Худшиносӣ

Худшиносӣ (20) – Худогоҳии миллӣ, инсонӣ ва паёмбарона (1)

Баҳсҳои мо дар мавзӯи «худшиносӣ» рӯ ба поён аст ва танҳо матлабе, ки боқӣ монда ва ваъда дода будам дар поёни ин силсиламабоҳис роҷеъ ба он ба тафсил сӯҳбат бикунам ин аст, ки:

1. Дар заминаи «худогоҳӣ», ба ҷуз «худогоҳии фардӣ» (ки ба тафсил дар ин бора сӯҳбат кардем), мо чанд гуна аз худогоҳӣ дорем ва онҳо кадомҳо ҳастанд?

2. Худогоҳии миллӣ ва робитаи он бо ватандӯстӣ ва тафовути он бо нажодпарастӣ.

3. Ватандӯстӣ аз назари ислом.

* * *

Инак, шурӯъ мекунем аз матлаби аввал:

Хонандаи азиз агар ин силсиламабоҳисро дунбола кардааст, дар ёд дорад, ки мо дар гузашта гуфта будем, ҷомеа низ барои худаш як «худ» дорад. Ва ин «худ» натиҷаи таркиби руҳҳо, андешаҳо, отифаҳо, хостҳо, иродаҳо ва хулоса таркиби фарҳангҳост. Яъне афрод, ки ҳар кадом як воҳиди мустақил ҳастанд, вақте вориди зиндагии иҷтимоӣ мешаванд, ҳувияти руҳии ҷадиде — ки аз он ба «руҳи ҷамъӣ» таъбир мешавад – пайдо мекунанд.

Ва аммо ин «руҳи ҷамъӣ» як вақт ба сурати «худогоҳии миллӣ» табалвур пайдо мекунад, як вақт ҳам ба сурати «худогоҳии инсонӣ» ва як вақти дигар низ ба шакли «худогоҳии ирфонӣ ё орифона» ва як вақт ҳам, паёмбарон ва фиристодаҳои Худо онро барои мо ба намоиш мегузоранд, ки метавон аз он ба унвони «худогоҳии паёмбарона» таъбир кард.

Ҳол, дар бораи ҳар як ба сурати ҷудогона сӯҳбат мекунем.

Худогоҳии миллӣ

Худогоҳии миллӣ ба таъбири устоди шаҳид Муртазо Муттаҳарӣ яъне «худогоҳӣ ба худ дар робитааш бо мардуме, ки бо онҳо пайванди қавмӣ ва нажодӣ дорад.» Инсон дар асари зиндагии муштарак бо гурӯҳе аз мардум бо қонуни муштарак, одобу русуми муштарак, торихи муштарак, пирӯзиҳо ва шикастҳои муштарак, забони муштарак ва билохира фарҳанги муштарак, навъе ягонагӣ бо онҳо пайдо мекунад, балки ҳамон тавр ки як фард дорои як «худ» аст, як қавм ва як миллат ба иллати доштани фарҳанги муштарак, як «худ»-и миллӣ пайдо мекунад. Яъне як миллат як «мо» мешавад, ки аҳёнан барои ин «мо» фидокорӣ мекунад, аз пирӯзии «мо» эҳсоси ғурур ва аз шикасти он эҳсоси сарафкандагӣ мекунад.

Носиюнолизм дар назди ҳар қавм ва миллате, ки бо ановине чун понарабизм, понтуркизм, понэронизм ва ғайра арзи андом кардааст ва ба хусус дар қарни 19-и милодӣ ривоҷи фаровон ёфт ва ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, бар ин фалсафа устувор аст.

Дар ин навъ худогоҳӣ ҳама чиз — арзёбиҳо, эҳсосҳо, довариҳо, ҷиҳатгириҳо — ҷанбаи миллӣ дорад ва бо ақрабаи миллият мечархад. Худогоҳии миллӣ, агарчанде ки нажодпарастӣ нест ва бо он тафовут дорад (ва баъдан дар ин хусус ба тафсил сӯҳбат хоҳем кард), вале агар дар назди миллате бар мабнои бартар дидани «худ» яъне бартар дидани «мо» аз дигар қавмиятҳо ва миллиятҳо устувор буда ва «миллият» меъёри арзёбиҳо ва довариҳояш гардад, нописанд ва мазмум аст, ва дар воқеъ навъе худхоҳӣ ва худписандӣ аст, ки фоқиди ҷанбаи ахлоқӣ аст.

Мо дар баҳсҳои оянда хоҳем гуфт, ки агар миллатгароӣ ва ё ҳамон носиюнолизм, бар ин мабно ва асос устувор набошад, на танҳо нописанд нест, балки матлуб ҳам ҳаст. Аммо он ба чӣ сурат ва шакл аст, дар ин бора дар баҳсҳои оянда сӯҳбат хоҳем кард.

Худогоҳии инсонӣ

Худогоҳии инсонӣ яъне огоҳӣ ба худ дар робита бо ҳамаи инсонҳо. Худогоҳии инсонӣ бар ин асл ва асос устувор аст, ки инсонҳо маҷмӯан як воҳиди воқеӣ ба шумор мераванд ва аз як «виҷдони муштараки инсонӣ» баҳраманданд; эҳсоси инсондӯстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи афроди инсон мавҷуд аст ва ба қавли Саъдӣ:

Бани Одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз миҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Фалосифае монанди Огуст Канти фаронсавӣ, ки дар ҷустуҷӯи «дини инсоният» буданд, мураввиҷи ҳамин андеша буданд. Умонизм (Humanism = Гуманизм), ки худаш як фалсафа аст, ҳамин аст.

Умонизм инсонро дар моварои табақот, миллиятҳо, фарҳангҳо, мазҳабҳо, рангҳо, нажодҳо, хунҳо ба сурати як воҳид мебинад ва ҳар гуна табъиз ва тафовутеро нафй мекунад. Эъломияҳое, ки ба номи «Ҳуқуқи башар» дар ҷаҳон мунташир шудааст, бар ин фалсафа такя дорад ва мубаллиғи ин навъ худогоҳӣ дар ҷаҳон аст.

Агар ин навъ худогоҳӣ дар фарде пайдо шавад, дардаш дарди инсон, орузҳояш орзуҳои инсон мешавад ва ҷиҳатгирӣ ва талошаш дар ҷиҳати инсон сурат мегирад, дӯстиҳо ва душманиҳояш ҳама ранги инсонӣ меёбад ва ба қавли пайравонаш, «дӯсти дӯстони инсон яъне илм, фарҳанг, беҳдошт, рифоҳ, озодӣ, адолат ва муҳаббат, ва душмани душманҳои ӯ яъне ҷаҳл, фақр, зулм, беморӣ ва табъиз» мегардад. Ин навъ худогоҳӣ агар пайдо шавад, бар хилофи худогоҳии миллӣ ҷанбаи ахлоқӣ хоҳад дошт (албатта худогоҳии миллие, ки бар мабнои худбартарбинӣ устувор бошад).

Вале ин худогоҳӣ бо ин ки беш аз ҳама сурати мантиқӣ дорад, мутаассифона воқеият наёфтааст. Чаро?

Дар бахши баъдӣ агар умре боқӣ буд иншоаллоҳ ба посухи ин пурсиш хоҳем пардохт.

Идома дорад

Рубрики:Худшиносӣ

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.