Перейти к содержимому

Омили ҳамлаи интиҳории Истанбул мушаххас шуд

Осори DNA-и мавҷуд дар саҳнаи инфиҷори интиҳории дирӯзи Истанбул нишон медиҳад, ки омили ин ҳамла як шаҳрванди Туркия ва аз аъзои гурӯҳи теруристии ДОЪИШ будааст.

Таҳқиқоти пулиси Туркия нишон медиҳад, ки як шаҳрванди Туркия бо ном Муҳаммад Узтурк, ки пеш аз ин ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ пайваста буда, масъули ҳамлаи интиҳории дирӯзи Истамбул будааст.

Бар асоси гузориши хабаргузории Дуғон, боқимондаҳои ҷасади омили интиҳории ҳамлаи дирӯз таҳти баррасӣ қарор гирифта ва тести DNA ҳувияти вайро мушаххас кардааст.

Дар ин ҳодиса 5 нафар кушта ва теъдоде захмӣ шуданд. Пас аз мушаххас шудани ҳувияти омили ҳамлаи дирӯзи Истамбул, падар ва бародари Муҳаммад Узтурк сареъан тавассути нерӯҳои амниятии Туркия дастгир шудаанд.

Узтурки 24-сола дар шаҳри Қозиантапи Туркия ба дунё омада ва пеш аз ин дар феҳристи мазнунон ба ҳамкорӣ бо ДОЪИШ қарор гирифта буд.

Туркия яке аз гузаргоҳҳои аслии пайвастани шаҳрвандони кишварҳои мухталиф ба хусус ғарбиҳо ба аъзои ДОЪИШ дар Сурия аст.

Падари Муҳаммад Узтурк пас аз дастгирӣ, таъйид карда, ки фарди мавҷуд дар видеои мунташиршуда аз ҳамлаи интиҳории дирӯз, шабеҳи писари вай буда, ки пеш аз ин, хонаводааш фикр мекарданд ба Сурия рафта ва ба саффи ДОЪИШ пайвастааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: