Нигоҳе ба зиндагонӣ ва андешаҳои дуктур Ҳасан Туробӣ

Дирӯз дуктур Ҳасан Туробӣ, яке аз мутафаккирон ва андешмандон ва сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони ислом, дар синни 84-солагӣ дори фониро тарк гуфта. Ба ҳамин баҳона, муносиб дидам, дар ин навиштор дар бораи зиндагонӣ ва низ афкор ва андешаҳои навгароёнаи ин андешаманди исломӣ бинависам.

Нигоҳе ба зиндагонии Туробӣ

Дуктур Ҳасан Абдуллоҳ Туробӣ дар соли 1932 дар хонаводае саршинос дар минтақаи Кисилои Судон зода шуд. Падари ӯ яке аз номдортарини қозиҳои шариат дар рӯзгори хеш буд. Ҳасан Туробӣ дар кӯдакӣ Қуръони Каримро бо чандин қироат ва ривоят ҳифз кард ва улуми арабӣ ва шаръиро дар ҳамон кӯдакӣ ва навҷавонӣ аз падар фаро гирифт ва бо гузарондани мароҳили таҳсилӣ, гувоҳии лисонси ҳуқуқро дар Судон дарёфт ва сипас ба Урупо сафар кард. Вай номзадии худро аз Донишгоҳи Ландан ва дуктуроро аз Донишгоҳи Сорбони Порис дарёфт кард.

Туробӣ дар айёми таҳсил дар Донишгоҳи Сорбон, бо дуктур Алӣ Шариатӣ ва дуктур Ҳасани Ҳанафӣ ҳамдавра буд. Туробӣ забонҳои ангилисӣ, фаронсавӣ ва олмониро ба хубӣ фаро гирифт ва бар фалсафаи ғарбӣ тасаллут ёфт ва фарҳанги Ғарбро ба хубӣ дарк кард; чандон ки бархе аз мухолифонаш ӯро «ғарбзада» муаррифӣ карданд, на исломгарои таҷаддудхоҳ.

Туробӣ пас аз бозгашт ба ватан, риёсати Донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Хортумро ӯҳдадор шуд, то аз ин донишкада ба унвони нахустин пойгоҳи фикрӣ ва ҷунбиши худ баҳра гирад. Пас аз канорагирии Рашид Тоҳир (нозири кулли Ихвонул-муслимин дар Судон) аз мансаби хеш дар соли 1964, фурсати раҳбарии ҷараёни фикрӣ ва сиёсии Ислом дар Судон, барои Ҳасан Туробӣ фароҳам шуд.

Ҳасан Туробӣ дар нигориши Қонуни Асосии Покистон ва давлати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар солҳои 1964 то 1969 мушорикат варзид. Вай дар ҳамин асно, ҷунбиши «Мисоқи Исломӣ»-ро — ки маҳсули якпорчагии Ихвонул-муслимин ва «Ал-ҳаракат ул-исломия лит-таҳрир» (Ҷунбиши раҳоибахши исломӣ) буд — раҳбарӣ кард ва бо оғози даҳаи 70 ва рӯйи кор омадани Ҷаъфар Нумайрӣ, дар кобинаи давлати ӯ ба вазорат расид.

Дар соли 1985 «Ал-ҷабҳат ул-исломия ал-қавмия» (Ҷабҳаи миллӣ-исломӣ), ки таҳти раҳбарии Туробӣ буд, ба ҳукумати эътилофӣ ба риёсати Содиқ ал-Маҳдӣ (домоди Ҳасан Туробӣ) пайваст. Дар ин замон Туробӣ ибтидо дар кобинаи ӯ ба вазорати додгустарӣ ва сипас вазорати хориҷа ва пас аз он ба муовинати нахуствазирӣ расид. Сипас Туробӣ ба назарияпардози «Инқилоби наҷотбахш» ба раҳбарии женерол Умар Ҳасан ал-Башир табдил шуд, ки дар соли 1989 бар зидди ҳукумати эътилофии Содиқ ал-Маҳдӣ ва аҳзоби дигар ба роҳ андохт.

Ҳасан Туробиро назарияпардози ҷунбишҳои исломӣ дар ҷаҳон ва ба хусус шимоли Офриқо донистаанд. Таъсири андешаҳо ва афкори дуктур Ҳасан Туробӣ – дар канори андешаҳои Имом Ҳасан ул-Банно, Имом Хумайнӣ, Сайид Қутб, Муҳаммад Қутб, Абулаъло Мавдудӣ, дуктур Юсуф Қарзовӣ ва дигар андешамандони ҷаҳони ислом — дар шаклгирии нахустин ҳастаҳои исломгароӣ дар Шӯравии собиқ ва ба хусус ҷараёни исломгароӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, барои касе пӯшида нест. Аз миёни исломгароёни он даврон ва бунёнгузорони Наҳзати Исломӣ дар Шӯравии собиқ, наздиктарин шахсият ба дуктур Ҳасан Туробӣ Ҳайдар Ҷамол, андешаманди озаритабори Русия ба шумор меравад. Ӯ иртиботи бисёр наздик бо Ҳасан Туробӣ дошт.

Туробӣ ҳамчунин назарияпардоз, бунёнгузор ва дабири кулли Кунграи миллӣ-исломии Судон буд, ки таъсири фаровоне дар ҳукумати Судон доштааст. Вай дар соли 1996 ба риёсати порлумони Судон расид ва дар соли 2001 ба сабаби ихтилоф бо Умар ал-Башир бар сари қудрат, аз сӯйи ал-Башир аз тамомии маносибаш азл шуд ва дар соли 2002 дар иқоматгоҳи иҷбориаш таҳти назар буд ва октябри 2003 озод шуд, аммо бори дигар ба иқоматгоҳи иҷборӣ маҳкум ва дар августи 2004 дубора озод шуд.

Бисёре аз таҳлилгарон, Туробии мутафаккир – на сиёсӣ – ро нахустин мутафаккир аз миёни насли худ донистаанд, ки тавонистааст андешаи исломии якпорча гушуда ба рӯйи ҷаҳони муосир ва наздик ба воқеият ва тавоно бар посухгӯӣ ба чолишҳои рӯзгорро арза кунад. Қудрат ва тавоноии Туробӣ бештар дар суханронӣ ва хутбаҳояш аст, то дар навиштаҳояш. Ононе, ки пойи сӯҳбат ва суханронии ӯ нишастаанд, ӯро сухангӯе тавоно, хатибе чира, дорои забоне гӯё ва истидлолгаре моҳир ва пуриттилоъ тавсиф кардаанд, ки қудрати шефтасозии зеҳни шунавандагонро дорад. Бо ин ҳол, навиштаҳои ӯ низ ба сабаби дарбар доштани андешаҳо ва назариёти навгароёна, аз аҳаммияти вижае бархӯрдор аст.

Абдулваҳҳоб Афандӣ дар китоби «Саврат ут-Туробӣ» гуфтааст: «Ҷунбиши исломии муосир дар даҳаи 70, ҳеҷ китоби арзишмандеро арза накардааст ба ҷуз китоби «Ас-салоту ъимод уд-дин»-и Ҳасан Туробӣ, ки нахустин талоши фикрии ӯст.»

Андешаи Ҳасан Туробӣ

Дар давроне, ки андешаҳои Сайид Қутб бар умуми ҷунбишҳои исломӣ ба вижа дар шарқи ҷаҳони араб ҳоким буд ва онҳоро ба сӯйи инзивои огоҳона аз «ҷомеаҳои ҷоҳилӣ»-ашон (ба таъбири Сайид Қутб) ҷиҳат медод, Ҳасан Туробӣ назарияи «таъомул бо ҷомеа»-ро матраҳ кард ва онро гуфтумони исломии мутафовит, балки мухолиф бо гуфтумони исломии Сайид Қутб муарррифӣ кард. Ва албатта, ҳамзамон бо Туробӣ, дуктур Юсуф Қарзовӣ низ ҳамин шева аз гуфтумонро матраҳ ва онро ҷойгузини гуфтумони нисбатан тунди Сайид Қутб дар миёни исломгароён намуд; исломгароёне, ки дар он даврон шадидан таҳти таъсири андешаҳои Сайид Қутб қарор гирифта буданд.

Туробӣ дар китобҳое чун «Ал-имон ва асаруҳу фи ҳаёт ил-инсон» (Имон ва асари он дар зиндагии инсон), «Таҷдид ул-фикр ил-исломӣ» (Навсозии андешаи исломӣ), «Назаротун фил-фиқҳ ил-исломӣ» (Дидгоҳҳое дар фиқҳи исломӣ) ва шуморе аз суханрониҳои машҳураш монанди «Ал-ҳаракат ул-исломия ват-таҳдис» (Ҷунбиши исломӣ ва навандешӣ ва навсозӣ) ва «Қазоё фикрия ва усулия» (Масоили фикрӣ ва усулӣ) тасбит кардааст.

Ин навиштаҳо ва гуфтаҳо андешаҳо ва ороеро дар худ дорад, ки нишон медиҳад, соҳиби он дар заминаи андешаҳои исломӣ дорои як пружаи комили фикрӣ аст, ки ба далели ғалабаи ҷанбаи сиёсӣ бар рафтори соҳиби он (ки ҷанбаи сиёсии Туробӣ беҳтарин ҷанбаи шахсияти ӯ ҳам нест), ҳанӯз ҷаҳони ислом ва ба хусус исломгароён бо он андешаҳои ноб ошно нестанд. Ин пружаи фикрӣ оро ва андешаҳоеро дар худ дорад, ки ба лиҳози навандешӣ, фаротар аз замони худ аст.

Пружаи фикрии Ҳасан Туробӣ, ки мубтанӣ бар «навандешии динӣ» ва бар пояи фаҳми воқеият ва баҳрагирӣ аз таҷрибаҳои ҷаҳони Ғарб ва ҳамсозии онҳо бо андешаҳои исломист, бо мухолифати шадиди андешаҳо ва орои суннатии роиҷ ва ҳоким дар ҷаҳони ислом рӯ ба рӯ шуд.

Ҳасан Туробӣ дар китоби «Таҷдид ул-фикр ил-исломӣ» (Навсозии андешаи исломӣ), бо ҳуҷум бар андешаи исломии роиҷ ва тавсифи он ба «ғарқ будан дар умури пӯсида ва буридагӣ аз воқеият», менависад: «Ин андешаи «қадимӣ» посухе ба пурсишҳое аст, ки дар қарнҳои гузашта матраҳ буда ва он пурсишҳо акнун дигар вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, андешаи динӣ ниёзманди таҷдиди ҳаёти фарогире аст, ки бояд аз ҳадди мушкилҳое, ки мутафаккирони исломгарои муосир ба онҳо фирефта шудаанд, фаротар биравад.» Туробӣ ба ин мутафаккирон ҳуҷум мебарад ва ононро ба кӯтоҳӣ ва қусур ва нотавонӣ дар назарияпардозӣ ва андешаварзӣ муттаҳам мекунад. Вай уламои исломиро мавриди ҳамла қарор медиҳад ва ононро ба ҷумуд (хушкӣ) ва кӯтаҳфикрӣ муттаҳам мекунад.

Навандешӣ аз дидгоҳи Туробӣ

Аз дидгоҳи Туробӣ, навандешӣ бояд ба ҳамаи абъоди дин имтидод ёбад. Вай дар суханронияш бо унвони «Қазоё фикрия ва усулия» (Масоили фикрӣ ва усулӣ), хоҳони инқилобе таҷдидгароёна дар фиқҳи исломӣ мешавад. Вай фиқҳро ба ҷумуд, тақлид, эҳёи гузашта ва «ҳасри дин дар суннати қудамо» тавсиф мекунад ва бидуни ҳеҷ тардиде, эълом мекунад, ки «пушт кардан ба тамоми мероси фиқҳии қадим зарурӣ аст; зеро нақб задан аз даруни мероси фиқҳӣ, ниёзи моро дар асри ҷадид бароварда намекунад

Туробӣ фаротар аз интиқоди мутуни фиқҳӣ меравад ва ба худи усули фиқҳ (пояҳо ва асосҳои фиқҳ) мерасад ва хоҳони таъсиси равиши усулии ҷадиде барои иҷтиҳод мешавад; зеро равиши усули қадим аз назари вай, дигар наметавонад дар поярезии ҷомеаи муосири исломӣ коромад бошад. Бисёре аз уламои мусалмон бо ин даъвати Туробӣ мухолифат варзиданд ва нақдҳои илмӣ дар радди ин хостаи вай арза карданд.

Ба назари Туробӣ, мероси динии мавҷуд, ба ҷуз Қуръон ва суннат, ҳама сохта ва пардохтаи худи мусалмонон аст ва бояд дар давраҳои замонии мухталиф ва ба таносуби тафовути муҳитҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, таҳаввул ёбад.

Туробӣ дар масъалаи суннати набавӣ ҳам дидгоҳҳое дорад. Барои мисол, вай ҳуҷҷияти «хабари воҳид»-ро намепазирад ва дар суннати Паёмбари Ислом (с) миёни амру наҳйҳои он ҳазрат (с) тафовут мегузорад ва ҳамаи амру наҳйҳои эшонро илзомовар намедонад. Ҳамчунин миёни он чӣ аз ҳазрати Паёмбар (с) ба унвони «паёмбар ва қонунгузор» содир шуда ва миёни он чӣ ба унвони «як инсон» аз ӯ сар задааст, тафовут қоил мешавад ва дуввумиро аслан илзомовар намедонад.

* * *

Ба ҳар ҳол, Туробӣ дар миёни исломгароён нахустин касест, ки андешаи бозсозии фикри исломӣ ва ҳамоҳангсозии он тибқи одот ва суннатҳо ва вижагиҳои хосси ҳар миллатро матраҳ кард; ба гунае ки аз назари вай, ислом бояд нусхаҳои мухталиф ва мутафовите — бино бар моҳияти миллатҳо дар айни ҳифзи аносури муштараки ваҳдатбахш — вуҷуд дошта бошад, ки дар натиҷа исломи судонӣ, исломи мисрӣ, исломи урупоӣ, исломи эронӣ ва ғайра… хоҳем дошт.

Туробӣ хоҳони поягузории фиқҳи бумӣ ё миллӣ мешавад; фиқҳе ки дар он танҳо олимон ва руҳонён сарриштаи умурро дар даст надоранд, балки онон аз ҳеҷ имтиёзе нисбат ба дигар мусалмонон бархӯрдор нестанд, зеро дар чунин фиқҳе, иҷмои миллатҳои мусалмон мӯътабар аст ва на иҷмои фуқаҳо.

Ҳамин оро ва афкори шоззи Туробӣ буд, ки бештари уламо ва андешамандони исломӣ дар муқобила бо орои вай бархостанд, ва албатта нақдҳои илмӣ дар радди андешаҳои вай навиштанд.

Туробӣ дар масоили занон гуфтумонеро пазируфта ва мабно қарор дода, ки ба ҷунбишҳои озодии занон ва феминизми муосир дар Ғарб наздиктар аст, то ба гуфтумони исломӣ ва ҳатто ба гуфтумони шарқӣ. Туробӣ дар ин масир чунон пеш рафтааст, ки ҳатто ҳиҷобро вижаи занони Паёмбар (с) медонад.

Дуктур Ҳасан Туробӣ аз нахустин исломгароёне аст, ки аланан ҳадди иртидодро рад ва нафй кард ва ҳатто ҳар гуна муҷозоти қонунӣ ва ҳуқуқиро дар мавриди касе ки динашро тағйир диҳад, мунтафӣ эълом кард.

* * *

Хулоса, Туробии мутафаккир аз ҳар гуна қайду банде озод ва раҳост ва ҳамин амр мӯҷиб шуд, то ӯ ҳамвора барои ҳамагон нигаронкунанда бошад, ба вижа барои ҳамтоёни исломгарояш, ки бештарин ҷидоли фикрияш бо онон будааст ва анбӯҳе аз иттиҳомот аз сӯйи онон ба сӯйи Туробӣ сарозер шудааст; иттиҳомоте чун: инкоркунандаи суннат, ба фасод кашонандаи занон ва ибоҳигирии ахлоқӣ ва ғайра…

Ҳатто ҷамоати Ихвонул-муслимини Судон, ки Ҳасан Туробӣ рӯзе раҳбари он буд, дар соли 1988 баёнияе мунташир кард ва дар он мутазаккир шуд, ки ихтилоф миёни Ихвон ва Туробӣ, ихтилоф бар сари усул аст. Ва яке аз нависандагони иддаъо кард: «Коре, ки Туробӣ мекунад, такрори корест, ки Мортин Лутер бо калисои котулик кард

* * *

Ба ҳар тақдир, андешаҳо ва афкори дуктур Ҳасан Туробӣ бо вуҷуди шозз будан, шоистаи таъаммул ҳастанд. Яке аз боризтарин вижагии ин шахсияти исломӣ ин будааст, ки вай дар ибрози андеша ҳаргиз мулоҳизакорӣ намекард.

Худо ғариқи раҳматаш кунад!



Рубрики:Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: