Перейти к содержимому

Рафсанҷонӣ аз зарурати ваҳдат миёни шиъа ва суннӣ гуфт

Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон таъкид кард, ки набояд ихтилофоти ҷузъӣ байни шиъа ва суннӣ сабаби бурузи ихтилофоти асосӣ ва душманӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузории Isna, Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар маросими азодории ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), бо таслияти шаҳодати бонуи ду олам, изҳор дошт: «Ҳазрати Заҳро (а) ба як ривоят 18 сол ва ба ривояте дигар 25 сол умр кардаанд, ки дар ҳар сурат бисёр кӯтоҳ будааст ва ҷавон аз дунё рафтаанд

Вай  бо таъкид бар ин ки ҳазрати Заҳро (а) аз даврони кӯдакӣ зимни парасторӣ аз падар, илтиёмбахши захмҳо ва оломи дарунии эшон буданд, гуфт: «Худованд мақоме шомих ба ҳазрати Заҳро (а) дода буд ва Паёмбари Акрам (с), ки гули сарсабади башарият ҳастанд, эҳтироми фавқулодае барои духтари худ қоил буданд, ба тавре ки дастони мубораки эшонро мебӯсиданд

Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ба хутбаи торихӣ ва асаргузори ҳазрати Заҳро (а) ишора кард ва гуфт: «Хутбаи эшон муҳимтарин санади торихие аст, ки ба гузаштаи аъроб ва ҷоҳилият ва масоили муҳимми дигар мепардозад ва хеле аз дӯстдорони Аҳли байт (а) ин хутбаро аз бар мекарданд.»

Ҳошимии Рафсанҷонӣ, бо ибрози таъассуф аз номаълум будани мазори ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), изҳор дошт: «Маҳалли дафни ҳазрати Алӣ (а) баъд аз қарнҳо пайдо шуд, аммо дар мавриди маҳалли қабри ҳазрати Заҳро (а) ҳанӯз тардид вуҷуд дорад

Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар бахше дигар аз суханони худ, бар зарурати ҳаётии ваҳдати шиъа ва суннӣ ба вижа дар шароити ҳассоси кунунии минтақа ва ҷаҳон таъкид кард ва гуфт: «Ҳамон тавр ки мақоми муаззами раҳбарӣ низ ахиран таъкид кардаанд, набояд ихтилофоти ҷузъӣ байни ин ду сабаби бурузи ихтилофоти асосӣ ва душманӣ шавад

Вай, бо баёни ин ки ҷанг байни шиъа ва суннӣ орзуи душманони ислом аст, гуфт: «Набояд бо тақвияти нуқоти ихтилофи шиъа ва суннӣ, ба даргирӣ ва даъвои онҳо доман бизанем, балки бояд бо рафтори санҷида ва ақлонӣ коре кунем, то равобити мусалмонон бо якдигар рӯз ба рӯз мустаҳкамтар шавад

Ҳошимии Рафсанҷонӣ, бо таъкид бар ин ки тақвияти равобит байни шиъа ва суннӣ, робитаи танготанаге бо иқтидор ва қудрати мусалмонон дар ҷаҳон дорад, гуфт: «Агар шиъа ва суннӣ битавонанд ба як инсиҷом ва ҳамдилӣ бирасанд, бисёре аз масоил ва мушкилоташон ҳал ва табдил ба як қудрати фавқулода ва таъсиргузор дар саҳнаи байналмилалӣ хоҳанд шуд

Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон бо ишора ба мазлумияти Аҳли байт (а) ва шиъа дар тӯли торих, гуфт: «Мо ҳанӯз ҳам мазлумиятро барои шиъа ва дӯстони ҳазрати Заҳро (а) мебинем

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: