Перейти к содержимому

Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис (1)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал»)

Пешгуфтор

«Тавҳиди Муфаззал» китобе аст дар Худошиносӣ мансуб ба Имом Ҷаъфари Содиқ (а). Ин китоб имлои Имом Ҷаъфари Содиқ (а) бар Муфаззал ибни Умари Ҷуъфии Куфӣ, яке аз ёрони саршиноси он ҳазрат мебошад. Имом Содиқ (а) ин китобро дар чаҳор ҷаласа ва дар чаҳор рӯз, аз субҳ то зуҳр, бар Муфаззал имло кардаанд. Он ҳазрат дар ин китоб бо баёни шигифтиҳои офариниш, ба исботи офаридгори ҳаким ва доно пардохтаанд.

Инак, тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал»:

Муфаззал ибни Умар гӯяд:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Поёни рӯз буд. Дар Равза, миёни қабр ва минбари Расули Худо (с) нишаста будам ва дар бораи шарофат ва фазилатҳои худододӣ ва бартарии ҷойгоҳи волои он ҳазрат (с), ки ҷумҳури уммат нисбат ба онҳо огоҳ набуданд, меандешидам.

Дар ин ҳол будам, ки ногоҳ Ибни Абилавҷоъ (яке аз мулҳидон ва мункирони вуҷуди Худо) ворид шуд ва дар ҷойе нишаст, ки метавонистам суханашро бишнавам. Онгоҳ яке аз ёронаш назди ӯ расид ва нишаст. Ибни Абилавҷоъ лаб ба сухан гушуд ва гуфт:

— Бешак, соҳиби ин қабр дар тамоми ҳолатҳояш ба мунтаҳои дараҷаи камол, шарофат ва азамат расида буд.

Ёраш гуфт:

— Ӯ доное буд, ки иддаъои мартабае бас азим ва манзилате бас бузург кард ва бар ин иддаъои худ мӯъҷизаҳое овард, ки ақлҳоро мағлуб ва фаҳмҳоро нотавон ва саргашта намуд. Хирадпешагон барои дарки ҳақиқати онҳо дар дарёи хурӯшони андеша фурӯ рафтанд ва саргашта ва ноком ва тиҳидаст бозомаданд. Онгоҳ, ки андешамандон ва фасеҳон ва хатибон даъваташро ба ҷон пазируфтанд, мардум дигар гурӯҳ-гурӯҳ ба динаш даромаданд. Номи ӯ бо номи Худой қарин гашт ва рӯзона панҷ бор дар азон ва иқома ин фарёд аз азонгоҳи ибодатгоҳҳо ва ҳар ҷойе, ки даъвати ӯ бад-он ҷо роҳ ёфтааст, дар дашту саҳро ва кӯҳу дарё ба ҳаво хост, то ҳар соат ёдаш тоза монад ва рисолаташ ба хамӯшӣ нагарояд.

Ибни Абилавҷоъ гуфт:

— Сухан аз Муҳаммад (с)-ро бигузор ва бигузар, ки ақли ман дар бораи ӯ саргашта ва андешаам дар кори ӯ гумроҳ ва баста аст. Дар бораи розу решаи кори ӯ сухан бигӯ, ки мардум бад-он сабаб онро мепӯянд.

Сипас (Ибни Абилавҷоъ) ба гунае ба оғози падид омадани ашёъ пардохт, ки ҳеҷ пардозиш, тадбир ва тақдире набуда ва офариниш созанда ва тадбиргаре надорад, балки ҳама чиз худ ба худ ва бидуни тадбири мудаббире падид омада ва дунё ҳамеша чунин буда ва чунин хоҳад буд.

Гуфтугӯи Муфаззал ва Ибни Абилавҷоъ

Муфаззал мегӯяд: (Бо шунидани ин суханони нораво) чунон ба хашму ғазаб омадам, ки ъинон аз кафам берун рафт ва (хитоб ба ӯ) гуфтам:

— Эй душмани Худо! Дар дини Худоят илҳод меварзӣ ва Худовандеро, ки ба некӯтарин сурат ва комилтарин офариниш падидат овард ва туро то бад-ин ҷо расонида, инкор мекунӣ?! Агар дар даруни хеш нек андеша кунӣ ва ҳисси латифи ту дар хато наяфтад, ҳар ойина далелҳо ва бурҳонҳои рубубият ва осори санъати созандаро дар вуҷудат нуҳуфта ва нишонаҳо ва далоили Ӯ — Ҷалла ва Ъало — ро дар офаринишат равшан меёбӣ.

Ибни Абилавҷоъ (пас аз шунидани оҳанги тунди суханони Муфаззал) гуфт:

— Эй мард! Агар аз мутакаллимонӣ (яъне агар аз уламои дониши тавҳид ва ақоид ҳастӣ), бо ту сухан мегӯем. Онгоҳ, дар сурате ки (бар мо пирӯз шудӣ ва) ҳақро назди ту ёфтем, аз ту пайравӣ хоҳем кард, аммо агар аз инон нестӣ, ҳеҷ сухан магӯй.

Агар аз ёрон ва асҳоби (Имом) Ҷаъфари Содиқ (а) ҳастӣ, бидон, ки ӯ бо мо ин гуна сухан намегӯяд ва ҳамонанди ту бо мо муҷодила намекунад. Ӯ беш аз он чӣ ту аз мо шунидӣ, аз мо шунида, аммо ҳеҷ гоҳ суханро бо фуҳшу дашном олуда нанамудааст. Ӯ ҳамвора дар суханони худ шикебо, бовиқор, андешагар ва устувор буда ва ҳеҷ замоне ба сутуҳ намеомад ва хулқаш танг намегашт ва барнамеошуфт. Ибтидо нек ба суханони мо гӯш фаро медиҳад, мекӯшад, ки далели моро ба дурустӣ дарёбад, мо низ ҳама чизи худро ба миён меоварем. Ҳангоме ки (суханони мо тамом мешавад ва) мепиндорем ӯро маҳкум кардем (ва бар ӯ пирӯз шудем), ногоҳ бо сухане кӯтоҳ ва андак, (бар мо ғолиб меояд), далеламонро мешиканад ва моро таслими далели худ мекунад, ба гунае ки ҳеҷ посухе дар ҷавоб ба далоилаш намеёбем. Ҳол, агар аз ёрони ӯйӣ, ту низ бо мо чун ӯ сухан бигӯ.

Сабаби имлои китоб бар Муфаззал

Муфаззал мегӯяд: дар ҳоле ки аз ин суханон андӯҳгин ва дар ин андеша будам, ки чӣ гуна Ислом ва мусалмонон дучори инкори ин гурӯҳ шудаанд, аз масҷид берун омадам. Ба назди мавлоям (Имом Содиқ) рафтам. Он ҳазрат маро шикастадил ва нигарон дид. Фармуд: чӣ шудааст? Ман низ тамоми суханонеро, ки аз он гурӯҳи даҳрӣ шунида будам ва ҳам суханони худро бозгӯ кардам.

Маҷлиси аввал

Имом фармуд: бомдодон ба назди ман ой, то ҳикмати Худой — Ҷалла ва Ъало — дар офариниши ҷаҳон, дарандагон, чаҳорпоён, парандагон, ҳашарот ва ҷонварони дигар чун ҳайвонот, гиёҳон, дарахтони мевадор ва бемева ва сабзиҳои хӯрданӣ ва нохӯрданиро чунон бароят баён кунам, ки шоистагон аз он ибрат гиранд, мӯъминон бо шинохти он ором гарданд ва мулҳидон ва инкоркунандагон дар он саргашта шаванд.

Муфаззал мегӯяд: хурсанд ва шодмон аз назди он ҳазрат (а) хориҷ шудам. Он шаб ба хотири ваъдаи Имом (а) ва интизори он, бар ман дер гузашт.

Бомдодон ба назди мавлоям шитофтам, иҷозаи вуруд ёфтам. Дар баробараш (аз сари адаб) истодам. Фармуд: биншин. Онгоҳ ба утоқе рафт, ки дар он хилват мекард. Ман низ бо хостани ӯ бапо хостам. Фармуд: дар пайи ман биё. Ба дунболи он ҳазрат рафтам. Ба утоқ ворид шуд ва ман низ пушти сари ӯ ворид шудам. Имом (а) нишаст ва ман ҳам дар баробараш нишастам. Фармуд:

— Эй Муфаззал! Медонам, ба хотири шиддати интизор барои он чӣ ки ваъдаат додам, дишаб бар ту ба дарозо кашид.

Гуфтам:

Оре, ин гуна буд, мавлоям!

Фармуд:

— Эй Муфаззал! Худованд ҳамеша будааст бе он ки пеш аз Ӯ чизе бошад ва ҳамеша боқӣ хоҳад буд бе он ки поёне дошта бошад…

Эй Муфаззал! Дудилон (шаккокон) асбоб ва маъноҳои офаринишро дарнаёфтанд ва онгоҳ ки андешаҳои онон аз дарки ҳикмати офаридагони Борӣ — Ъазза ва Ҷалла – дармонд, бо ночизии дониши худ ҳама чизро инкор карданд ва бо заъфи басирати худ ба такзиб ва ъинод паноҳ бурданд. Онон офариниши ашёъро инкор намуданд ва муддаъӣ шуданд, ки ҳеҷ санъат, тадбир ва тақдире дар офариниши ашёъ нест ва ҳикмати ҳеҷ мудаббир ва сонеъе (созандае) дар кори хилқат вуҷуд надорад. Бешак, Худованд аз он чӣ пиндоранд бартар аст!.. Аз ҳақиқат ба кадом сӯй мегурезанд?

Инон, дар гумроҳӣ ва тирабахтӣ ва саргардонӣ, ба кӯроне мемонанд, ки бар саройе медароянд; саройе дар ниҳояти истеҳком ва зебоӣ ба гунае ки дар он ҷо беҳтарин ва фохиртарини фаршҳо густаронда шуда, ҳама навъ хӯрданӣ, нӯшиданӣ, пӯшиданӣ ва ҳар ниёзи дигарашон фароҳам омада. Дар он ҷо ҳар чизе аз сари ҳикмат ва тақдир, бар ҷойи шоистаи худ аст. Аммо ин кӯрҳо аз ин сӯй ба он сӯй мераванд ва ҳама ҷойи он сароро ба зери по мениҳанд, вале ҳеҷ чизе намебинанд. На саройро мебинанд ва на он чиро, ки дар он муҳайёст. Балки чӣ басо (ба хотири кӯр будан) гоҳ пойи яке аз онон билағзад ва чизеро, ки ба он ниёзманданд ва дар ҷойи муносибаш қарор дода шуда — ва ӯ аз ҳикмати вуҷуди он огоҳ нест — аз миён бибарад ва ӯ низ ба хашму ғазаб ояд ва сарой ва соҳиби онро накӯҳиш кунад. Ҳоли ин гурӯҳ, ки ҳикмат ва тадбирро дар кори офариниш инкор мекунанд, ҳамин гуна аст.

Аз он ҷо, ки андешаҳои инон аз дарки асбоб ва иллатҳои офариниши ашёъ ноком монд, дар ин ҷаҳон чунон саргашта шуданд, ки итқон, устуворӣ, ҳусни тадбир, шаклдиҳӣ ва ҳайъатофаринии некӯи онро (ба дасти як ҳаким ва офаринанда) дарнаёфтанд. Чӣ басо касе аз ин гурӯҳ ба хотири адами огоҳӣ ба сабаб ва ҳикмати офариниши як чиз, ба накӯҳиш ва инкор ва лағзиши он бипардозад. Монанди кори гумроҳоне чун «Монӣ» ва асҳоби кофири ӯ ва мулҳидони фоҷир ва фосиқ ва хориҷ аз дин. Касоне, ки бо суханони маҳол ва дурӯғин, худро саргарм карданд. (Ва аз итоати парвардигорашон сарбоз заданд).

Бинобар ин, бар касе ки Худованд Ҷалла ва Ъало неъмати шинохт ва ҳидоят ва биниш ба ӯ дода ва муваффақаш намуда, ки дар кори офариниш жарф биандешад ва бо бурҳони қотеъ бар вуҷуди сонеъи (созандаи) ҳастӣ, лутфи тадбир ва ҳусни таъбирро дарёбад, лозим аст, ки пайваста мавлои худро ба хотири ин неъмати азим сипос гӯяд ва аз Ӯ бихоҳад, ки дар ин тариқ собитқадам монад ва неъматаш фузунӣ ёбад. Худованд Ҷалла ва Ъало фармудааст: «Агар сипос гӯед, неъмататонро биафзойем ва агар куфр варзидед, бешак азобам сахт аст.» (Иброҳим/7)

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: