Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (96)

Достони он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониён мекушт аз баҳри таассуб (56)

* * *

Ҳикояти подшоҳи ҷуҳуди дигар, ки дар ҳалоки дини Исо саъй намуд (4)

* * *

Ҷузвҳоро рӯйҳо сӯйи кул аст,

Булбулонро ишқ бо рӯйи гул аст.

Ин байт дар ҷавоби суоле муқаддар омадааст. Гӯё касе мепурсад: ё ҳазрати Мавлоно! Он ки домони ишқу талаб нагустарда, оё шоиста аст, ки ба анвори илоҳӣ бирасад? Ҷавоб: шоиста нест, зеро ҷузъҳо рӯй ба сӯйи куллҳо доранд. Ва инро ҳукамо гуфтаанд, ки аҷзоъ ба тарафи кулли худ ҷазб мешаванд. Масалан, сангро агар ба сӯйи осмон партоб кунем, дубора ба замин бозмегардад. Оташи афрӯхта низ майл ба сӯйи боло дорад. Об, ки бухор мешавад, ба тарафи осмон меравад ва ғайра…

Хулоса, маънои байт ин аст, ки аҷзоъ ба сӯйи кулли худ мераванд, чунон ки масалан булбулон низ табъан алоқаманди гулу гулзор ҳастанд.

Говро ранг аз буруну мардро

Аз дарун ҷӯ ранги сурху зардро.

Ин байт низ дар ҷавоби суоле муқаддар омадааст. Гӯё касе мепурсад: ё ҳазрати Мавлоно! Оё онон ки ба анвори илоҳӣ расидаанд, бо онон ки ба анвори илоҳӣ нарасидаанд, дар рангу алоими зоҳирӣ тафовуте доранд? Ҷавоб: бибин, инсон бо ҳайвон фарқ дорад. Ту масалан говро аз шаклу рангу алоими зоҳириаш ташхис медиҳӣ, ки оё ҳайвони хуб ва солимест, ё ҳайвони мариз ва бемор? Вале ранги ҳақиқии инсонро бояд аз дарунаш бишносӣ. Чаро? Барои ин ки инсон мавҷуде печида ва чандлоя аст ва ғолибан зоҳири худро бар хилофи ботинаш меорояд, то мақбули дигарон афтад. Бинобар ин, ҳавоссатро ҷамъ кун, то мабодо иблисони одамрӯй худро дар кисвати авлиёуллоҳ дароваранд ва дили содалавҳонро бирубоянд.

Байти фавқ талвеҳан ишора дорад, ки бояд мувозиби найранги муддаъиён буд, ки худро дар силки авлиёуллоҳ ҷо мезананд.

Рангҳои нек аз хумми сафост,

Ранги зиштон аз сиёҳобай ҷафост.

Рангҳои хуб аз хумми сафо ҳосил мешавад. Яъне аъмоли хуб аз қалби пок ношӣ мегардад. Вале рангҳои зишт аз оби тираи найранг ва табъи носолим аст. Яъне аъмол ва осори зишт аз қалби нопок ношӣ мешавад.

Сиёҳоба: оби омехта бо лаҷан. Ҷафо ба маънои озурдан, ситам кардан, бемеҳрӣ ва ситамкорӣ аст. Мурод аз он дар инҷо ҳамаи хӯйҳои нописанд аст.

Нукта: Мавлоно дар ду байти ахир мефармояд: агар ҳайвонотро аз рӯйи рангу алоими зоҳирӣ мешиносем ва арзиш мениҳем, вале инсонро набояд бо ҳайвонот қиёс кард. Зеро имтиёзи инсон ба умури маънавӣ аст. Рангҳои хуб, ки ҳамоно ахлоқи ҳамида ва авсофи ҷамила аст, аз хумми сафост. Ва сифоти бадкорон низ маълули оби тираи фиреб ва гумроҳӣ ва бадсиголӣ аст. Пас, ба ақидаи Мавлоно, арзиши одамӣ ба рангу нажоду зоҳири ӯ нест, балки ба сифоти ӯст.

Сибғатуллаҳ номи он ранги латиф,

Лаънатуллаҳ бӯйи ин ранги касиф.

Рангҳои нек, яъне аъмол ва аҳволи нек, ранги илоҳӣ аст. Ҳар кас худро дар маърази анвори илоҳӣ қарор диҳад, Худованд қалбу колиби ӯро ба ранги имон ва иқон ва тавҳид дармеоварад. Ва ранги зишт, яъне аҳвол ва аъмоли бад, айни лаънати худовандӣ аст.

Нукта: Сибғатуллоҳ (ранги Худо) баргирифташуда аст аз ояти 138 сураи Бақара, ки мефармояд: «Ранг кардане аз Худо, ва кист некӯтар аз Худо дар ранг кардан? Ва моем Ӯро парастандагон.» Муфассирони Қуръон сибғатуллоҳро ба тавҳид ва ислом ва фитрат ва ҳуҷҷати Худо тафсир кардаанд. (Алкашшоф, ҷ.1, с.196)

Он чӣ аз дарё ба дарё меравад,

Аз ҳамон ҷо, к-омад, он ҷо меравад.

Ин байт тафсиркунандаи чанд байти пешин аст. Маънои байт: ҳар чӣ аз дарё сарозер шавад, саранҷом ба сӯйи дарё бозмегардад, зеро ҳар чиз (ба далели «ҳар чиз ба асли худ бозмегардад»), аз ҳамон ҷо ки омада ба ҳамон ҷо низ бозмегардад.

Аз сари кӯҳ селҳои тезрав

В-аз тани мо ҷони ишқомезрав.

Ин байт тамсиле барои байти пешин аст. Масалан, аз сари кӯҳ селҳои тунду хурӯшон бо суръат равон мешаванд, ҳамин тавр аз колбади мо низ ҷонҳои оканда аз ишқ ба сӯйи дарёи ваҳдати илоҳӣ шитобон раҳ мепӯяд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.