Ваҳдати исломӣ

Шайхи Алазҳар хостори баргузории нишасте миёни уламои аҳли суннат ва шиъа шуд

Шайхи Алазҳари Миср рӯзи сешанбе (08/03/2016) дар дидор бо раисиҷумҳури Ироқ хостори баргузории нишасте миёни уламои аҳли тасаннун ва мароҷеи шиъён шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Мисриял-явм, Аҳмад ат-Тайиб, шайхи Алазҳари Миср, бо Фуод Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ ва ҳайъати ҳамроҳи вай, дар Қоҳира дидор ва гуфтугӯ карданд.

Шайхи Алазҳар дар ҷараёни ин дидор, хостори баргузории нишасте миёни уламои аҳли тасаннун ва мароҷеи шиъён бо ҳадафи судури фатвоҳое дар хусуси таҳрими куштори шиъён ва аҳли тасаннун ба дасти якдигар ва аз байн бурдани омилҳои тоифагарӣ миёни мусалмонон, ки мунҷар ба вуқӯи даргириҳое дар бархе кишварҳои арабӣ шудааст, шуд.

Вай таъкид кард: «Ироқ кишвари бузурге дар минтақаи арабӣ ва исломӣ аст ва барқарории амният дар он ва бозёбии ваҳдаташ ба манзури аз байн рафтани мушкилот ва сахтиҳои миллати дӯсти Ироқ, амре муҳим ва зарурӣ ба шумор меравад

Ат-Тайиб тасреҳ кард: «Алазҳар комилан омода аст, то ҳар гуна кӯмак ва ҳимояти худро барои муқобила бо талошҳое, ки дар ҷиҳати эҷоди тафриқа ва дудастагӣ миёни мардум Ироқ мешавад, дар ихтиёри ин кишвар қарор диҳад

Вай бо таъкид бар машйи миёнаравии Алазҳар гуфт: «Ин ниҳод барои тақвияти ваҳдати уммати исломӣ гом бармедорад ва иҷоза нахоҳад дод, ки ҳеҷ андешаи тоифаӣ ё мунҳариф якпорчагии уммати исломиро ҳадаф қарор диҳад

Вай идома дод: «Бархе қудратҳои минтақа ва байналмилалӣ талош мекунанд, то ба даргириҳои тоифаӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ бо ҳадафи хидмат ба душманони уммат ва таъмини манофеи онҳо доман бизананд

Фуод Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ низ бо тақдир аз талошҳо ва ҳимоятҳои Алазҳар барои барқарории амният ва эҷоди ваҳдат дар Ироқ, таъкид кард, ки мардуми кишвараш нақши Алазҳарро дар тарвиҷи исломи миёнарав ва муқобила бо ҳар гуна андешаи ифротӣ меситоянд.

Раисиҷумҳури Ироқ ҳамчунин бар тақвияти ҳамкориҳо бо Алазҳар дар ҳамаи заминаҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ таъкид кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.