Перейти к содержимому

Роҳи дармони кина кадом аст?

561276Кинатӯзӣ аз гуноҳони бузург ва заминасози ширк ба Худованд ва душманӣ бо дигар ҳамнавъон аст. Агар инсон битавонад ин бемориро дармон кунад, аз бисёре гуноҳон ва рафторҳои нописанд дар амон хоҳад буд. Аз ин рӯ, ибтидо мафҳуми «кина»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, сипас дар бораи дармони он сӯҳбат хоҳем кард.

Кина чист?

Маънои кинатӯзӣ ин аст, ки агар байни ду нафар даргирӣ ва бархӯрде ба вуҷуд ояд, пас аз поёни даргирӣ, зеҳн ва фикри ҳар кадом нисбат ба дигарӣ тираву торик шуда ва дар дил нисбат ба ӯ бадбин ва бадхоҳ шавад, ба гунае ки дунболи фурсат ва мавқеияте бошад, ки ба навъе аз ӯ интиқом бигирад.

Аз маҷмӯи ривоёте, ки дар ин боб ворид шуда, танҳо ба як ривоят аз Расули Худо (с) ишора мекунем, ки ҳазрат фармуд:

الْمُؤْمِنُ لَيْسَ بِحَقُودٍ

«Мӯъмин кинатӯз намебошад.» (Ин ривоятро Имом Ғаззолӣ дар Эҳё нақл карда). Яъне мӯъмин ҳаргиз адовати касеро ба дил намегирад.

Барои ин ки битавонем ин сифати нописандро аз вуҷуди хеш дур кунем, лозим аст иллатҳои пайдоиши кинатӯзиро бишносем, зеро иллатшиносӣ ҳам дар дармон кӯмак мекунад ва ҳам дар пешгирӣ аз як беморӣ.

Иллатҳои кинатӯзӣ

Яке аз иллатҳои аслии пайдоиши кинатӯзӣ ҷидол ва хусумат аст. Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки фармуд: «Аз ҷидол ва хусумат бипарҳез; зеро душманӣ ва адоват дар дараҷаи аввал қалби одамиро машғул медорад ва дар дараҷаи дуввум мӯҷиби нифоқ ва дурӯӣ мегардад ва дар дараҷаи севвум кинаҳо ва душманиҳоро дар дил шӯълавар месозад.» (Мизонул-ҳикма, 1/747)

Аз ин ривоят дониста мешавад, ки иллати аслии кинатӯзӣ ҷанг ва ҷидол ва бадбинӣ нисбат ба якдигар аст, ки ба таври табиӣ мӯҷиби ҷудоӣ байни мӯъминон шуда ва дар дилҳояшон ҳиқд ва кина реша мегирад.

Лаън ва нафарин кардани дигарон, дашном, масхара кардан, тамаъ, таваққӯи беш аз андоза, эродгирӣ, ғайбат кардан ва заъфи шахсиятӣ, аз ҷумлаи дигар авомили муҳимми эҷоди кина ҳастанд.

Дармони кинатӯзӣ

1. Агар касе бидонад, ки кинатӯзӣ — яъне адоват ва душмании дигаронро ба дил гирифтан — самарае надошта, танҳо ин шахси кинатӯз аст, ки доиман дар оташи сӯзоне, ки худ шӯълавар сохта, гирифтори дарду ранҷ мебошад ва боз бидонад, ки камтарин зиёне оиди шахсе, ки мавриди адовати ботинии вай қарор гирифтааст, намегардад, ба таври яқин аз кинатӯзи даст бархоҳад дошт.

2. Баъд аз дарки ин ҳақиқат, ки кинатӯзӣ кори нописанде аст ва паёмади хубе надорад, бояд талош намуд, ки худро ороста ба ахлоқи некӯ намуда, аз даргирӣ ва бархӯрд бо дигарон дурӣ варзад.

3. Эҷоди руҳияи афв ва гузашт яке аз боризтарин мисдоқҳои ахлоқи иҷтимоӣ аст, ки дар дармон ва пешгирӣ аз кинатӯзӣ низ муассир аст. Агар фарди дигаре шуморо мавриди озору азият ва тавҳин қарор бидиҳад, ба ҷойи он ки нисбат ба ӯ хашмгин шуда ва хусумати вайро дар дили худ ҷой диҳед, беҳтар аст бо афв ва гузашт бархӯрд намоед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: