Перейти к содержимому

«Қабрпарастӣ» ва «ширк»

Сайидюнуси Истаравшанӣ

imageШояд ҳеч вожае беш аз ин ду вожа дар забони баъзе аз бародарони динии мо, ки ба «салафиҳо» маъруфанд ва танҳо хештанро намояндаи ислом ва дигаронро ё берун аз қаламрави он ва ё ҳаддиақал «гумроҳ» меангоранд, ҷорӣ нашавад. Ин азизон ҳар мусалмонеро, ки қоил ба ҷоиз будани зиёрати қубури анбиё ва авлиёуллоҳ ва тавассул ба эшон дар назди оромгоҳҳояшон ҳастанд, «мушрик» дониста ва бинои мароқид бар қубури ин бузургонро амале «ҳаром» мепиндоранд.

Ин ду вожа — яъне «қабрпараст» ва «мушрик» — беш аз ҳама барои шиъаён ва аҳли тасаввуф аз сӯйи оқоёни салафӣ ба кор бурда мешавад. Ва иллати он, ки анбӯҳе аз мусалмонон аз сӯйи ин тоифа «мушрик» ва «қабрпараст» қаламдод мешаванд, дидгоҳҳо ва орои Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (яке аз поягузорони давлати имрӯзаи Оли Сауд) аст. Ба унвони мисол, Ибни Таймия гуфтааст:

ومن حج إلى قبر من القبور فهو مشرك بل لو سافر إلى مسجد لله غير المساجد الثلاثة ليعبد الله فيها كان عاصيا لله ورسوله فكيف إذا سافر إلى غير الثلاثة ليشرك بالله وفي الصحيحين من حديث أبي سعيد وأبي هريرة عن النبي (ص) أنه قال لا تشدوا الرحال إلا إلى ثلاثة مساجد المسجد الحرام والمسجد الأقصى ومسجدي هذا

«Агар касе ба қасди зиёрати қабре аз қубур ҳаҷ кунад (сафар кунад), ӯ мушрик аст. Балки агар касе барои ибодати Худо ба масҷиде – ғайр аз масоҷиди сегона — сафар кунад, Худо ва Паёмбарашро нофармонӣ кардааст, пас чӣ гуна хоҳад буд агар ба ҷуз масоҷиди сегона сафар кунад, то ба Худо ширк варзад?! Дар Саҳеҳайн аз ҳадиси Абӯсаъид ва Абӯҳурайра аз Паёмбар (с) нақл шудааст, ки бори сафар мабандед, магар ба се масҷид; Масҷиди Ҳаром, Масҷиди Ақсо ва Масҷиди ман…» (Минҳоҷус-сунна, 2/440 ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Ва албатта, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб оро ва дидгоҳҳое бас тундтар аз Ибни Таймия дар ин замина дорад, ки азизон бо мутолеъаи рисолаҳо ва китобҳояш, метавонанд бо онҳо ошно шаванд.

Асли мушкили Ибни Абдулваҳҳоб дар ин аст, ки ӯ аъмоле аз қабили «тавассул ба анбиё ва авлиёуллоҳ (пас аз марги эшон) тавассути мусалмонон дар назди оромгоҳҳои эшон»-ро ташбеҳ ба амали мушрикони даврони ҷоҳилият мекунад ва мегӯяд, мушрикон агар мушрик хонда шудаанд, на бад-ин ҷиҳат аст, ки мушкиле бо «тавҳиди рубуият» дошта бошанд, балки мушкили асосии онон дар «тавҳиди улуҳият» (тавҳид дар ибодат) аст. Мегӯяд, Қуръони Карим маҳз тавассули онон ба бутҳояшонро ширк дониста ва ба ҳамин хотир мушрикашон хондааст. Сипас мегӯяд, тавассули мусалмонони замони мо (замони ӯ) низ дар назди қубури анбиё ва авлиёуллоҳ низ кучактарин тафовуте бо аъмоли мушрикон надорад, бинобар ин, инон ҳам мушрик ҳастанд.

Ва ҳамин дидгоҳҳо ва орои Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб аст, ки бархе аз ҷавонони имрӯз, бидуни таваҷҷӯҳ ба дидгоҳҳои соири уламо ва бузургони аҳли суннат, фикр мекунанд, ҳар он касе ки мутавассил ба анбиё ва авлиёуллоҳ дар назди оромгоҳҳои эшон бишавад мушрик хоҳад буд ва аз қаламрави ислом берун.

Дар ҳоле ки уламо ва бузургони ислом ба ин оро ва дидгоҳҳои Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб посухҳое дандоншикан додаанд. Масалан, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби «Фатҳул-борӣ» (шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ) дар радди дидгоҳҳои Ибни Таймия мегӯяд:

قال الكرماني وقع في هذه المساله في عصرنا في البلاد الشاميه مناظرات كثيرة وصنف فيها رسائل من الطرفين قلت يشير إلى ما رد به الشيخ تقي الدين السبكي وغيره على الشيخ تقي الدين بن تيميه وما انتصر به الحافظ شمس الدين بن عبد الهادي وغيره لابن تيميه وهي مشهوره في بلادنا والحاصل إنهم الزموا بن تيميه بتحريم شد الرحل إلى زيارة قبر سيدنا رسول الله صلى الله عليه و سلم وانكرنا صورة ذلك وفي شرح ذلك من الطرفين طول وهي من ابشع المسائل المنقوله عن بن تيميه ومن جملة ما استدل به على دفع ما ادعاه غيره من الإجماع على مشروعية زيارة قبر النبي صلى الله عليه و سلم ما نقل عن مالك أنه كره أن يقول زرت قبر النبي صلى الله عليه و سلم وقد أجاب عنه المحققون من أصحابه بأنه كره اللفظ ادبا لا أصل الزيارة فإنها من أفضل الأعمال واجل القربات الموصلة إلى ذي الجلال وأن مشروعيتها محل إجماع بلا نزاع

«Кирмонӣ гуфтааст: дар ин масъала (масъалаи зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с)) мунозираҳои зиёде дар билоди Шом воқеъ шуда ва китобҳои мутаъаддиде аз ду тараф (мухолифон ва мувофиқон) навишта шуда. Ман (Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ) гӯям: (Манзури Кирмонӣ) китобҳое аст, ки Шайх Тақиюддини Субкӣ ва ғайри ӯ аз уламо навиштаанд дар радди орои Шайх Тақиюддин ибни Таймия ва он чӣ Шамсуддин ибни Абдулҳодӣ ва ғайри ӯ дар таъйиди орои Ибни Таймия ба риштаи таҳрир даровардаанд, ки дар билоди мо машҳуранд. Ва хулоса ин ки: эшон Ибни Таймияро — ки мӯътақид ба ҳаром будани бори сафар бастан барои зиёрати қабри ҳазрати Паёмбари Акрам (с) мебошад — мулзам кардаанд. Ва мо (Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ) низ инро (аз Ибни Таймия) инкор кардаем, ва албатта сухан дар шарҳи он аз ҷониби ду тараф тӯлонӣ аст.

Ва ин (яъне раъйи Ибни Таймия мабнӣ бар ҳаром будани бори сафар бастан барои зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с)), аз зишттарин масоиле аст, ки аз Ибни Таймия нақл шуда. Аз ҷумлаи далелҳое, ки (Ибни Таймия) дар радди иҷмоъ бар машрӯъ будани зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с) – ки дигарон муддаъии он шудаанд – оварда хабаре аст, ки аз Имом Молик нақл мекунад, мабнӣ бар ин ки Имом Молик макрӯҳ медонист, ки касе бигӯяд: Паёмбар (с)-ро зиёрат кардам.

Муҳаққиқоне аз ёрони Имом Молик ба ин сухани эшон посух додаанд, ки манзури Имом худи лафз (яъне лафзи Паёмбар (с)-ро зиёрат кардам) ба лиҳози адабӣ макрӯҳ аст, на асли зиёрат. Зеро асли зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с), аз бартарини аъмол ва бузургтарин чизҳое аст, ки моро ба Худованд наздик мекунад, ва машрӯъ ва ҷоиз будани зиёрати қабри ҳазрати Паёмбар (с) бидуни шак маҳалли иҷмоъи мусалмонон аст…» (Фатҳул-борӣ, 3/66 ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Ва аммо дар радди орои Ибни Абдулваҳҳоб низ уламо ва муҳаққиқон посухҳое дандоншикан додаанд. Ва хулосаи он ин ки: далели мушрик дониста шудани мушрикони даврони ҷоҳилият ин аст, ки онҳо бутҳояшонро мепарастиданд ва ибодат мекарданд. Вале аҳаде аз мусалмонон анбиё ва авлиёуллоҳро, ки зиёрат мекунанд ва ба онҳо тавассул меҷӯянд, онҳоро – алаёзу биллоҳ! – ба ҷойи Худо нанишондаанд ва парастиш ва ибодати онҳоро қасд накардаанд.

Ва далеле ҳам, ки Ибни Абдулваҳҳоб дар ин замина барпо медорад, дуруст дар таъйиди рафтори мусалмонон аст, на дар таъйиди иддаъои ӯ. Зеро онҷо, ки Худованд аз забони мушрикон мефармояд:

مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَى

«Мо онҳоро (бутҳоро) намепарастем, магар ин ки то моро ба Худо наздик кунанд…» (Сураи Зумар, ояти 3), ин оят дар мақоми баёни ин аст, ки мушрикон, бо ин ки бутҳои худро Худо намедонистанд, вале онҳоро мепарастиданд ва ибодат мекарданд. Ин ҷумла як ҷумлаи истисноӣ аст. Яъне «мо намепарастем, магар ин ки парастиши мо бутҳоро ба хотири он аст, ки моро ба Худо наздик кунанд.» Мисли ин ки гуфта шавад:

ما نأكل هذا الخبز الا لنشبع

«Мо ин нонро намехӯрем, магар ин ки то сер шавем.» Яъне ҳадафи мо аз хӯрдани ин нон ҷуз сер шудан нест.

Вагарна, агар ин оят дар мақоми мазаммати тавассул буд, ки он вақт бо он ҳама ривоёт ва ахборе, ки дар бораи ҷавоз ва машрӯияти тавассул нақл шуда, чӣ бигӯем?! Оё бигӯем: ҳазрати Паёмбар (с) ба як амали ширколуд дастурамон дода? Мисли ин ҳадис:

حَدَّثَنَا عُثْمَانُ بْنُ عُمَرَ أَخْبَرَنَا شُعْبَةُ عَنْ أَبِي جَعْفَرٍ قَالَ سَمِعْتُ عُمَارَةَ بْنَ خُزَيْمَةَ يُحَدِّثُ عَنْ عُثْمَانَ بْنِ حُنَيْفٍ أَنَّ رَجُلًا ضَرِيرَ الْبَصَرِ أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ ادْعُ اللَّهَ أَنْ يُعَافِيَنِي قَالَ إِنْ شِئْتَ دَعَوْتُ لَكَ وَإِنْ شِئْتَ أَخَّرْتُ ذَاكَ فَهُوَ خَيْرٌ فَقَالَ ادْعُهُ فَأَمَرَهُ أَنْ يَتَوَضَّأَ فَيُحْسِنَ وُضُوءَهُ فَيُصَلِّيَ رَكْعَتَيْنِ وَيَدْعُوَ بِهَذَا الدُّعَاءِ اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ وَأَتَوَجَّهُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّكَ مُحَمَّدٍ نَبِيِّ الرَّحْمَةِ يَا مُحَمَّدُ إِنِّي تَوَجَّهْتُ بِكَ إِلَى رَبِّي فِي حَاجَتِي هَذِهِ فَتَقْضِي لِي اللَّهُمَّ شَفِّعْهُ فِيَّ

«Усмон ибни Ҳунайф мегӯяд: Марди нобиное ҳузури Паёмбар (с) омад ва гуфт: аз Худованд бихоҳ ба ман офият бахшад. Паёмбар (с) фармуд: агар моил ҳастӣ, дуо кунам ва агар моил ҳастӣ, сабр кун, ки ин беҳтар аст. Марди нобино гуфт: дуо бифармоед. Паёмбар (с) ба ӯ дастур дод, то вузӯ бигирад ва дар вузӯи худ диққат кунад ва ду ракъат намоз бигузорад ва онгоҳ ин чунин дуо кунад:

“Парвардигоро! Ман аз ту дархост мекунам ва ба василаи паёмбарат Муҳаммад, паёмбари раҳмат ба ту рӯй меоварам. Эй Муҳаммад! Ман дар бораи ҳоҷатам ба василаи ту ба Худоям рӯй меоварам, то ин ҳоҷатамро бароварда кунӣ. Парвардигоро! Шафоати ӯро дар бораи ман бипазир. (Муснади Аҳмад, 35/109, ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Аз хандаовартарин чизе, ки салафиҳо мегӯянд ин аст, ки тавассул дар замони ҳаёти Паёмбар (с) ҷоиз, вале пас аз даргузашти он ҷаноб ҷоиз намебошад. Ҳол он ки агар як амал дар моҳият ва ба худии худ як амали ширколуд бошад, дигар фарқе надорад, ки оё тавассулшаванда мурда аст ё зинда. Ва тоза, мо ахбори саҳеҳе дорем мабнӣ бар ин ки саҳобаи киром пас аз даргузашти он ҷаноб (с) низ ба он ҳазрат тавассул кардаанд:

حدثنا طاهر بن عيسى بن قيرس المصري المقرئ ثنا أصبغ بن الفرج ثنا ابن وهب عن أبي سعيد المكي عن روح بن القاسم عن أبي جعفر الخطمي المدني عن أبي أمامة بن سهل بن حنيف عن عمه عثمان بن حنيف : أن رجلا كان يختلف إلى عثمان بن عفان رضي الله عنه في حاجة له فكان عثمان لا يلتفت إليه ولا ينظر في حاجته فلقي ابن حنيف فشكى ذلك إليه فقال له عثمان بن حنيف : ائت الميضأة فتوضأ ثم ائت المسجد فصل فيه ركعتين ثم قل : اللهم إني أسألك وأتوجه إليك بنبينا محمد صلى الله عليه و سلم نبي الرحمة يا محمد إني أتوجه بك إلى ربي فتقضى لي حاجتي وتذكر حاجتك وروح حتى أروح معك فانطلق الرجل فصنع ما قال له ثم أتى باب عثمان بن عفان رضي الله عنه فجاء البواب حتى أخذ بيده فأدخله على عثمان بن عفان رضي الله عنه فأجلسه معه على الطنفسة فقال : حاجتك فذكر حاجته وقاضاها له

Табаронӣ дар «Ал-муъҷам ул-кабир» дар хабаре бо санаде комилан саҳеҳ аз саҳобии ҷалилулқадр Усмон ибни Ҳунайф (р) нақл мекунад, ки «марде барои ҳоҷате назди халифаи севвум ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) омаду рафт мекард, вале эшон ҳеҷ илтифоте ба ҳоҷати ӯ наменамуд. Пас он мард бо Усмон ибни Ҳунайф мулоқот кард ва ба ӯ ин мавзӯъро шикоят кард. Усмон ибни Ҳунайф ба ӯ гуфт: ба хона бирав ва вузӯ бигир, сипас ба масҷид (масҷиди набавӣ) биё, баъд ду ракъат намоз бигузор ва бигӯ:

«Худоё! Ман аз ту дархост мекунам ва рӯ меоварам ба сӯйи ту ба воситаи пайғамбарамон Муҳаммад (с), паёмбари раҳмат. Эй Муҳаммад! Ба дурустӣ, ки ман рӯ овардам ба василаи ту ба сӯи Худои худ, ки ҳоҷати маро бароварда созӣ.» Сипас ҳоҷати худро ёдовар шав.

Он мард рафт ва ҳамон гуна анҷом дод. Сипас ба дари хонаи ҳазрати Усмон (р) рафт, дарбон (касе, ки дарро мегушояд) омад ва дасти ӯро гирифт ва ба назди халифа бурд ва дар канори ӯ нишонд. Ҳазрати Усмон (р) ҳоҷати ӯро пурсид. Ӯ ҳоҷати худро зикр кард ва халифа онро бароварда намуд… (то охири хабар) (Ал-муъҷам ул-кабир, 9/30 ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Ин салафиҳо, ки ҳатто иддаъои пайравӣ аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р)-ро мекунанд, гӯӣ ин ривоятро нахондаанд, ки Имом Аҳмад нақл карда:

حدثنا عبد اللَّهِ حدثني أبي ثنا عبد الْمَلِكِ بن عَمْرٍو ثنا كَثِيرُ بن زَيْدٍ عن دَاوُدَ بن أبي صَالِحٍ قال أَقْبَلَ مَرْوَانُ يَوْماً فَوَجَدَ رَجُلاً وَاضِعاً وَجْهَهُ على الْقَبْرِ فقال أتدري ما تَصْنَعُ فَأَقْبَلَ عليه فإذا هو أبو أَيُّوبَ فقال نعم جِئْتُ رَسُولَ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم ولم آتِ الْحَجَرَ سمعت رَسُولَ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم يقول لاَ تَبْكُوا على الدِّينِ إذا وَلِيَهُ أَهْلُهُ وَلَكِنِ ابْكُوا عليه إذا وَلِيَهُ غَيْرُ أَهْلِهِ

Аз Довуд ибни Абӯсолеҳ нақл мекунад, ки рӯзе Марвон дид шахсе сураташро бар қабр (қабри ҳазрати Паёмбар (с)) гузоштааст. Гуфт: оё медонӣ, ки чӣ кор анҷом медиҳӣ? Аммо вақте наздик омад, дид, ки он шахс саҳобии ҷалилулқадр ҳазрати Абӯайюби Ансорӣ (р) аст. Абӯайюб гуфт: бале, ман омадаам пеши Расули Худо (с) ва пеши санг наёмадаам. Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: барои дин гиря накунед замоне ки афроди шоиста ҳоким бошанд, вале замоне гиря кунед, ки ноаҳлон (ишора ба Марвон) ҳукумат мекунанд.» (Муснади Аҳмад, 48/77 ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Салафиҳо, ки иддаъои пайравӣ аз аҳли ҳадисро доранд ва зиёраткунандагони қабри шарифи ҳазрати Имом Ризо (а) дар Машҳади Муқаддасро мушрик мехонанд, гӯӣ ин хабарро нахондаанд; хабаре дар мавриди яке аз бузургони аҳли ҳадис Ибни Хузаймаро. Дар «Таҳзибут-таҳзиб» ба нақл аз Ҳоким омада:

سمعت أبا بكر محمد بن المؤمل بن الحسن بن عيسى يقول خرجنا مع امام أهل الحديث أبي بكر بن خزيمة وعديله أبي علي الثقفي مع جماعة من مشائخنا وهم إذ ذاك متوافرون إلى زيارة قبر علي بن موسى الرضى بطوس قال فرأيت من تعظيمه يعنى ابن خزيمة لتلك البقعة وتواضعه لها وتضرعه عندها ما تحيرنا

Аз Абӯбакр Муҳаммад ибни Муаммил шунидам, ки гуфт: рӯзе бо пешвои аҳли ҳадис Абӯбакр ибни Хузайма ва дӯсташ Абуалии Сақафӣ ва дигар машойихамон ба зиёрати қабри Алӣ ибни Мӯсо (Имом Ризо) ба Тӯс (Машҳади имрӯза) рафтем. Онҳо ба зиёрати қабри эшон бисёр мерафтанд. Муҳаммад ибни Муаммил мегӯяд: эҳтиром ва таъзим ва тавозӯъ ва гиряву зории Ибни Хузайма назди қабри Алӣ ибни Мӯсо ҳамагиро шигифтзада карда буд…» (Таҳзибут-таҳзиб, 7/339 ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Ба ҳар ҳол, ғараз аз навиштани мақолаи ҳозир ин буд, ки азизон зуд қазоват ва доварӣ накунанд ва ибтидо мутолеъа кунанд ва бибинанд, уламои ислом чӣ мегӯянд. Ва инро бидонанд, ки уламои ҷаҳони ислом фақат дар Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб хулоса нашудаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: