Худшиносӣ

Худшиносӣ (21) – Худогоҳии миллӣ, инсонӣ ва паёмбарона (2)

Дар поёни баҳси пешин гуфтем, ки «худогоҳии инсонӣ» бо ин ки беш аз ҳама сурати мантиқӣ дорад, вале мутаассифона воқеият наёфтааст. Чаро? Далелаш дар моҳияти инсон нуҳуфтааст. Моҳияти инсон бо ҳамаи мавҷудоти дигар – ҷамод, набот, ҳайвон – комилан мутафовит аст.

Тавзеҳ он ки: ҳар мавҷуде ба ҷуз инсон, ки офарида мешавад ва по ба арсаи ҳастӣ мегузорад, воқеият ва моҳияташ ҳамон аст, ки офарида шуда. Яъне моҳият ва воқеият ва чигунагиҳояш ҳамон аст, ки ҳаст. Аммо инсон пас аз офарида шудан, марҳилаи ин ки чӣ бошад ва чигуна бошад, тоза оғоз мешавад. Ва ба таъбири беҳтар ва ба гуфтаи устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ, «инсон он чизе нест, ки офарида шудааст, балки он чизе аст, ки худаш бихоҳад бошад, он чизе аст, ки маҷмӯи омилҳои тарбиятӣ ва аз он ҷумла ирода ва интихоби худаш, ӯро бисозад

Инсон, бар хилофи ҷамоду наботу ҳайвон, шахсе дорад ва шахсияте. Шахси инсон — яъне аз назари ҷисми ва баданӣ – ба ҳамин сурат, ки мебинем, ба дунё меояд. Инсон дар оғози таваллуд аз назари баданӣ, монанди ҳайвоноти дигар аст, вале аз назари руҳӣ – яъне аз назари он чӣ баъдан шахсияти инсонии ӯро месозад – чунин нест, балки инсоният дар ӯ фақат омодаи рӯидан ва рушд ёфтан аст. Инсон аз назари руҳӣ ва маънавӣ, дар марҳилаи баъд ва ба дасти худаш сохта мешавад ва ҳар кас худаш меъмор ва муҳандиси шахсияти худаш аст.

Боз ба таъбире дигар, ҳар мавҷуде ғайр аз инсон, миёни худаш ва моҳияташ ҷудоӣ нест. Масалан, миёни санг ва «санг будан», миёни дарахт ва «дарахт будан», миёни саг ва «саг будан» ва ғайра, ҷудоӣ ва фосила нест. Як саг аз ҳамон ибтидои ба дунё омадан, саг аст. Ба хилофи инсон, ки миёни худаш ва моҳияташ ҷудоӣ ва фосила ҳаст, яъне миёни ӯ ва «инсон буданаш». Басо инсонҳо, ки ба инсоният нарасида ва дар марҳилаи ҳайвоният боқӣ мондаанд, ва балки басо инсонҳо, ки масх шуда ва ба зидди инсон табдил шудаанд.

Ва ин нуктае аст, ки Эгзистонсиёлизм (Existentialism = Экзистенциализм), яке аз охирин мактабҳои фикрӣ ва фалсафаии ғарбӣ қоил ба он аст. Ин мактаби фалсафӣ мегӯяд: «Инсон як вуҷуди бемоҳият аст ва худ бо интихоби роҳи худ, ба худ моҳият мебахшад.» Ва ин комилан назари дуруст ва саҳеҳ аст. Албатта, фалосифаи исломӣ мисли Садрулмутааллиҳин ва ҳамчунин Мавлоно (дар лобалои Маснавӣ), садҳо сол пеш аз эгзистонсиёлистҳо ба ин нукта ишора кардаанд.

Садрулмутааллиҳин дар «Асфор» мегӯяд:

«Инсон навъ нест, анвоъ аст, балки ҳар фард аҳёнан ҳар рӯз навъе аст ғайр рӯзи дигар

Аз инҷо равшан мешавад, ки барои як инсон сару сурат ва зоҳири ӯ, милоки «инсоният» ва «инсон будан» нест. Инсон бо ин сару сурат ва зоҳираш, ки мебинем, танҳо замина ва истеъдоди «инсон будан» дар ӯ ҳаст ва ба таъбири фалосифа, ӯ фақат «ҳомили истеъдоди инсоният аст, на худи инсоният

Ҳоло як мисоли сода бизанам. Як гург аз ҳамон ибтидои таваллуд, бо хӯю хислати гургӣ мутаваллид мешавад ва дар вуҷуди ӯ ҳеч истеъдод ва заминае барои «дигар шудан» нест, масалан, дар як гург истеъдоди «хушахлоқ шудан» ва ё «донишманд шудан» ва ғайра вуҷуд надорад. Аммо инсон вақте таваллуд мешавад, дар вуҷуди ӯ истеъдодҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки метавонад онҳоро шукуфо кунад.

* * *

Ҳол, бармегардем ба асли баҳс ва матлаб. Гуфтем, ки «худогоҳии инсонӣ» бар ин асл устувор аст, ки инсонҳо маҷмӯан як «воҳиди воқеӣ» ба шумор мераванд ва аз як «виҷдони муштараки инсонӣ» — моварои виҷдони мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ — баҳраманданд.

Акнун бояд пурсид, ки чӣ инсонҳое маҷмӯан як «худ» доранд ва «руҳи воҳид» бар онҳо ҳукмфармост? «Худогоҳии инсонӣ» дар миёни чӣ инсонҳое рушд меёбад ва дар онҳо ҳамдардӣ ва ҳампайкарӣ эҷод мекунад? Оё дар ҳамаи мавҷудоте ба номи «инсон»? Яъне, ҳам касоне ки истеъдоди «инсон будан» ва «арзишҳои инсонӣ» дар онҳо шукуфо шуда ва дар ҳақиқат моҳияти воқеии инсонӣ дар онҳо таҳаққуқ ёфтааст, ва ҳам инсонҳое, ки истеъдоди «инсон будан» дар онҳо танҳо дар ҳадди истеъдод боқӣ монда ва шукуфо нашуда, ва ҳам он даста аз инсонҳое, ки инсонияти онҳо масх шуда ва тағйири моҳият пайдо карда ва табдил ба бадтарини ҷонварон шудаанд?

Оё дар бораи ҳар як аз ин се гурӯҳ метавон гуфт, маҷмӯан як «худ» доранд ва руҳи воҳид бар онҳо ҳукмфармост?

Пурравшан аст, онҷо ки сухан аз ҳамдардӣ ва ҳампайкарии мутақобил аст ва ин ки ҳама «аъзои як пайкаранд» ва аз дарди якдигар беқароранд, ҳамаи ин се гурӯҳ наметавонанд инчунин бошанд. Яъне, оё инсонҳое мисли ҳазрати Мӯсо (а) ва ҳазрати Исо (а) ва ё афроде чун Гондӣ, ки инсонҳои комиле ҳастанд, бо афроде чун Фиръавн ё Қайсар ва ё Ҳитлер, ки инсоният дар онҳо масх шуда ва ба дарандаҳое табдил ёфтаанд, миёни инҳо «як руҳи воҳид» ҳукмфармо ва маҷмӯан як «худ» ҳастанд?

Пас, танҳо инсонҳои ба инсоният расида ва моҳияти инсонӣ ёфта ҳастанд, ки воқеан аъзои «як пайкаранд», «руҳи воҳид» бар онҳо ҳукмфармост, ки «Чу узве ба дард оварад рӯзгор // Дигар узвҳоро намонад қарор

Пас, он чӣ воқеан инсонҳоро ба сурати «мо» дармеоварад ва «руҳи воҳид» дар онҳо медамад, «ҳамимонӣ» аст, на ҳамгавҳарӣ ва ҳамрешаӣ, ки дар сухани Саъдӣ омадааст. Албатта, мурод аз имон дар инҷо, фақат имони мазҳабӣ нест, ки баҳсаш ҷудост.

Устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар мавриди шеъри Саъдӣ мегӯяд: «Он чӣ Саъдӣ гуфта, идеол аст, на воқеият, балки идеол ҳам нест. Чӣ ҷиҳате дорад, ки Мӯсо ҳампайкари Фиръавн бошад? Он чӣ ҳам воқеият аст ва ҳам идеол, ваҳдати инсонҳои ба инсоният расида ва арзиш ёфта аст. Ин аст, ки Расули Акрам (с) дар сухани худ, ки Саъдӣ онро иқтибос карда ва бо таъмими ғалат харобаш кардааст, ба ҷойи он ки бигӯяд, «Бани Одам аъзои як пайкаранд» фармуда:

«Мӯъминон аъзои як андоманд, ҳар гоҳ узве ба дард ояд, бо табу бехобӣ бо ӯ ҳамдардӣ мекунанд

Шак нест, ки инсони ба инсоният расида нисбат ба ҳамаи инсонҳо, балки нисбат ба ҳамаи ашёъ меҳр меварзад, ҳатто нисбат ба инсонҳои масхшуда ва тағйири моҳиятдода, аз ин рӯст, ки Худованд ҳазрати Паёмбар (с)-ро «раҳматан лил-ъолмин» мехонад. Ин гуна инсонҳо нисбат ба касоне ки ба онҳо душманӣ мекунанд низ меҳрварзанд. Алӣ (а) дар бораи Абдураҳмон ибни Мулаҷам, яъне қотили худ мегӯяд: «Ман зиндагии ӯро дӯст дорам ва ӯ қатли маро

Ин ки шаҳид Мутаҳҳарӣ мегӯяд, «Он чӣ Саъдӣ гуфта, идеол аст, на воқеият, балки идеол ҳам нест«, воқеият надоштанаш ба ин аст, ки масалан оё имрӯз ҳамин оқоёни умонист, ки дам аз ин андеша мезананд ва қоил ба инанд, ки миёни инсонҳо «як руҳи воҳид» ҳукмфармо ва маҷмӯан як «худ» ҳастанд, оё қабул доранд, ки бо теруристҳое чун афроди ДОЪИШ — ки инсонияташон комилан масх шуда ва одамҳоро зинда-зинда ба оташ мекашанд – «ҳампайкаранд» ва «як руҳи воҳид» миёни онҳо ва ин дарандаҳо ҳукмфармост?

Ё ин ки дар баробари ин афрод, навъе масъулият эҳсос мекунанд ва мӯътақиданд, бояд замин аз лавси вуҷуди онҳо пок шавад? Кадом як?

Бале, ин ҷоҳо, ки мерасанд, «ҳампайкар буданашон» фаромӯш ва қоил ба масъулият мешаванд, аммо ҳамин ки навбат ба саҳюнистҳо, ки кучактарин тафовут бо доъишиҳо дар қатлу куштор надоранд ва беш аз 60 сол аст, ки ба фаластиниҳо ситам мекунанд мерасанд, вақте баҳси маҳкум кардани саҳюнистҳо ба миён меояд, «ҳампайкарӣ» ба ёдашон меояд.

Идома дорад

Рубрики:Худшиносӣ

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.