Зиндагиномаи пуррамзу рози Абӯбакри Бағдодӣ

Нависанда: Вилём Маконтс (William McCants)

ДОЪИШ ва раҳбари он Абӯбакри Бағдодӣ, аз вожаҳое буд, ки бештар аз ҳар ном ва вожае дар соли гузашта дар фазои маҷозӣ радду бадал шуд. Аммо Бағдодӣ кист? Аз куҷо омада? Чӣ гуна тавониста ин гуна ҷаҳонро бо номи худ ба руъбу ваҳшат андозад? Дар ин навиштор, муруре дорем бар зиндагии махуфтарин раҳбари як гурӯҳи теруристӣ дар ҷаҳон.

Абӯбакри Бағдодӣ

Иброҳим Аввод Иброҳим ал-Бадрӣ дар соли1971 дар шаҳри Сомирро ба дунё омада. Ӯ кӯдаки бисёр гӯшагир ва камҳарф буд. Ҳамсоягоне, ки Иброҳимро мешиносанд, ӯро фарде мунзавӣ ба ёд меоваранд, ки бо ҷамъ мушкил дошт. Кӯдаке, ки вақте дар футбол — варзиши мавриди алоқааш — аз сӯйи бозикунони рақиб дучори осеб мешуд, ба роҳатӣ аз даргир шудан бо онон парҳез мекард ва вокунише нишон намедод. Иброҳим ба гуфтаи ошноёнаш, шахсияти мармузашро пушти чашмони сиёҳ ва анбӯҳи мӯйҳои чингилааш пинҳон медошт.

Аз соли 2014, ки Бағдодӣ ба шӯҳрат расидааст, ҷаҳон ҳамвора ҳодисаҳои талх ва даҳшатнокеро аз ӯ ва пайравонаш шоҳид будааст; ҳодисаҳое, ки ДОЪИШ далели онро ишғоли Ироқ тавассути Омрико дар соли 2003 медонад. Аммо дар воқеъ Бағдодӣ қабл аз суқути Саддом бо гаройишҳои ифротӣ ва салафии худ, тамоюлоти султаталабона ва хушунатгаро дар сар мепарваронд.

Омӯзишҳои идеулужик

Хонаводаи Бағдодӣ пешинаи мазҳабӣ дошт. Бағдодӣ монанди бисёре дигар дар Ироқ дар тазодде эътиқодӣ байни шиъа ва суннӣ рушд ёфт; тазодде, ки Алқоъида бо тавассул ба он, заминаи даргириҳои шиъа ва суннӣ дар Ироқ ва инфиҷори ҳарамайни Сомирро дар солҳои баъд аз ҳамлаи Омрико ба Ироқро ба вуҷуд овард. Соатҳо омӯзиши идеулужик вайро барои хитоба ва ваъз дар солиёни оянда омода сохт.

Хонаводаи Бағдодӣ, бо вуҷуди пешинаи мазҳабӣ, тамоюли бисёре ба ҳизби Баъс дошт; ҳизби Баъсе, ки усули секулор ва заминаҳои сусиёлистӣ барои расидан ба «уммати воҳидаи арабӣ», бунёни аслии онро ташкил медод.

Ду тан аз амуҳои Абӯбакри Бағдодӣ дар Созмони амнияти режими Саддом машғул ба кор буданд. Яке аз бародаронаш низ афсари артиш буд ва бародари дигари вай дар ҷанг алайҳи Эрон кушта шуда буд.

Хонаводаи Бағдодӣ дар ҷиҳатбандиҳо ва тарафдориҳои сиёсӣ бисёр мутағайир ва бесубот буданд; асли муҳимме, ки барои бақо дар ҳукумати таҳти ҳокимияти Саддом зарурӣ буд. Онҳо на танҳо аз вобастагон ба ҳизби Баъс буданд, балки пойбандиашон ба эътиқодоти салафӣ аз хусусиёти боризи ин хонавода ба шумор меомад. Салафигарӣ, ки бунёдҳояш дар Ироқ аз Арабистони Саудӣ нашъат мегирад, дар Мусил дар қарни 18 поярезӣ шуд то ҷое, ки дар қарни 20 пайравони салафия дар саросари Ироқ густарда шуданд.

Аксарияти салафиҳо мардумро ба пайравӣ аз ҳукумати ҳоким (ҳатто ҳукумати золим) фаро мехонанд, аммо Саддом дар бурҳаҳое аз замон ононро низ таҳдид медонист. Зеро салафиҳо иҷрои шариати исломии мунтабиқ бо ақоиди худро лозимаи як ҳукумат медонанд. Саддом низ тибқи шароити худ бархӯрде комилан мутазодд бо салафиҳо дошт.

Саддом бо ташкили «Донишгоҳи мутолеоти исломии Саддом» дар соли 1989, ҳамчунин бо бастани клубҳои шабона, мамнӯъ кардани масрафи алкол, иҷрои муҷозоти қатъи даст дар сурати дуздӣ ва ғайра, саъй дар наздикии ҳарчи бештар бо табақаи динии тундрав махсусан салафиҳои ҷомеаи Ироқро дошт.

Дар ростои ин даста аз зоҳирсозиҳо, Саддом аз онҷо, ки саъй дошт худро «мудофеъи шариат» ҷилва диҳад, 30 ҳазор муаллими Қуръон истихдом ва 28 литр аз хунашро низ барои навиштани нусхае хаттӣ аз Қурърон ба музейи Ироқ (масҷиди Уммул-маъорик) эҳдо кард. Дар ҳамин асно Бағдодӣ вориди шуғли муаллимии Қуръон шуд; шуғле, ки шонси бузурге барои Абӯбакр буд, ки наметавонист вориди риштаи ҳуқуқ дар Донишгоҳи Бағдод шавад. Вай ба далели нумароти пойин махсусан дар дарси ангилисӣ, танҳо тавонист риштаи улуми қуръониро барои таҳсилоти окодемик баргузинад.

Ӯ соли 1999 дар ҳамон ришта ба таҳсили дуктуро дар ҳамон донишгоҳ пардохт. Дар ҳамон солиёни таҳсил ба исрори амуяш Исмоил Бадрӣ ба «Ҷамоати Ихвонул-муслимин» пайваст; Ихвонул-муслимине, ки аз аъзои либерол то суннатӣ ва ифротгаро, ҳама гурӯҳҳои исломиро ба тағйир аз дохили ҳукуматҳо ташвиқ мекард. Дар байни Ихвонул-муслимини Ироқ салафиҳо низ узвият доштанд. Бағдодӣ низ сареъан ҷазби онон шуд. Ин афрод, ки худро «Салафиҳои ҷиҳодӣ» номида буданд, таҳти раҳбарии Муҳаммад Ҳардон, ки дар ҷанг алайҳи Шӯравӣ дар Афғонистон (даҳаи 80 мелодӣ) ширкат ҷуста буд, ба фаъолият машғул шуданд.

Дар соли 2000 Бағдодӣ худро омода барои ҷангҳои идеулужик медид. Вай таҳти таъсири ҳамқаторонаш ҳар рӯз ба ақоиди тунди салафӣ бештар наздик шуда ва аз Ихвонул-муслимин, ки ононро «бехоссият» мешумурд, фосила гирифт.

Бағдодӣ, ситораи футбол

Он чӣ аз шахсияти Абӯбакри Бағдодӣ байни солҳои 2000 то 2004 медонем, маҳдуд аст. Вай ду ҳамсар ва шаш фарзанд дорад. Ҳамсари аввалаш Асмо духтардоии ӯст. Манзили собиқи ӯ дар минтақаи «Ҳоҷ Зайдон»-и Бағдод, дар фосилаи каме аз масҷид қарор дошт. Ӯ дар тими футболи маҳалла маъруф буд. Ба гуфтаи дӯстонаш, ҳангоми бозии футбол, дар сурати гол назадан, бисёр асабонӣ мешуд. Замони дигар барои асабӣ шудани Бағдодӣ замоне буд, ки рафторҳои ба гумони худаш ғайри исломӣ медид. Бо маросими рақсу пойкубӣ, ки дар маҳалла баргузор мешуд, бо асабияте васфношуданӣ бархӯрд дошт.

Бағдодӣ дар соли 2003 баъд аз ишғоли Ироқ, ба ҳамроҳи ҳамфикронаш «Артиши ҷамоати аҳли суннат»-ро ташкил дод; гурӯҳе, ки ҳадафаш мубориза бо ҳукумати шиъа ва омрикоиҳо дар шимол ва Ироқи марказӣ буд.

Дар соли 2004 дар Фаллуҷа ҳангоме, ки дар манзили яке аз дӯстонаш — ки дар феҳристи теруристии омрикоиҳо буд — ба сар мебурд, ба унвони зиндонии ғайри низомӣ боздошт шуд ва ба зиндони Буко интиқол ёфт. Дар 10 моҳе, ки дар зиндон ба сар мебурд, парда аз афкори худ барнадошт.

Ба гуфтаи яке аз ҳамзиндониҳояш дар мусоҳибае бо рӯзномаи Guardian, «Бағдодӣ шахсияти коризмоӣ дорад.» Ё дар ҷое мегӯяд: «Бағдодӣ худро пойбанд ба эроди хитоба барои соири зиндониён медонист

Дар зиндон футболбозӣ мекард ва саъй дар эҷоди робитаи дӯстона бо соири зиндониён ва масъулони омрикоӣ дошт ва мехост, ки раиси зиндон бошад. Дар ҳар мушкиле, ки дар зиндон ба вуҷуд меомад, ҷузъе аз он буд. Вай бо сиёсати «Тафриқа биандоз ва ҳукумат кун» ба ҳар он чӣ ки мехост, мерасид ва ҳамин амр асбоби халосиашро фароҳам овард.

Бағдодӣ дар ҷойгоҳи фармондеҳ

Бағдодӣ ду моҳ қабл аз озодӣ ҳангоме ки Алқоъидаи Ироқ бо раҳбарии Абумисъаб Зарқовӣ иқдомҳои теруристиро оғоз кард ва аз ҳаммоми хуне, ки дар Ироқ ба роҳ андохта буд, дар ҷиҳати тафриқагароии шиъён ва сунниҳо баҳрабардории кофиро бурд, ҳеҷ кас таъсиси ДОЪИШ-ро пешбинӣ намекард.

Мусалламан Бағдодӣ дар Буко бо гурӯҳи Зарқовӣ ошно шуда буд ва ба маҳзи озодӣ тайи тамосе бо онҳо ба Димишқ барои анҷоми маъмурияте барои Алқоъида эъзом шуд. Дар воқеъ Бағдодӣ мӯҳрае ношинос барои ташкили шохаи Алқоъида дар Сурия буд.

Вай бояд бо кӯмаки интернет ба ҷазби нерӯҳои мухлис аз саросари ҷаҳон барои ҷиҳод мепардохт.

Замоне ки Зарқовӣ дар ҳамлаи ҳавоии Омрико кушта шуд, яке аз ҳамфикрони мисрии ӯ ба номи Абӯайюби Мисрӣ ҷонишинаш шуд. Ӯ таъсиси ДОЪИШ-ро дар моҳи октябр эълом дошт. Мисрӣ бо вуҷуди ин ки идораи умури аслиро ӯҳдадор буд, вазири ҷанг таъйин шуд. Ба сурати зоҳирӣ аъзои ДОЪИШ-и тозатаъсиси худро «ворисони Усома бен Лодан» номид, то битавонанд ҳимояти ҳамаи гурӯҳҳои шабеҳ ба худро ба даст оваранд.

Собиқаи Бағдодӣ ӯро ба риёсати умури идеулужики ДОЪИШ расонд; мансабе, ки қалби як гурӯҳи терурист ба шумор меояд. Ҷойгоҳе, ки дастури ҳамаи ҳукмҳо, аз гардан задан ва сангсор ва ғайра, аз он содир мешавад.

Бағдодӣ дар соли 2007 барои поёни рисолаи дуктурояш дар риштаи ба истилоҳ улуми қуръонӣ, ба Бағдод бозгашт ва дар ҳамон замон ба барқарории иртибототи сиёсӣ машғул шуд. Таҳсилоти донишгоҳии Бағдодӣ таваҷҷӯҳи Абӯайюбро ҷалб карда ва ӯро дар умур ва масоили густардатаре мушорикат дод. Вай ҳамчунин Бағдодиро ба узвияти Маҷлиси Шӯрои 11-нафараи ДОЪИШ даровард. Бо узвияти Бағдодӣ дар маҷлис, ироқиҳои ДОЪИШ низ атрофи ӯ ҷамъ шуданд. Монанди рӯзҳои асорат дар Буко, Бағдодӣ дар замони кӯтоҳе тавонист эътимоди Абӯумар (аз дигар сарони ин гурӯҳ)-ро ҷалб ва дар тасмимоти олии ДОЪИШ ворид шавад.

Шӯрои ҳамоҳангӣ дар он замон дар ихтиёри гурӯҳи сенафара буд. Бисёре аз тасмимоти ин шӯро ба иттилои Усома бен Лодан ва соири тарафдоронаш дар саросари устонҳои Ироқ мерасид. Яке аз ин афрод Маноф ар-Ровӣ дар соли 2010 ба дасти давлати Ироқ боздошт шуд. Дастгирии Маноф, ки масъули интиқоли паёмҳо байни Абӯумар ва раҳбарони ДОЪИШ буд, мӯҷиби маълум шудани макони Абӯумар ва Абӯайюб дар Тикрит шуд. Дар апрели 2010 ин ду бо инфиҷори худ ба ҷойи дастгирӣ, роҳи ҷадидеро пеши рӯйи Бағдодӣ гузоштанд.

Бо кушта шудани ин ду раҳбар, Бен Лодан, ки ҳанӯз ДОЪИШ дар байъаташ ба сар мебурд, фармони таъйини амири ҷадид барои хилофати худхондаро дод.

Бо марги ин ду, Ҳиҷӣ Бакр, ки раиси шохаи низомии ДОЪИШ буд ва тавоноии раҳбариро дошт, номзади раҳбарии ДОЪИШ шуд, аммо Ҳиҷӣ Бакр, ки аз афсарони собиқи Саддом дар зиндони Буко низ буд, барои раҳбарӣ мавриди ҳимоят қарор нагирифт, зеро вай собиқаи хидмат дар низоми ғайри исломиро дар корномаи худ дошт.

Вай ба рӯёрӯӣ бо Бен Лодан пардохта ва Бағдодиро беҳтарин гузина барои раҳбарии ДОЪИШ муаррифӣ кард, зеро гумон мебурд, ки аз ҷавонии Бағдодӣ метавонад ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунад. Вай дар як бозии сиёсӣ, рақибони Бағдодиро канор зад ва заминаро барои раҳбарии ӯ фароҳам сохт.

Маҷлиси Шӯро бо аксарияти оро Абӯбакри Бағдодии 39-соларо ба раҳбарӣ баргузид. Унвони «Бағдодӣ» барои Абӯбакр номе пуртамтароқ буд, ки аз лиҳози торихи сиёсӣ метавонист арзишманд бошад. Ӯ тамоюл дошт, ки номи ҷадидаш, бори дигар торихро такрор кунад. Яъне замоне ки хилофати Аббосӣ дар Ироқ ва густараи ҷаҳони ислом яккатоз буд.

Ҳиҷӣ Бакр бо ҳимояти Бағдодӣ, шоҳзодаи соя ё вазири хосс ном гирифт. Вай тавонист бисёре аз мухолифонаш дар гурӯҳро ҳазф кунад; равияе, ки аз раҳбари собиқаш Саддом ба ирс бурда буд.

Гурӯҳи ДОЪИШ, ки дорои раҳбарияти ироқӣ шуда буд, бо истифода аз дигар зиндониёни Буко ва афсарони собиқи Саддом, бо зоҳире мутафовит аз гузашта ва таҳти ливои аносури исломӣ хилофати ҷадидеро дар Ироқ пайрезӣ карданд.

Ҳол, Бағдодӣ ва Ҳиҷӣ Бакр ба сарзамине барои хилофати худхондаашон ниёз доштанд, ки ҳодисаҳои баъд аз баҳори арабӣ дар Сурия заминаро барои онон мусоид сохт.

Аъзои фаъол ба Сурия фиристода шуданд, то битавонанд заминаро барои ташкили сарзамине барои хилофаташон муҳайё кунанд.

Ибтидо бо ҳамкории Ҷабҳатуннусра тавонистанд ба комёбиҳои бисёре бирасанд; Ҷабҳатуннусрае, ки аз шохае аз Алқоъида дар Сурия буд, ки дигар бо Айман Завоҳирӣ (ҷонишини Бен Лодан) ҳамкорӣ надошт ва худ мустақиллан дар Сурия ҷавалон медод.

Баъд аз муддате, Бағдодӣ дигар дар Сурия ниёзе ба чатри ҳимоятии Ҷабҳатуннусра намедид ва дар соли 2013 ин гурӯҳро ҷузъе аз «Давлати Исломии Ироқ ва Сурия» (ДОЪИШ) хонд.

Завоҳирӣ ба ДОЪИШ эълони ҷанг дод ва аз Бағдодӣ хост, дар ҳамон Ироқ ба хилофат бипардозад. ДОЪИШ бо раҳбарии Бағдодӣ дар ин рӯёрӯӣ пирӯз шуд ва зарфи муддати кӯтоҳе тавонист ба бахшҳои бузурге аз Сурия тасаллут ёбад.

Бағдодӣ, ки бар шарқи Сурия мусаллат шуда буд, ба қалъу қамъи густардаи гурӯҳҳои дигари мухолифи Асад то мардумони оддӣ пардохт; кушторе бераҳмона аз масеҳиён ва дигар ақаллиятҳо то мазоҳиби исломии дигар, аз хилофкорони оддӣ то мухолифони фикрӣ.

Муҷозотҳое бо унвони «муҷозоти исломӣ» роҳ андохт, ки дар марому маслаки ҳеҷ давлати муосир дар ҷаҳони ислом собиқа надошт. Бағдодӣ бо шиддат ба эъмоли қавонини хосси худаш исрор дошт. Эъдомҳои дастҷамъии мухолифон, аз муҷозотҳои мавриди алоқаи Бағдодӣ аст.

Хилофати худхонда

Аз авоили соли 2014, ДОЪИШ бо ҳимояти гурӯҳҳое аз мухолифони давлати Сурия, тавонист ба якбора бар бахшҳое аз Ироқ тасаллут ҷӯяд. Бо тасарруфи Рамодӣ ва Фаллуҷа дар Ироқ, авҷи ваҳшигарии ДОЪИШ дар куштори мардуми Ироқ ва интишори он дар фазоҳои маҷозӣ, тарсе фарогир миёни мардуми Ироқ ва Сурия эҷод шуд ва ҳамин амр асбоби холӣ шудани Мусил аз нерӯҳои артиши Ироқ зарфи муддати кӯтоҳе ва суқути шаҳрро фароҳам овард ва ин гуна хилофати худхондаи ДОЪИШ бар бахшҳои бузурге аз Сурия ва Ироқ пароканда шуд. Бағдодӣ бори дигар ба номи худ руҷӯъ кард «Халифа Иброҳим.»

Дар минбари масҷиди Мусил нахустин хутбаи хилофаташро дар намози ҷумъа эрод кард, ба суннати халафои Аббосӣ ҷомаи сиёҳ пӯшид ва мардумро ба истилоҳ ваъдаи руҷӯъ ба исломи аввалия дод.

Сайтара бар Мусил омрикоиҳоро ба нигаронӣ андохт, онон ба бомбборони бархе мавозеъи ДОЪИШ пардохтанд. ДОЪИШ низ ба интиқом аз ин иқдом, дар як намоиши умумӣ, гулӯи асирони хориҷиро ба шакле ваҳшиёна ба василаи ҷаллодон мебурид; зиндониёне, ки бо пӯшидани либосҳои норинҷӣ, шабеҳи зиндонҳои Омрико, бо чашме баста гардан зада мешуданд.

Баъд аз нахустин хутбаи Бағдодӣ, то ба имрӯз борҳо расонаҳо хабари маргашро эълом кардаанд, аммо ҳар бор вай бо ҳузур дар фазоҳои маҷозӣ, зинда будани худро эълом доштааст.

Бархе ин суолро матраҳ мекунанд, ки дар сурати марги Бағдодӣ ояндаи ДОЪИШ ба куҷо меанҷомад, оё ДОЪИШ фаротар аз Бағдодӣ аст?

Бағдодӣ намоёнгари таркибе аз тарзи тафаккур ва андешае идеулужики салафӣ ба изофаи хушунати лаҷомгусехтаи баъсигуна аст, ки ба султа расида. Ӯ намоёнгари инсоне бо иштибоҳоти фаротар аз инсони маъмулӣ аст, ки қудратро дар даст гирифта ва аз он дар ҷиҳати аҳдоф ва амёлаш истифода мекунад ва дар сурати аз байн рафтанаш, чӣ касе ҷойгузинаш хоҳад шуд, маълум нест. Ӯ шояд аз лиҳози шахсиятӣ фарқе бо Саддом Ҳусайн ва ё ҳатто Ҷурҷ Буш надошта бошад.

Мавзӯъ замоне печидатар мешавад, ки бар саргузашти ӯ — аз муаллими содда то расидан ба хилофати худхонда дар сарзаминҳои густурда — мутамаркиз мешавем. Ба тафсири рӯзнома New York Times, пайдо шудани ҷонишине бо ин хусусиёт ба роҳатӣ низ барои ДОЪИШ мумкин нест. Раҳбаре, ки аз ибтидо бо тафаккури ифротӣ парвариш ёфта.

Ӯ соли гузашта эълом кард, ки сарнавишти «ҷиҳодиҳо» (такфириҳо)-ро ба дарвозаҳои Рум хоҳад расонд. Нигоҳ ба зиндагии Абӯбакри Бағдодӣ ёдовари хатаре аст, ки амсоли Бағдодӣ ва тафаккураш ҳар лаҳза моро таҳдид мекунанд.

* * *

Манбаъ: Муассисаи Brookings, нависанда: Вилём Маконтс (William McCants), муҳаққиқ ва ҳамкори Муассисаи Brookings дар мутолеоти Ховари Миёна, мудири тарҳи равобити Омрико бо кишварҳои исломии Муассисаи Brookings, узви ҳайъати илмии донишгоҳи Johns Hopkins.



Рубрики:Машоҳир, Салафият, Такфир

Метки: , , ,

1 reply

  1. Ин як намуд таргиби Багдоди асту бас ва зиёда аз таблиг чизе дида намешавад.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: