиб, эмин аз нақсу ғасақ,

Дар миёни исбаъайни нури Ҳақ.

Ҷони авлиёуллоҳ, ки ҳамчун анвори тобон аст, на ба костӣ дучор меояд ва на ба торикӣ гарояд. Ва ин нур дар миёни ду ангушти ҳазрати Ҳақ аст. Яъне дар айни ғолиб будан, мағлуби тасарруфоти илоҳӣ аст ва дар Худо фонӣ аст.

Ғасақ: торикии ғализ. Исбаъайн: ду ангушти даст. Мурод аз исбаъайн дар инҷо сифати ҷалол ва ҷамоли илоҳӣ аст.

Ҳақ фишонд он нурро бар ҷонҳо,

Муқбилон бардошта домонҳо.

Ин байт дар ҷавоби суоли муқаддар омадааст. Гӯё касе мепурсад: ё ҳазрати Мавлоно! Авлиёе, ки мазҳари анвори ҳазрати Ҳақ шудаанд, чӣ гуна ба он мақом расидаанд? Ҷавоб: ҳазрати Ҳақ он нурро ба таври яксон бар ҳамаи ҷонҳо тобонда аст ва дар ифозаи анвор ҳеч фарқе қоил нашуда, мунтаҳо некон ва шоистагон домани қобилият ва истеъдоди худро гушудаанд ва он анворрро ба ҷон харидаанд.

Муқбил: некбахт.

В-он нисори нурро ӯ ёфта,

Рӯй аз ғайри Худо бартофта.

Авлиёуллоҳ чун ба анвори Ҳақ расидаанд, аз ғари ӯ рух бартофтаанд.

Ҳар киро домони ишқе нобуда,

З-он нисори нур бебаҳра шуда.

Ҳар кас ки домони ишқ ва муҳаббате надошта бошад, аз файзи анвори илоҳӣ бенасиб хоҳад буд. Манзури байт ин аст, ки ҳарҷанд ифозоти ҳазрати Ҳақ бардавом аст, вале шарти ёфтани он, ишқ ва талаб аст. Ва қаҳран касе ки аз ин ду маҳрум бошад, омодаи дарёфти анвори илоҳӣ нест. Пас, набояд давоми файзи илоҳӣ мӯҷиб шавад, ки саъю талошро раҳо кунем.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.