Сиёсат

Муовини раҳбари АНСТ: «Дар рафтору гуфторамон набояд дашном ва бадгӯӣ ҷой дошта бошад»

5656Муҳаммад Расул, муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо таъкид бар ин ки «мо бояд бо равиши дуруст, мутобиқ бо қавонини байналмилал ва урфи ҷомеаҳои мутараққӣ қадам гузорем ва дар рафтору гуфторамон набояд таҳқиру дашном ва бадгӯӣ ба ҷабҳаи мухолиф ҷой дошта бошад ва садоямон бояд мантиқӣ ва бо далел бошад» гуфт: «Анҷуман ҳамин роҳро дар пеш гирифтааст ва кӯшиш дорад, ки ин роҳро бо қадамҳои матину устувор ба сӯи фардои ободи миллат бипаймояд.»

Машрӯҳи гуфтугӯи Кимиёи саодат бо ҷаноби Муҳаммад Расул:

— Як мухолиф аз назари шумо бояд чӣ гуна бошад?

— Ба назари ман, мухолифи сиёсӣ, ки ҳадафаш сохтани ҷомеа мебошад, муҳимтарин ва нахустин масъала барои вай аввал сохтани худаш аст. Яъне худшинос ва Худошинос будан ва доштани як мантиқи дуруст. Нуктаи дигар, ки дар мавриди як мухолиф ба назар меояд ин аст, ки мухолиф набояд фақат интиқодгар бошанд, балки дар айни интиқод, роҳи ҳалҳоро низ ироа намоянд.

— Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки шумо муовини раҳбари он ба шумор меойед, дар марҳилаи кунунӣ чӣ барномаҳоеро барои мубориза дар назар гирифтааст?

— Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон бар асоси Асосномааш, ки маҳдудаи ихтиёрот ва вазоифи раҳбар ва муовин ва ҳам афроди дигар, ки масъулиятҳоеро бар дӯш доранд муайян кардааст, амал мекунад. Он чӣ барои мо аз ҳама дар ҳоли ҳозир муҳим аст ва раҳбари Анҷуман Устод Додоҷон Атовулло низ ҳамеша бар он таъкид мекунад, ин иттиҳод ва якпорчагӣ аст. Мо дар ҳоли ҳозир ба масъалаи иттиҳод ва ҳамбастагӣ аҳаммияти вижае медиҳем.

Ва бар ҳамин асос, Анҷуман пешниҳод мекунад:

1 – Тамоми аҳзоб, гурӯҳҳо, нухбагони сиёсӣ, фарҳангиён ва ҳамаи ватандӯстоне, ки бо роҳи саҳеҳи сиёсӣ дар пайи даст ёфтан ба ҳуқуқи мусаллам ва мантиқӣ қадам мегузоранд, бо ҳам муттаҳид гардонида шаванд;

2 – Ташкили шӯрое мубтанӣ бар мантиқ, ки шомили ақшори фарҳангӣ ва сиёсӣ, новобаста ба афкор ва салиқаҳост, дар назар гирифта шавад;

3 – Бо таваҷҷӯҳ ба таҷруба ва таҳлилоти хеш, Анҷуман огоҳ аст, ки дар оянда чӣ чизҳое моро дар интизор аст ва бо таваҷҷӯҳ ба он, Анҷуман дар садад аст, ки шӯъбаҳои ҳимояти ҳуқуқӣ дар Аврупо ва Русия барои шаҳрвандони тоҷике, ки дар ин кишварҳо басар мебаранд, ташкил диҳад.

Анҷуман дар ҳоли такомули худ аст, дар сафҳои Анҷуман афроди лоиқ пазируфта мешаванд ва сафҳои он аз афроди тафриқаҷӯ пок мегарданд.

— Ҳама аз иттиҳод ва ваҳдат ҳарф мезананд, вале дар амал чизе аз касе мушоҳида намешавад, балки баръакс шоҳиди дудастагиҳо ҳастем.

— Мутаассифона имрӯз баъзе аз ҳамватанони мо, ки худро мухолиф медонанд, ба далели адами огоҳӣ, қодир ба ташхиси масъалаҳо нестанд. Садои онҳо, ки аз шабакаҳои иҷтимоии гуногун ва аз ҷумла ва Zello шунида мешавад, ба қадре мухталиф ва пароканда аст, ки мардум гиҷ шудаанд. Дар ин миён, афроде низ вориди майдони сухан шудаанд, ки аз дониши сиёсӣ камтар бархӯрдор буда ва бо ихтилофафканӣ, тундгароӣ ва суханони ҳисобнашудаи худ, боиси эҷоди тарсу ваҳшат дар қалбҳои мардуми тоҷик низ гардиданд.

Имрӯз ҳар нафаре, ки худро мухолифи режим медонад, бояд дар ин маврид андеша намояд, ки миллат чӣ мушкил дорад? Миллат чӣ мехоҳад? Чаро миллат ба фалон рафтори ҳукумат бовар надорад? Оё миллат аз чизе метарсад ва дар ҳарос аст? Агар миллат дар тарсу ҳарос нест, пас мушкил дар куҷост? Мухолиф бояд дар зеҳни худ, амсоли ин суолҳоро дошта бошад ва дар робита ба онҳо фикр кунад.

Ин ба ин маъност, ки мухолиф дар фикри миллат аст, вагарна мардуми мо дар тӯли солҳо мушоҳида намуданд, ки касоне ба унвони мухолиф қад алам мекунанд ва танҳо ғамашон манофеи шахсии худ аст ва ё ниҳоятан манофеи гурӯҳӣ ва ҳизбии худ. Ва ин боис гардид, ки миллат такягоҳи устувор ва мутмаинне барои худ набинад, итминони худро ба ин гуна ҳаракатҳо аз даст диҳад. Агар мухолиф дил барои ин мардум ва миллат месӯзонад, бояд коре кунад, ки мардум эҳсос намоянд, ки вай такягоҳи воқеии мардум аст ва метавон бар ӯ такя намуд. Такягоҳе мутмаин ва воқеӣ, на забонӣ.

Аммо вазифаи мо, ба унвони фаъолони сиёсӣ чист? Мо чӣ бояд кунем? Мо бояд бо равиши дуруст, мутобиқ бо қавонини байналмилал ва урфи ҷомеаҳои мутараққӣ қадам гузорем; дар рафтору гуфторамон набояд таҳқиру дашном ва бадгӯӣ аз ҷабҳаи мухолиф ҷой дошта бошад.

Садоямон бояд мантиқӣ ва бо далел бошад, то эътимоди мардумро ба даст оварем. Албатта Анҷуман низ ҳамин роҳро дар пеш гирифтааст ва кӯшиш дорад, ки ин роҳро бо қадамҳои матину устувор ба сӯи фардои ободи миллат бипаймояд.

Бинобар ин, мабнои иттиҳод ин аст, ки бояд бидонем, имрӯз ҳукумат роҳе барои дигарандешон ва дигарандешӣ нагузоштааст, пас биёед бо ҳам роҳеро пайдо намоем, роҳе барои салоҳи Ватан! Бар касе пӯшида нест, ки пас аз тасвиби ниҳоии ислоҳи Қонуни асосӣ, чи бар сари ин аҳзоб хоҳад омад! Пас бояд бо ҳам фикр кунем, ки чӣ бояд кард? Бояд бар ин меҳвар биандешем, ки дар ин доираи маҳдуди фаъолият кадом роҳро биравем, чӣ гуна рафтор кунем. Медонем, ки маҳдуд сохтани фаъолияти аҳзоб ба маънои нобудии онон аст. Мутаассифона имрӯз аҳзоби сиёсии дохил ба ҷуз хушхидматӣ ба ҳукумат, коре надоранд. Чаро чунин шудааст? Оё ба ҳамин равиш идома хоҳем дод, ё фикри тозае хоҳем андешид?

Имрӯз бо вуҷуди ин аҳзоб, танҳо чеҳраи ҳукумат демократитар шудаасту бас. Ин ба ҷуз фиреби ҷомеа чизе нест.

— Дар бораи наворе, ки ахиран мунташир шуд ва суханонеро ба раҳбари Анҷуман нисбат медиҳад, назари шумо чист?

— Бале, мутаассифона ин таҳқиру носазоҳо алайҳи раҳбари мо Додоҷон Атовуллоев мушоҳида мешавад, ки қатъан инро афроде аз вобастагони ҳукумат ташкил менамоянд, ки ҳадафашон ҷуз монеи ҳаракати мо чизе нест. Ҳоло вазифаи мо дар қиболи ин ҳаракати ноҷавонмардона чист? Оё посухе ба мисли онон ё посухе бар асоси мантиқ, далел ва рӯшангар?

Анҷуман роҳеро дар пеш гирифтааст, ки дар масири созандагиву ободонист ва дар ин роҳ, бо таҳлилҳои амиқ ва андешаҳои сиёсӣ гом мебардорад.

Анҷуман аз тарафи афроде ташкил гардидааст, ки то Ватан сохта шавад, ва сохтани Ватан на бо шиор, на бо сухан, балки бо амал аст.

— Саломат бошед.

— Ташаккур.

1 ответ »

  1. Бас аст дигар бас аст….гоҳ аз турмаву гоҳ аз сиёсат ва гоҳ насиҳат дар ҳоле дар руят маска кашидагӣ….номалум астӣ ки астӣ

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.