Сиёсат

Русия ва Сурия бар сари коҳиши теъдоди нерӯҳои рус тавофуқ карданд

Дафтари риёсати ҷумҳурии Сурия эълом кард, ки дар пайи коҳиши даргири‎ҳо дар ин кишвар ва бозгашти амният ба манотиқи мухталифи он, Маскав ва Димишқ бар сари коҳиши теъдоди нерӯҳои Русия дар Сурия тавофуқ карданд.

Ба гузориши Алмаёдин, дар баёнияе, ки дафтари риёсати ҷумҳурии Сурия дар ин хусус содир карда омадааст, ин тавофуқ байни Маскав ва Димишқ дар тамоси телефонӣ байни Башшор Асад ва Владимир Путин ҳосил шуд.

Аз сӯйи дигар, хабаргузории Интерфакс эълом кард, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфтааст, аз рӯзи сешанбе хуруҷи бахши умдае аз низомиёни рус аз Сурия оғоз мешавад.

Бино бар ин гузориш, Путин ҳамчунин эълом кард, нерӯҳои размии Русия бахши умдае аз маъмурияти худро дар Сурия ба анҷом расондаанд. Путин ин изҳоротро дар нишасте бо ҳузури вузарои хориҷа ва дифоъи Русия дар кохи Кремлин баён кард.

Путин дар ин дидор гуфт: «Вазифаи таъйиншуда барои вазорати дифоъ ва нерӯҳои низомӣ ба анҷом расидааст. Бар ҳамин асос, ман ба вазири дифоъ дастур медиҳам, хуруҷи бахши аъзаме аз нерӯҳои низомиро аз Ҷумҳурии Арабии Сурия аз фардо (сешанбе) оғоз кунад

Путин ҳамчунин аз вазири хориҷаи Русия дархост кард, нақши пуррангтаре дар музокироти сулҳи Сурия ифо кунад.

Раисиҷумҳури Русия изҳори умедворӣ кардааст, ки ин тасмим паёми хубе барои ҳамаи тарафҳои даргир дар бӯҳрони Сурия бошад ва кӯмак кунад тарафайни даргир бо эътимодсозӣ ҳаллу фасли сулҳомези бӯҳрони Сурияро тазмин кунанд.

Хабари дастури Путин барои хуруҷи нерӯҳои русӣ аз Сурия танҳо чанд соат пас аз он сурат гирифт, ки вазири хориҷаи Русия эълом кард, Русия ва Омрико тавофуқ кардаанд, ки амалиёт алайҳи ДОЪИШ дар Сурияро бо ҳам ҳамоҳанг кунанд. Бар асоси ин тавофуқ, қарор шудааст, ки нерӯҳои русӣ Тадмур (Полимро)-ро озод кунанд ва аз он сӯ ҳам нерӯҳои ду кишвар устони Риққаро аз даст ДОЪИШ хориҷ кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.