Ҷомеа

Ҳукумат: «Фаъолони муҳити динӣ боздошт шаванд»

Гузориши Камоли Киромиддин

Дастури ҷадиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои боздошти тоҷирони таъсиргузор ва таҳсилкардаҳои кишварҳои исломӣ дар Тоҷикистон содир шудааст.

Бино ба иттиллои манбаи муътамад дар мақомоти қудратии Тоҷикистон, 12-уми марти соли ҷорӣ Ҳукумат ҷаласаи муҳиммеро бо ҳузури намояндаҳои мақомоти қудратии кишвар пушти дарҳои баста баргузор кард. Ин нишасти Ҳукумат бо ҳузури шахсони аввал ва дигар намояндаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохила, Прокуратураи генералӣ, Оҷонсии мубориза бар зидди коррупсия ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ин ҷаласа Ҳукумат дастури ҷадиди худро дар бораи назорат, таъқиб ва боздошти тоҷирону соҳибкорони бонуфузи ҷомеа, фаъолони муҳити динӣ, аз ҷумла донишмандони исломӣ, таҳсилкардаҳои бахши улуми динии тоҷик, ки дар дохил ва хориҷи кишвар дарс хондаанд, содир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҳукумат ба Кумитаи давлатии амниятӣ, Вазорати корҳои дохила ва Прокуратури генералӣ таъкид кардааст, ки бояд афроди дар боло зикршуда дар зарфи то се моҳ шиносоӣ ва мавриди таъқибу фишор ва дар ҳолати зарурат бо ҳар баҳонае боздошт карда шаванд.

Манбаъ меафзояд, дар ин ҷаласа ҳамчунин вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардида, сипас чолишҳои пешорӯи амниятии Ҳукумат ва хатарҳои эҳтимоли кишвар мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Дар ин ҷаласа таъкид гардид, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлубе, ки ҳукумат, фарзандону пайвандони президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми кишварро таҳдид мекунанд, чораҳои иловагии муҳофазатӣ гирифта шавад. Пеш аз ин Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти қудратӣ, аз ҷумла аскарону афсарони мақомоти қудратӣ дастур дода буд, ки ба хотири саркӯб ва таҳдиду тарсонидани ошӯбгарони эҳтимолӣ омодагиҳои худро тақвият диҳанд.

»

  1. ин хама дуруг бас аст чаро тухмат мезанед ва вохимаро дар дили мардум мекоред. шумо дуруг мегуед ва ин дуруги шумо далели дуругуиятонро ба ман ошкор кард. лутфан фитнагари накунед бо ин хабархои дуруг. фитна аз катл бадтар аст.

    Нравится

    • «»ва ин дуруғи шумо далели дуруғгуиятонро ба ман ошкор кард «»-ба кадом маънӣ бошад?
      Барои он,ки мавриди таъқибу боздошти ҳукуммати кунунӣ қарор бигиред ë лоақал аз ин зулму тааддӣ бохабар шавед,бояд ду дидаи бозу бино дошта бошеду як қалби пур аз меҳр нисбати мусулмонони ҳаммиллат ва ҳамдиëратон.Дар ғайри ин ҳама ахбори муқобили ҳукуммат шунидаатон дуруғу буҳтону фитна ба назар мерасад ва дар торикии ҷаҳл мисли кунда мепусед…
      Маъзарат.

      Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.