Перейти к содержимому

Раҳмон ва мухолифин

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Яке аз вижагиҳои режими Раҳмон дар тӯли муддати ҳукуматаш, бе гумон ин «мухолифсозӣ» будааст. Албатта, манзур аз «мухолифсозӣ» дар инҷо як маънои хосс аст, ки зимни мутолеаи ин мақола барои хонанда равшан хоҳад шуд.

Замони баъд аз имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва нерӯҳои мухолиф дар соли 1997, фурсати муносибе буд, то мухолифони ба ватан бозгашта ба рақибони сиёсӣ дар даруни ҳукумат табдил ва як рақобати солими сиёсӣ байни аҳзоб дар Тоҷикистон ба вуҷуд ояд. Вале Раҳмон бо рафторҳои худхоҳонааш, ба сохтани «мухолифоне» бо ангеза ва андешаҳои мухталиф барои худ пардохт.

Ва аммо ин мухолифон чӣ касоне ҳастанд?

Дастаи аввал: фиребхӯрдагон

Раҳмон дар қадами аввал иқдом ба тасфия ва поксозии кӯмондонҳои собиқ намуд; ҳамон касоне, ки Раҳмон бо ҳимояти эшон сари қудрат омада буд ва аз ин рӯ ҳар кадом аз онҳо ба гунае иддаъои саҳмхоҳӣ аз ҳукумат доштанд. Ӯ тавонист бахше аз ин кӯмондонҳоро бо пулу мақом бихарад ва ром кунад, вале бахше аз кӯмондонҳои ба истилоҳ “гапнодаро” таслими хостаҳои Раҳмон нашуданд, бинобар ин, ё онҳоро террор кард ё ба зиндон андохт, ва албатта баъзеи дигар ҳам тавонистанд аз чанги Раҳмон фирор кунанд.

Ин рафтори Раҳмон худ ба худ боиси эҷоди як тайф аз мухолифоне шуд, ки ангезаи онҳо ангезаи интиқомҷӯёна буд; зеро онҳо худро «фиребхӯрда» эҳсос мекарданд ва оташи хашмашонро фақат нобудии шахси Раҳмон метавонист фурӯ нишонад.

Дастаи дуввум: молбохтагон

Бо аз сари роҳ бардоштани кӯмондонҳо, арса барои яккатозии хешу табор ва наздикони Раҳмон фароҳам омад, зеро дигар касе намонда буд, ки ба Раҳмон ва наздиконаш миннат бигзорад ва худро талабкори онҳо биҳисобад. Ин буд, ки наздикони Раҳмон бо шеваҳои гуногун ҳар кадом бахше аз иқтисоди кишварро монополия карданд ва дигаронро ба куллӣ аз арса берун ронданд. Дар ин арса ҳам бархе аз бозигарони аслии иқтисоди кишварро бо парвандасозӣ роҳии зиндон карданд ва бархе дигарро гуреза. Ин зиёдахоҳии Раҳмон ва хешу табораш ҳам ба навбаи худ тайфи густардае аз мухолифонро ба вуҷуд овард. Ангезаи ин даста аз мухолифон, ангезаи иқтисодӣ буд, чун худро «молбохта» медонистанд.

Дастаи севвум: динмадорон

Аз он ҷо, ки рақиби аслии Раҳмон дар дохили кишвар Ҳизби наҳзати исломӣ ба шумор мерафт ва умдаи тарафдорони ин ҳизб ҳам аз миёни қишри диндори ҷомеа буд, бинобар ин Раҳмон ба мақсади фишор бар рӯйи рақиби сиёсии худ, арсаро ба диндорони ҷомеа ҳар рӯз тангтар кардан гирифт. Дар ин росто, ҳукумати Раҳмон то рафт сиёсатҳо ва ҳатто қонунҳои зидди диниро дар ҷомеа ҷорӣ мекард, аз қабили манъи садои азон бо баландгӯ, манъи фаъолияти мадрасаҳо, бастани дари теъдоди зиёде аз масҷидҳо, манъи таҳсили ҷавонон дар мадориси динии берун аз кишвар, манъи ҳузури занон дар масоҷид, манъи занони сатрпӯш дар марокизи омузишӣ ва давлатӣ, манъи сафари Ҳаҷ то 40-солагӣ, манъи ҳузури наврасон то синни 18 солагӣ ба масҷид ва ҳатто тарошидани риши ҷавонон ва ғайра…

Ин сиёсатҳои зидди динӣ низ ба сурати худкор боис гардид, то тайфи азиме аз мухолифин зидди режими Раҳмон ба вуҷуд биёяд, на танҳо аз миёни тарафдорони Ҳизби наҳзати исломӣ, балки ҳатто аз миёни касоне, ки худ ба навъе мухолифи Наҳзат буданд. Ангезаи ин даста аз мухолифон бештар ангезаи сирф динӣ буд, зеро ҳукумати Раҳмонро як ҳукумати зидди динӣ медиданд.

Дастаи чаҳорум: пушаймонҳо

Бештари ин дастаро аҳзоби сиёсие ташкил медиҳанд, ки рӯзе ба Раҳмон бовар карда ва бо ӯ паймон баста буданд. Раҳмон чанд сол баъд аз паймонаш, вақте мӯҳлати қонунии ҳукуматаш ба поён мерасид, бо иваз кардани Сарқонун мӯҳлати риёсати ҷумҳириро ба нафъи худ тамдид кард. Ин ҳилаи Раҳмонро метавон аввалин ҷараққаи «пушаймонӣ» дар вуҷуди аҳзоби сиёсӣ донист, вале онҳо ин пушаймониро ба рӯйи худ наоварда, дили худро ба интихоботҳои ояндаи риёсати ҷумҳурӣ ва махсусан порлумонӣ хуш карда буданд.

Бо гузашти замон ва чархиши даврон ба коми Раҳмон, интихоботҳои баъдӣ яке пас аз дигарӣ ноумедкунандатар шудан гирифт ва кор то ҷое пеш рафт, ки ҳукумати Раҳмон — ки тибқи одат ҳар давра барои ҳар кадом аз ин аҳзоб дар порлумон ду саҳм дар назар мегирифт – дар интихоботи ахири порлумонӣ ҳатто аз додани ҳамон ду саҳмия ҳам худдорӣ намуд. Дар натиҷа бархе аз ин аҳзоби сиёсӣ гӯё тан ба тақдир доданду худро бо шароит вифқ доданд, баъд аз он ба сирфи доштани номашон иктифо карданд ва ба куллӣ моҳияти ҳизби сиёсиро аз даст доданд. Дар ин миён Ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз аз пуштвонаи мардумии нисбатан хубе бархӯрдор буд ва пас аз он бештар саъй кард ба ҷойи роҳ ёфтан дар порлумон, рисолати худро на рақобат бо ҳизби ҳоким, балки ҳифзи мавҷудияти худ бидонад.

Аммо худхоҳиҳои Раҳмон ҳатто ҳамин миқдорро ҳам таҳаммул карда натавонист ва бо ҳазору як тӯҳмату найранг ин ҳизбро ба куллӣ аз арсаи сиёсии кишвар бадар кард. Ин паймоншикании Раҳмон сабаби пушаймонии аҳзоби сиёсӣ аз паймони худ бо ӯ ва муҳимтарин омили ба вуҷуд омадани ин даста аз мухолифон барои Раҳмон буд; паймоне, ки агар нашикаста буд, метавонист он аҳзоби сиёсиро ҳамчун ҳампаймони худ нигаҳ дорад.

* * *

Ин чаҳор дастаро метавон муҳимтарин мухолифони режими Раҳмон донист, агарчи тӯдаи мардум ба хотири мушкилоти иқтисодӣ аз режими Раҳмон норозӣ ҳастанд, вале онҳоро наметавон мухолиф номид.

Ба назар мерасад, яке аз аслитарин мушкилоти опозитсияи имрӯзаи Тоҷикистон, ҳамин ангезаҳои мухталифи мухолифон мебошад.

Тавзеҳ ин ки ҳар кадом аз ин даста бо ангезае мухолифи режим гаштааст, ки дастаи дигар он ангезаро надорад ва чи басо барои ӯ аслан муҳим нест он масъала. Масалан, ангезаи кӯмондонҳои “гапнодаро” сирфан як ангезаи шахсӣ аст, зеро агар бар фарз Раҳмон онҳоро розӣ нигоҳ медошт, бо вай ҳеҷ мушкиле надоштанд. Барои онҳо масълаи динситезӣ ё паймоншикании Раҳмон зиёд аҳаммияте надорад. Ва ё ангезаи бештари динмадорон сирфан ба хотири сиёсатҳои зидди динии Раҳмон аст, ки агар фаразан Раҳмон коре ба кори дин надошт, онҳо ҳам коре ба кори Раҳмон надоштанд ва дигар барои онҳо муҳим набуд, ки Раҳмон 20 сол сари қудрат мемонад ва ё мисли шоҳони кишварҳои халиҷӣ доимулумр ҳукумат мекунад.

Ҳамчунин онҳое, ки ба хотири аз даст додани имконоти тиҷориву иқтисодӣ бо режими Раҳмон мухолиф гаштаанд, бештари инҳо коре ба Раҳмони паймоншикан ва ё динситез надоранд. Барои инҳо муҳим он аст, ки битавонанд дар кишвари худ бе ягон мумониъат ба тиҷорати худ идома диҳанд ва ҳеҷ кас музоҳими тиҷорати онҳо нашавад, на хешу табори президент ва на структураҳои судхӯри давлатӣ.

Ҳамин тавр Ҳизби наҳзати исломӣ, зеро мушкили асосии инҳо бо Раҳмон манъи фаъолияти ҳизбашон дар дохил аст, ки агар бар фарз Раҳмон то ба ин ҳадд густохӣ намекард ва инҳоро аз саҳнаи сиёсии кишвар берун намеронд, инҳо ҳамчун солҳои гузашта бо ҳамон равиши худ дар дохили кишвар фаъолият мекарданд ва дар канори аҳзоби дигар як навъ ҳамзистии сиёсӣ бо ҳизби ҳокимро доштанд.

* * *

Чунончи мушоҳида мешавад, ангезаи ҳеҷ кадом аз ин мухолифон аз мухолифат бо режими Раҳмон, ангезаи сирф зидди диктотурӣ ва мухолифат бо структураи яккаҳизбӣ нест. Бинобар ин, ба назар мерасад, агар Раҳмон метавонист дили ҳамаи ин гурӯҳҳоро ба даст оварад ва ҳеҷ кадомро аз худ наранҷонад, баъид ба назар мерасид, ки имрӯз ин гурӯҳҳо дар сангари мубориза алайҳи Раҳмон қарор дошта бошанд.

Ба хотири ҳамин, ин гурӯҳҳо то ҳанӯз натавонистаанд бо ҳам саффе воҳид дар муқобили Раҳмон ташкил диҳанд, зеро дардҳо ва хостаҳои воҳид надоранд. Мушкили яке, фақат «Раҳмони динситез» аст, на бештар, мушкили дигарӣ танҳо «Раҳмони паймоншикан» ва мушкили севвумӣ «Раҳмони фиребкор» ва мушкили он дигарӣ «Раҳмони монополист». Вале зоҳиран ҳеҷ кадом бо худи система ва шакли ҳукуматдории яккаҳизбӣ мушкиле надоранд, чи дар раъси он Раҳмон бошад ё ғайри Раҳмон, чи Раҳмон динситез бошад ё динмадор, чи паймоншикан бошад, ё вафодор, чи монополист бошад, ё мунсиф.

Ин нишон медиҳад, ки ҳанӯз опозитсияи Тоҷикистон ба он булуғи сиёсии лозими худ нарасидааст ва ҳанӯз меваи хомест, ки наметавон маззаи онро чашид. Зеро фақат замоне метавон ба сарнагунии як режими худкома умед баст, ки ангезаи мухолифин аз мухолифат, на шахси расиҷумҳур, на хешу табораш ва на бадахлоқиву динситезии ӯ, балки ангезаи онҳо худи сохтори такҳизбӣ ва диктотурӣ бошад. Чаро ки дар як режими диктотурӣ, ба каромати инсон тавҳин мешавад, озодии инсон зери по гузошта мешавад, дар ин сурат гарчи иқтисоди кишвар шукуфон ва мардум сарватманд гарданд, гарчи дину ойин дар зоҳир тарвиҷ ва диндорон озод бошанд, боз як инсони огоҳу озод, як мухолифи воқеӣ ба ҳамон андоза бо он мухолифат меварзад, ки имрӯз дорад.

Дар ин сурат аст, ки дарди ягона ва хостаҳои ягона ба вуҷуд меояд, ки сабаби якпорчагӣ ва ташкили саффи воҳид дар муқобили режими дикторур ва худкома хоҳад буд, ки ҳеҷ диктотуре тобу тавони истодагӣ дар баробари онро нахоҳад дошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: